Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Кам онварӣ


Кам онварӣ



Камонварӣ, яке аз навъҳои машҳури бозии суннативу варзишии миллии тоҷикӣ буда, таърихи қадимӣ дорад ва маъмулан, дар Наврӯз барпо мегардад. Афзори асосии ин навъи варзишӣ камон мебошад, ки онро аз чӯби хамидаи абрӯшакл ва зеҳ месохтанд. Чӯби хамидаро аз дарахтони зарбед, бед, санҷид ва газ сохта, ду нӯги онро бо устухон ё филизоти ранга оро медоданд.

Зеҳи камонро аз ресмони абрешимӣ, рӯда ё пайи ҳайвонҳои хонагӣ метофтанд. Камонварӣ дар гузашта яке аз намудҳои асосии варзишии наврӯзӣ буд. Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз камонварон мусобиқаҳо ташкил намуда, нишонаҳои гуногунро аз масофаи дур ҳадафи тир қарор медоданд. Дар байни тоҷикон ду намуди камонварӣ маъмул буд: камонварии пиёда ва камонварии савора. Шахсоне, ки ба камонварии пиёда машғул мешуданд, аз камони бузургтар истифода бурда, ҳангоми тирандозӣ зонуи худро ба замин такя дода, тирро ба нишон мерасониданд. Ин навъи камонвариро зарбузӣ меномиданд.

Тири камонварии пиёда дарозтар буд. Камонварони моҳир аз масофаи 200 қадам ба ҳадафе, ки баробари чашми гов буд, бехато тирро мерасонданд. Камонварии савораро “сараспа” мегуфтанд. Камонварон дар болои асп нишаста, дар дави асп ба нишона аз камон тир холӣ мекарданд.


http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода