Дар як сатр
» » Мақбараи Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ (Зарробӣ)

Мақбараи Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ (Зарробӣ)

17-04-2017, 09:30

Мақбараи Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ (Зарробӣ)


Ноҳияи Балҷувон на танҳо бо шаршараи овозадори Сари Хосор, балки бо чандин мавзеи таърихиву зиёратӣ ва табиати басо зебою нотакрораш таваҷҷуҳи зиёди сайёҳҳонро ҷалб намудааст.

Яке аз чунин мавзеъҳои тамошобоб мақбараи Шайх Неъматуллоҳи Валӣ (Зарробӣ)-ст, ки дар маркази ноҳия ҷойгир мебошад. Шайх Неъматуллоҳи Кирмонӣ дар ҷаҳони илму маърифат бо номҳои Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ, Шайх Сайидшоҳ Неъматуллоҳи Кирмонӣ ва Шоҳ Неъматуллоҳи Зарробӣ маълуму машҳур аст. Ному насаби пурраи олим, шоир ва мутафаккир Сайид Нуриддин Неъматуллоҳ ибни Абдуллоҳ буда, яке аз барҷастатарин чеҳраҳои рӯҳонияти ислом мебошад. Аксари муҳаққиқони ватанию хориҷӣ санаи валодати ӯро тақрибан соли 1329 ба қалам додаанд.

Дар аксари манбаъҳо омадааст, ки ин алломаи улуми қуръонӣ ва пешвои ҷамоаи бонуфуз 103 сол умр дида, соли 1431-и мелодӣ аз олам даргузаштаст.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Мазори Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ

Мазори Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ

Туризм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Марҳамат, ба Хатлони бостон!

Марҳамат, ба Хатлони бостон!

Хабарҳо, Туризм, Матолиби чандрасонаӣ
Балҷувон минтақаи туризми байналмилалист

Балҷувон минтақаи туризми байналмилалист

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
«Пирони кӯҳистони Хатлон» рӯйи чоп омад

«Пирони кӯҳистони Хатлон» рӯйи чоп омад

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо
Рушди туризм дар Балҷувон

Рушди туризм дар Балҷувон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА