Дар як сатр
» » “Маҳсулот фаровон ва нарх арзон мешавад”, - ваъда медиҳанд масъулони идораи кишоварзии вилоят

“Маҳсулот фаровон ва нарх арзон мешавад”, - ваъда медиҳанд масъулони идораи кишоварзии вилоят

19-04-2017, 09:19

“Маҳсулот фаровон ва нарх арзон мешавад”, - ваъда медиҳанд масъулони идораи кишоварзии вилоят


Мутахассисони Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон коҳиши нархи маводи озуқа, бахусус картошкаю пиёз дар бозорҳоро то охирҳои моҳи апрел пешбинӣ мекунанд. Пиёзкорони вилоят аллакай як миқдор пиёзи ба тозагӣ истеҳсолшударо вориди бозорҳо кардаанд.

Ба иттилои Равшан Қаландаров, муовини якуми сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, мавсими ҳосилғундорӣ аз майдонҳои кишти пиёз оғоз гардида, феълан пиёзи нави кишоварзони ноҳияи Ҷайҳунро дар бозорҳои маркази вилоят бо қимати 2,5-3 сомонӣ харидорӣ кардан мумкин аст.

- Муддате нархи картошка дар бозорҳо то 5 сомонӣ боло рафта буд, - гуфт Р. Қаландаров. – Бо афзоиш додани воридоти картошка аз вилояти Суғд ва ба фурӯш баровардани захираҳо нарх андак муътадил шуд ва то 3,5-4 сомонӣ поин рафт. Дар охирҳои моҳи апрел картошкаи нав ҳам ба бозор медарояд ва батадриҷ арзиши як килои он то 2-1 сомонӣ коҳиш хоҳад ёфт.

Ҳоло нархи як кило картошка дар бозори “Фаровон”-и шаҳри Қӯрғонтеппа 3,7-4 сомонӣ, пиёзи мавсими гузашта 4-4,5 сомонӣ, сабзӣ 2,2-2,5 сомонӣ арзиш дорад. Дар бозори “Ҳоҷӣ Шариф”-и маркази вилоят нархи ин навъи маҳсулот арзонтар будааст.

Қурбон Одинаев, муовини раиси Раёсати матлуботи вилояти Хатлон, дар суҳбат бо рӯзномаи “Хатлон” гуфт, ки яке аз сабабҳои асосии болоравии қимати картошкаю пиёз дар бозорҳои вилоят дар мавсими зимистону баҳор сардии ҳаво ва бориши ғайриинтизори барф, инчунин муддате баста шудани роҳу ағбаҳо то вилояти Суғду минтақаи Рашт мебошад. “Одатан, соҳибкорон барои таъмини бозорҳои маҳаллӣ картошкаро аз Масчоҳу Лахш ворид мекарданд, аммо ин мавсим барфи бис-ёр роҳҳоро баст ва имкони ҳамлу нақли мошинҳои борбарро дар он минтақаҳо бо мушкил мувоҷеҳ кард. Табиист, ки агар захираҳо тамом шудан гирад, нарх дар бозор боло меравад”, -зикр кард Қ. Одинаев.

Ба иттилои манбаъ, Раёсати матлуботи вилоят дар мавсими сармо 1055 тонна пиёз, 1012 тонна картошка, 81 тонна сабзӣ, беш аз 50 тонна каду ва дигар навъи маҳсулот, 3,5 тонна лӯбиёгӣ захира карда буд ва онҳоро барои муътадил нигоҳ доштани нарх дар бозорҳо ба фурӯш баровард.

Бо дарназардошти сармои шадиди имсола ва афтухези нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввалия, аз он ҷумла картошкаю пиёз, Раёсати матлуботи вилоят тасмим дорад, ки захираи ин навъи озуқаро барои мавсими ояндаи зимистону баҳор якуним баробар афзоиш диҳад. “Мо дорои сардхонаи нав шудем, ки имкони захира кардани то 10 тонна маҳсулот пайдо гардид. Дар он асосан пиёзу картошка ва дигар сабзавотро нигоҳдорӣ хоҳем кард”, - хабар дод Қурбон Одинаев, муовини раиси Раёсати матлуботи вилояти Хатлон.

“Маҳсулот фаровон ва нарх арзон мешавад”, - ваъда медиҳанд масъулони идораи кишоварзии вилоят

Дар ҳамин ҳол, аз Сарраёсати кишоварзии вилоят хабар доданд, ки то 17 апрел дурнамои кишти картошка дар Хатлон 82,4% иҷро гардидааст. Имсол дар назар аст, ки дар вилоят дар майдони 4200 гектар “нони дувум”, яъне картошка, кишт карда шавад. Вале кишти ин навъи маҳсулот дар навоҳии кӯҳӣ, аз он ҷумла Муъминобод, Ховалинг, Ш. Шоҳин, Балҷувон дертар шурӯъ гардида, ҳоло идома дорад. Танҳо дар Муъминобод кишти картошка дар майдони 700 гектар дар назар аст.

Аммо дурнамои кишти пиёз – сабзавоти муҳимми дигар дар вилоят 99,2% (то 17 апрел) таъмин шудааст. “То 17 апрел кишти сабзӣ 99%, карам 103,7%, помидор 62,5%, бодиринг 68% анҷом дода шудааст. Дар ин давра дар майдони 14059 гектар (89%) анвои гуногуни сабзавот кишта шудааст”, - хабар дод Равшан Қаландаров, муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят ва афзуд, ки дурнамои кишти ғалладонагӣ бошад, дар Хатлон 100,3%, ҷуворимакка барои дон 63%, ҷав 109%, зироатҳои полезӣ 68,1% иҷро гардидааст.

Ҳамагӣ кишт дар вилояти Хатлон, тибқи маълумоти охирин, то 17 апрел дар майдони 255 ҳазору 74 гектар сурат гирифтааст, ки ба 86,3 дарсади дурнамо баробар мебошад. Агарчи дар баъзе навоҳии гармтару иқлимаш мусоид кишти маҳсулот ба анҷом расидааст, кишоварзони ноҳияҳои баландкӯҳи Ховалинг, Ш. Шоҳин, Балҷувон, Муъминобод ҳанӯз андармони киштукоранд.

Дар Сарраёсати кишоварзии вилоят ҳамчунин иттилоъ доданд, ки пахтакорони шаҳри Сарбанд дурнамои кишти пахтаро ба анҷом расониданд. То 17 апрел маъракаи кишти “тилои сафед” дар ноҳияҳои Шаҳритӯс 86,5%, Фархор 83,7%, Қубодиён 83% ва Хуросон 80% иҷро гардида, дар вилоят то 17 апрел дар майдони 86589 гектар ин навъи зироат кишт шудааст, ки ба 72,2%-и дурнамо баробар аст.

Тибқи нақша, имсол дар вилоят дар майдони 120 ҳазор гектар чигити пахта бояд кишт шавад, ки назар ба соли 2016 қариб 5 ҳазор гектар бештар мебошад. Соли гузашта дар майдони зиёда аз 115 ҳазор гектар пахта кишт шуда, тибқи маълумоти оморӣ, беш аз 193 ҳазор тонна “тилои сафед” истеҳсол гардида буд.

Ба пахтакорони вилоят тавсияҳо дода шудааст, ки ҳангоми кишт ба навъ ва сифати пунбадона аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намоянд. Барои хуб нашъунамо ёфтани ниҳоли пахта корҳои агротехникӣ ва ғизодиҳӣ саривақт ва бо меъёри зарурӣ бояд иҷро карда шаванд. Танҳо дар ин ҳолат ҳосили фаровони пахта рӯёнидан мумкин аст.

Н. МАЪМУРЗОДА,
“Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Кишти пахтаву зироатҳои дигар бомаром ҷараён дорад

Кишти пахтаву зироатҳои дигар бомаром ҷараён дорад

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Дурнамо 98% иҷро шуд

Дурнамо 98% иҷро шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Идомаи кишти пахта дар Хатлон

Идомаи кишти пахта дар Хатлон

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Дурнамои чиниши пахта 31,9% иҷро шуд

Дурнамои чиниши пахта 31,9% иҷро шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ғалла 40% ҷамъ шуд

Ғалла 40% ҷамъ шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ