Дар як сатр
» » «Корвони маърифат» ба Шаҳритуз расид

«Корвони маърифат» ба Шаҳритуз расид

19-04-2017, 09:00

«Корвони маърифат» ба Шаҳритуз расид

Ҳадаф аз баргузории чорабинии маърифатӣ-иттилоотии «Корвони маърифат», пеш аз ҳама, мусоидат намудан ба маълумотнокии бештари мардум аст. Масъулини соҳаи идеологӣ ба ноҳияи Шаҳритуз сафарбар шуданд, ки ҳар чи бештар масъалаи дастрасӣ ба иттилоотро дар миёни ҷомеа зиёдтар мекунад.

Сокинони ноҳияи Шаҳритуз ба қабулу истиқболи аъзои гурӯҳи “Корвони маърифат” омодагии комил дида буданд. Дар ҳар қадам шиору навиштаҷот доир ба ваҳдати миллӣ, якпорчагии Тоҷикистони азиз ва дӯстии байни халқҳо, ҳам дар маркази ноҳия ва ҳам дар ҷамоатҳои деҳоти он ба назар мерасид.

«Корвони маърифат» ба Шаҳритуз расид

Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Х. Холматови ноҳияи Шаҳритуз оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мулоқот бо иштироки сокинони деҳот баргузор гардид, ки дар он доир ба мубориза бар зидди ҷиноятҳои терроризму экстремизм, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ ва оқибатҳои ногувори он маълумот доданд.

«Корвони маърифат» ба Шаҳритуз расид

Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳритуз маҳфили «Оилаи ман - ифтихори ман»-ро доир намуд, ки дар он аз қисматҳои намоиши таомҳои миллӣ ва ба маърази тамошо гузоштани ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили қолинбофӣ, бофандагӣ иборат буд. Дар маҳфил аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оилаҳои рӯзгордидаю обрӯманд ва фарзандони солеҳу соҳибмаълумотдошта, инчунин, оилаҳои ҷавон ширкат варзиданд. Дар маҳфили навбатӣ оилаҳои намунавӣ даъват шуда буданд. Онҳо аз таҷрибаи зиндагии оилавии то 45-солаи хеш ба оилаҳои ҷавон нақлҳо карданд. Дар ин мулоқоти судманд муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода зикр намуд, ки маҳфили «Оилаи ман - ифтихори ман» дар самти боло бурдани маърифати оиладорӣ, тарбияи дурусти фарзандон, таъмини пойдории оила, баланд бардоштани нақш ва мақоми оила дар ҷомеа аҳамияти бузург дорад.

«Корвони маърифат» ба Шаҳритуз расид

Дар ин замина, мулоқоти адибон, шоирон бо аҳолӣ дар Ҷамоати деҳоти Обшорон ҳамовозии зиёд пайдо намуда, хотири мардуми ноҳияи Шаҳритузро шод гардонид. Шоирон аз ашъори тозаэҷоди худ дар васфи Ватан, Тоҷикистон, рамзҳои давлатӣ, ишқи поки ҷавонӣ намунаҳо қироат намуданд.

Намоиши ҳунармандони вилоят бо саҳначаҳои пурмазмун дар толори Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назаров ҳунарнамоӣ карданд.

«Корвони маърифат» ба Шаҳритуз расид

Боиси зикр аст, ки дар ҳайати «Корвони маърифат» кормандони Раёсати тандурустии вилоят ҳузур доштанд ва ба аҳолии Ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳия ба 702 нафар хизмати тиббӣ расониданд.

Дар баробари ин, аз тарафи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят 3700 нусха варақаи иттилоотӣ баҳри тарғиби Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим гардид. Дар майдони марказии ноҳия мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ доир гардида, ба варзишгарони ноҳия туҳфаҳо супорида шуд.

Дар ҷамъомади ҷамъбастӣ, ки дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш баргузор гардид, муовини раиси вилоят Хидирзода Махфират суханронӣ намуд. Сипас, роҳбарони гурӯҳҳои кории «Корвони маърифат» доир ба фаъолияти гурӯҳҳо дар ҳудуди ноҳия ибрози назар намуданд.

«Корвони маърифат» ба Шаҳритуз расид

Пас аз анҷоми чорабинии мазкур мо тасмим гирифтем, ки бо сокинони гуногунсолу гуногунпешаи ноҳияи Шаҳритуз ҳамсуҳбат гардида, андешаҳояшонро атрофи сафари «Корвони маърифат» пурсон гаштем.

Зулфияхон Имомова, хонандаи синфи 11 аз деҳаи Сомониён:

- Бисёр хушнудам, ки бо иқдому дастгирии раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода чунин вохӯриҳои судманд дар маҳалҳо сурат мегиранд. Аз ин мулоқот як ҷаҳон маънӣ дарёфтем ва кӯшиш менамоем, ки баҳри дар амал татбиқ гардидани ҳадафу мақсади Роҳбари давлат, ки ин ҳам таъмини зиндагии шоиста ба ҳар як шаҳрванди Ватани азизамон аст, азму талош варзем. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар ҳаққи мо - ҷавонон ғамхориҳои беназир зоҳир менамоянд, ташаббусу хостаҳои мо аз ҷониби Роҳбари давлат дастгирӣ меёбанд.

Аз ин лиҳоз, ҳифзи дастовард-ҳои истиқлолият, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ вазифаи ҷонии мо-ҷавонон ба шумор меравад. Ба ҳайси як нафар ҷавондухтари ватандӯст таъкид медорам, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар пешрафти ҷомеаи ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзандаи хешро мегузорам.

Сайдалиева Гулнора, директори МТМУ №3:

- Воқеан ташкили чорабиниҳои «Корвони маърифат» дар ҳудуди ноҳияи Шаҳритуз аз манфиат орӣ нест. Зеро дар ин корвон мо шоҳиди мулоқотҳои судманд, чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ, ҳуқуқӣ гаштем. Муҳим аз ҳама, аз ин мулоқоту суҳбатҳои самимӣ мо бори дигар ба таърихи начандон дури Ватани азиз, ҷанги таҳмилӣ, пайомадҳои ногувори он назар андохтем ва Тоҷикистони 25 сол қаблро, ки аз ҳар гӯша садои тиру нолаю шевани модари фарзандгумкарда ба гӯш мерасиду алангаи оташи ҷанги таҳмилӣ ба фалак мепечид, ба имрӯзи Ватани азизамон- Тоҷикистони ободу озод қиёс намуда, шукргузорӣ аз Яздони пок ва сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорем.

Зеро маҳз тавассути азму талош, сиёсати некандешонаю сулҳу ваҳдатхоҳонаи Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Ваҳдати миллӣ расидем.

Мо - омӯзгорон, умуман кормандони риштаи маориф, бояд баҳри омода намудани кадрҳои баландихтисос, донандаи фанҳои дақиқ, техника ва технологияи муосир ва забонҳои хориҷӣ пайваста талош варзем.

Бурӣ Баротов, сокини деҳаи Ташоқ:

- Аз мулоқоти судманди гурӯҳи кории «Корвони маърифат» баръало эҳсос намудем, ки мо волидайн баҳри татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бояд ҳамеша кӯшиш намоем. Зеро фарзандони мо агар дар як шабонарӯз шаш соат дар мактабу муассисаҳои таълимӣ бошанд, боқӣ ҳама вақт назди волидайн қарор доранд.

«Корвони маърифат» ба Шаҳритуз расид

Аз ин лиҳоз, бепарвоӣ нисбати таълиму тарбияи фарзанд ба оқибатҳои ногувор бурда мерасонад. Вазъи имрӯзи ҷаҳон, ҳодисаҳои давлатҳои муқтадир гувоҳи ҳоли ин бетарафию нофаҳмиҳост. Мо-волидон аз авзои имрӯзаи ҷаҳон бояд сабақ гирему фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, ҳисси баланди миллӣ тарбия намоем. Кӯшиш ба харҷ диҳем, ки онҳоро чун ворисони арзандаи соҳибистиқлол ба воя расонем. Зеро ояндаи дурахшони Ватан ба онҳо вобастагии зич дорад, чун онҳо чӣ қадар хуштарбияву боилму маърифат бошанд, ҳамон қадар ҷомеа рушду тараққӣ меёбад.

Ҳисомиддин Муродов, сархатиби ноҳияи Шаҳритуз:

- Шукргузор аз Ваҳдати миллӣ, аз сиёсати ободгаронаи Роҳбари давлат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастам. Зеро имрӯз барои сокинони ноҳияи мо низ чун тамоми шаҳрвандон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии виҷдону озодандеширо таъмин намуд. Имрӯз дар ноҳияи Шаҳритуз 48 масҷид фаъолият дорад. Касе садди роҳи намозгузорон нест. Ба андешаи ман, бояд мо намозгузорон ҳамеша сипосгузор аз Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем, зеро ин марди нексиришт баҳри оромию сулҳу субот дар кишвар ва ободии ҳар як гӯшаи Тоҷикистони биҳиштосо заҳмат кашид.

«Корвони маърифат» ба Шаҳритуз расид

Имрӯз Тоҷикистонро беш аз 150 давлати ҷаҳон эътироф намудааст. Зеро Роҳбари оқилу хирадманди мо тавонист дар як муддати кутоҳ ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшад, сулҳро пойдору муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан бозгардонад ва муҳимтар аз ҳама, бо ташаббусҳои неку хайрхоҳонаашон ҷаҳониёнро ба ҳайрат гузорад. Зеро ҳамагон медонем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ақлу заковату бемисли Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масъалаҳои глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об шинохта шудааст. Ва ташаббуси чаҳоруми Президенти мамлакати мо даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2020» аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирии ҳамаҷониба ёфт.

ВАХШОНА,
Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Қубодиён. Пазироӣ аз «Корвони маърифат»

Қубодиён. Пазироӣ аз «Корвони маърифат»

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҷавонон ва варзиш, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Корвони маърифат

Корвони маърифат

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, Фарҳанг ва адабиёт, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
«Корвони маърифат»- ро Вахш истиқбол гирифт

«Корвони маърифат»- ро Вахш истиқбол гирифт

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Фарҳанг ва адабиёт, Тандурустӣ ва экология, КОМРОНИ БАХТИЁР
«Корвони маърифат» дар Бохтар

«Корвони маърифат» дар Бохтар

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
«Корвони маърифат» ба Хуросон омад

«Корвони маърифат» ба Хуросон омад

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Фарҳанг ва адабиёт, КОМРОНИ БАХТИЁР