Дар як сатр
» » Ироаи кумак ба Шуғнон

Ироаи кумак ба Шуғнон

18-04-2017, 09:29

Ироаи кумак ба Шуғнон


Бо ибтикори раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҷиҳати пешгирии талафёбии чорво барои сокинони деҳоти дурдасти Шуғнони ВМКБ, ки аз тӯлонӣ омадани зимистони имсола захираи хӯроки чорворо ба охир расонданд, аз ноҳияҳои Ёвону Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ему алаф фиристода шуд.

Ёдовар мешавем, ки охири моҳи март ва аввали моҳи апрел ярчу сел ва лағжиши кӯҳпора ба хоҷагии халқи ВМКБ хисороти ҷиддӣ расонд. Дар Тем, Бизмич ва маҳаллаҳои дигари шаҳри Хоруғ чанд хонаи истиқоматӣ, мошинсаройи хоҷагии ҷангал ва коргоҳи дуредгарӣ қисман хароб гардида, беш аз 40 оила муваққатан ба ҷойҳои бехавф кӯчонда шуд. Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, сокинони водии Бартанги ноҳияи Рӯшон ва деҳоти дурдасти ноҳияи Шуғнон бо маводи озуқаворӣ ва дигар маводи зарурӣ таъмин гардиданд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Зиёни сел ба хоҷагии халқи Темурмалик

Зиёни сел ба хоҷагии халқи Темурмалик

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Баррасии нақши ВАО дар таҳкими ваҳдати миллӣ

Баррасии нақши ВАО дар таҳкими ваҳдати миллӣ

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Корвони саломатӣ» ба деҳоти дурдасти Хатлон расид

«Корвони саломатӣ» ба деҳоти дурдасти Хатлон расид

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ҳунармандон ҳамнафаси мардуми офатзадаанд

Ҳунармандон ҳамнафаси мардуми офатзадаанд

Фарҳанг ва адабиёт, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо
Коргоҳи нав дар Сайроб

Коргоҳи нав дар Сайроб

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА