Дар як сатр
» » Тасмими таъсиси Ҷоизаи Президент барои варзишгарон

Тасмими таъсиси Ҷоизаи Президент барои варзишгарон

10-01-2015, 12:00

Тасмими таъсиси Ҷоизаи Президент барои варзишгаронЭмомалӣ Раҳмон 9 январ фармонеро оид ба таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ имзо кард.

Ба иттилои хадамоти матбуотии Президенти кишвар, ҳадафи судури ин фармон ҳавасманд намудани ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва дар ин робита баланд бардоштани сатҳи иштироки варзишгарони кишвар дар ин мусобиқаҳо мебошад.

Дар банди дуюми фармони мазкур зикр шудааст, ки маблағгузории Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии Роҳбари давлат амалӣ карда шавад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур додаст, ки дар муҳлати 2 моҳ Низомнома ва ҳайати Комиссияи мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзиширо таҳия ва тасдиқ намояд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

154 медали варзишгарони Хатлон дар 3 моҳ

154 медали варзишгарони Хатлон дар 3 моҳ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Таъсиси ҷоизаи раиси вилоят

Таъсиси ҷоизаи раиси вилоят

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
14 дастаи РХДО қувваозмоӣ намуданд

14 дастаи РХДО қувваозмоӣ намуданд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Фармони Президент оид ба «Соли оила»

Фармони Президент оид ба «Соли оила»

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Варзишгарони Хатлон: «Барои Ҷоизаи Президент талош мекунем»

Варзишгарони Хатлон: «Барои Ҷоизаи Президент талош мекунем»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш