Дар як сатр
» » Рӯзномаи «Хатлон» сомонаи худро таъсис дод

Рӯзномаи «Хатлон» сомонаи худро таъсис дод

10-01-2015, 11:23

Рӯзномаи «Хатлон» сомонаи худро таъсис дод

«Хатлон» — нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар шабакаи ҷаҳонии интернет дорои сомонаи худ гардид.

Ҳамакнун бо нишонии www.khatlon-ruznoma.tj истифодабарандаҳои интернет ва муштариёни рӯзнома метавонанд ҳамарӯза бо ахбори тозатарини вилояти Хатлон, мақолаҳои таҳлилӣ, гузоришҳои мусаввар ва ҳатто матолиби чандрасонаии иборат аз видео, аудио ва инфографикаҳо шинос шаванд.

Асалмо Сафарова, сармуҳаррири нашрияи «Хатлон», гуфт, ки ҳадаф аз бакорандозии сомонаи мазкур тавсеа додани доираи хонандагон, таъмини дастрасии бештару оҷилӣ ба хабарҳо ва таҳкими робита бо муштариёну алоқамандони рӯзнома мебошад. «Ҳоло шумораи обуначиёни нашрияи «Хатлон» ба 11 ҳазор нафар мерасад. Тавассути сомонаи www.khatlon-ruznoma.tj мехоҳем натанҳо хатлониҳо, балки сокинони дигар манотиқи Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзиро ҳам бо рӯйдоду таҳаввулоти вилоятамон ошно созем. Дар сомона ҳамчунин ҳар як шумораи рӯзнома дар шакли PDF қобили дастрасӣ хоҳад буд», — зикр кард А. Сафарова.

Ба иттилои А. Сафарова, бо мақсади иттилоотонии бештари мардум, пӯшиши муҳимтарин воқеаю рӯйдодҳои вилоят дар назар аст, ки ояндаи наздик нашрияи «Хатлон» ҳафтае ду маротиба нашр гардад.

Гуфтанист, ки сомонаи нашрияи «Хатлон» аз бахшҳои «Хабарҳои Хатлон», «Сиёсат», «Иқтисоду тиҷорат», «Матолиби чандрасонаӣ», «Беҳдошт ва экология», «Маориф ва илм», «Арсаи кишоварзӣ», «Ҳаёти иҷтимоӣ», «Ҳуқуқ ва амният», «Ҷавонон ва варзиш», «Адабиёту ҳунар» ва ғайра иборат аст.

Нашрияи «Хатлон» нахустин расонаи хабарии давлатӣ дар вилояти Хатлон мебошад, ки сомонаи интернетии худро таъсис додааст.

Хадамоти мониторинги АМВАОМТ
taj.nansmit.tj, 5 январи соли 2015


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Беш аз 1130 матлаби «Хатлон» дар як сол!

Беш аз 1130 матлаби «Хатлон» дар як сол!

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Сомонаи рӯзномаи «Хатлон» таъсис ёфт

Сомонаи рӯзномаи «Хатлон» таъсис ёфт

Расонаҳо дар бораи Хатлон
Нашрияи ҳукумати Хатлон ба интернет роҳ ёфт

Нашрияи ҳукумати Хатлон ба интернет роҳ ёфт

Расонаҳо дар бораи Хатлон
Рӯзномаи «Хатлон» сомонаи худро таъсис дод

Рӯзномаи «Хатлон» сомонаи худро таъсис дод

Расонаҳо дар бораи Хатлон
Торнамои нашрияи

Торнамои нашрияи "Хатлон" дар интернет фаъол шуд

Расонаҳо дар бораи Хатлон