Дар як сатр
» » Амнияти миллӣ ва мафкураи миллӣ

Амнияти миллӣ ва мафкураи миллӣ

18-04-2017, 09:10

Амнияти миллӣ ва мафкураи миллӣ

Рисолаи раиси Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Ятимов "Идеология ва манфиати миллӣ" ва тақризи Аълочии маорифи Тоҷикистон, мудири шуъбаи марифи ноҳияи Ҳисор Назрӣ Асадзода "Пойдории миллат аз рушди маънавиёт ва мафкураи миллист"диққати маро ба худ ҷалб намуданд. Дар ин мақолаҳо, воқеан масъалаҳои ниҳоят ҳаётии пойдории давлату миллат ба миён гузошта шудааст. Махсусан, аз тарафи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба миён гузоштани ҳалли фаврии муайян намудани мафкурае, ки бо тамоми ҳастӣ, қувва, ақлу хирад ва дилу ҷон манфиатҳои миллиро ҳимоя намояд, зарур аст.

Чуноне ки ИМА дар Ироқ, Афғонистон, Эрон ва дигар кишварҳои ҷаҳон манфиатҳои худро меҷӯяд, ба ҳама давлат, алалхусус, ҷумҳурии ҷавони соҳибистиқлоли моро низ зарур аст, ки манфиати миллии хешро сарфи назар аз синну сол, вазифа, касбу кор ҳимоя намояд. Аз ин лиҳоз, ман таклиф менамоям, дар сатҳи давлатӣ аз ҳисоби файласуфҳо, равоншиносон, ҳуқуқдонҳо комиссияи босалоҳият ташкил карда шавад. Аъзои комиссия ин мақоларо муҳокима намуда, дар асоси он барномаи махсуси таълимӣ ва тарбиявиро барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот оид ба "Идеология ва манфиати миллӣ" тарҳрезӣ намоянд. Гумон мекунам, барои миллати мо, ки 1100 сол дар зери таъсири сиёсиву мафкуравии бегонагон будем, дарки манфиати миллӣ зарур аст. Зеро ҳар як миллати соҳибдавлат барои манфиати давлат ва миллати худ талош менамояд.

Маҳз ҳамин ноогаҳии миллӣ моро ба ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор намуд. Аммо як чиз мусаллам аст, ки агар шахсияте монанди муҳтарам Ятимов С. 25-30 сол қабл чунин огоҳномаеро пешниҳод менамуд, эҳтимол, маҷрои селоби солҳои 1992-1997 тағйир меёфт. Ҳоло ҳам рисолаи "Идеология ва манфиати миллӣ" огоҳномаи ҷиддие мебошад ва ҳар як тоҷик бояд фикри худро оид ба он баён намуда, барои таълиму тарбияи илмии ҳар як фарди Тоҷикистон ҷаҳду талош варзад.

Бояд қайд кард, ки оид ба идеология ва манфиати миллӣ як қатор сиёсатшиносон фикрҳои ҷолиб баён намудаанд. Аз ҷумла, тарбияи ҳиссиёти миллӣ, фарҳанги миллӣ, номуси миллӣ, ифтихори миллӣ ва тарғиби либоси миллӣ, забони миллӣ, таъриху адабиёти миллӣ барин унсурҳои тақвиятдиҳандаи маънавиёти миллӣ ва ғайра зиёданд.

Фикр мекунам, ки дар асоси мақолаи мазкур тамоми сис-темаи идоракунии давлатӣ ва ҷобаҷогузории кадрҳоро аз нав тарҳрезӣ кардан лозим аст. Инчунин, дар системаи таълиму тарбия низ дигаргунии ҷиддӣ бояд андешид. Ба барномаҳои таълимӣ тағйирот ворид намудан зарур аст. Хусусан, ба омӯзиши Конститутсия ва таърихи халқи тоҷик диққати асосӣ бояд дод. Дар яке аз баромадҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле возеҳу равшан ва воқеъбинона қайд намудаанд: "Пас, ҳар фард бе омӯзиши таърихи кишвари худ аслу насаб ва маърифати бумиву зотиашро пойдору бегазанд нигоҳ дошта наметавонад, аз решаи худ дур ё канда шуда, ба вартаи гумномӣ ва фано қадам мениҳад ва ба таъбири имрӯзиён, манқурт мешавад".

Ин андешаи Пешвои миллат бояд барои муллифони китобҳои намояндагони васоити ахбори омма, омӯзгорону кормандони соҳаи илму маориф дастури асосӣ бошад. Кам шудани соатҳои дарси таърихро, ки дар як ҳафта 1 соат мебошад, намефаҳмам. Акнун худ қазоват кунед, вақте ки хонанда ё донишҷӯ ва ё роҳбари корхона аз таърихи кишвари худ хуб огаҳ нест, чӣ тавр манфиати миллии ин кишварро ҳимоя карда метавонад.

Бинобар ин, зарур аст, ки дар асоси пешниҳодҳои Ятимов роҳу усулҳои ташвиқу тарғиби идеологиро тавре ба роҳ мондан лозим аст, ки арзишҳои миллӣ барои миллат, ҳақиқатан, арзишманд гарданд.

Акнун вақти он расидааст, ки камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф карда, баҳри пойдории давлати миллӣ ва манфиати миллиамон содиқона хизмат намоем, то ҷанги бемаънии бародаркушии солҳои 1992-1997 дигар такрор нагардад.

А. ХУМОРОВ,
муаллими мактаби
таҳсилоти миёнаи умумии
№7-и ноҳияи Вахш



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Роҳнамо ва оинаи зиндагии ҷавонон

Роҳнамо ва оинаи зиндагии ҷавонон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Худшиносу ҳомии ватан бошем

Худшиносу ҳомии ватан бошем

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Фарзанди фарзонаи миллат

Фарзанди фарзонаи миллат

Сиёсат, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Ҷавонон ва мафкураву манофеи миллӣ

Ҷавонон ва мафкураву манофеи миллӣ

Сиёсат, Маориф ва илм
Ваҳдати миллиро чун дастоварди миллӣ пос дорем

Ваҳдати миллиро чун дастоварди миллӣ пос дорем

Сиёсат, Хабарҳо