Дар як сатр
» » Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар семоҳаи якуми соли 2017

Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар семоҳаи якуми соли 2017

19-04-2017, 09:02

Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар семоҳаи якуми соли 2017

Ҷамъбасти таҳлили фаъолияти хоҷагии халқи вилояти Хатлон дар семоҳаи якуми соли 2017 нишон дод, ки дар коллективҳои меҳнатӣ ва соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ пешравиҳо ба амал омадаанд.

Мувофиқи маълумоти Сарраёсати молияи вилояти Хатлон, дар семоҳаи якуми соли 2017 даромади буҷети вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 млн. 824 ҳазору 200 сомонӣ зиёд шуда, 331 млн. 4 ҳазору 400 сомониро ташкил кардааст.

Хароҷоти буҷаи вилоят дар ин давра 91,5 фоизи нақшаро ташкил дод, ки ба 315 млн. 112 ҳазор сомонӣ баробар аст.

Аз рӯйи нишондиҳандаҳои оморӣ маълум шуд, ки истеҳсоли маҳсулотҳои саноатӣ 1 млрд. 288 млн. 688 ҳазору 900 сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 110,4 фоиз мебошад.

Дар саноати истихроҷи маъдан дар семоҳаи якуми соли 2017 ба маблағи 23 млн. 643 ҳазору 900 сомонӣ маҳсулот бароварда шудааст. Индекси маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 52,2 фоиз кам, аз он ҷумла оид ба истихроҷи маводҳои энергетикӣ 94,8 фоиз, ғайриэнергетикӣ 48,5 фоизро ташкил дод.

Ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард дар семоҳаи якуми соли 2017-ум 513 млн. 987 ҳазору 600 сомониро ташкил кард, ки аз он маҳсулоти хӯрокворӣ, якҷоя бо нӯшокиҳо ва тамоку 165 млн. 532 ҳазору 700 сомонӣ, истеҳсолоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ 89 млн. 494 ҳазор сомонӣ, истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ 1 млн. 752 ҳазору 900 сомонӣ, истеҳсоли ҳар гуна маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ 174 млн. 413 ҳазору 900 сомонӣ мебошад. Индекси истеҳсолоти саноатӣ умуман ба соҳаи коркард нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 111,7 фоиз мебошад.

Ҳаҷми истеҳсол ва тақсимоти неруи барқ, газ ва об дар семоҳаи якуми соли 2017 751 млн. 57 ҳазору 400 сомонӣ, бо индекси истеҳсолоти саноатӣ 112,5 фоизро ташкил дод.

Сармоягузорӣ дар сохтмони асосӣ. Дар семоҳаи якуми соли 2017 инвеститсияи сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоядиҳӣ ба маблағи 278 млн. 156 ҳазор сомонӣ истифода карда шудааст (бо нархҳои муқоисавӣ), ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,4 фоиз зиёд мебошад.

Ба кор андохта шудани фондҳои асосӣ. Дар семоҳаи якуми соли 2017 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ фондҳои асосӣ ба маблағи 194 млн. 955 ҳазору 400 сомонӣ ё ба андозаи 70,1 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузории вилоятӣ иҷро гардидааст.

Сохтмони объектҳои соҳаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ. Дар семоҳаи якуми соли 2017 барои инкишофи соҳаи иҷтимоӣ ба маблағӣ 177 млн. 108 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро гардидаанд, ки ин 63,7 фоизи ҳаҷми умумии маблағгузории вилоятиро ташкил медиҳад (бо нархҳои аслии ҷорӣ).

Сохтмони мактабҳои маълумоти умумӣ. Дар семоҳаи якуми соли 2017 барои 3 ҳазору 327 ҷойи талаба мактаб сохта ба истифода дода шудааст.

Сохтмони манзил. Дар семоҳаи якуми соли 2017 ба масоҳати умумии 64 ҳазору 718 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 ҳазору 670 метри мураббаъ зиёд мебошад.

Ҳаҷми корҳои пудратии аз тарафи ташкилотҳои сохтмонӣ дар семоҳаи якуми соли 2017 ба сомон расонидашуда, дар ҳамаи шаклҳои моликият бо қувваи худӣ ба маблағи 85 млн. 287 ҳазору 700 сомонӣ кам мебошад.

Аз ҳаҷми умумии корҳои пудратӣ 3,4 фоизашро ташкилотҳои давлатӣ иҷро кардаанд. Дигар ташкилотҳо корҳои пудратиро ба маблағи 82 млн. 415 ҳазору 400 сомонӣ ба анҷом расонидаанд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Рӯ ҷониби тараққиёт

Рӯ ҷониби тараққиёт

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Афзоиши ҳаҷми гардиши моли чакана дар вилоят

Афзоиши ҳаҷми гардиши моли чакана дар вилоят

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ – наздики ду миллиард сомонӣ

Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ – наздики ду миллиард сомонӣ

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Истеҳсолот афзун, аммо қонеъкунанда нест

Истеҳсолот афзун, аммо қонеъкунанда нест

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
26,3% афзудани маоши миёна дар Хатлон

26,3% афзудани маоши миёна дар Хатлон

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА