Дар як сатр
» » Муҳоҷират ва терроризм: чӣ бояд кард?

Муҳоҷират ва терроризм: чӣ бояд кард?

6-10-2018, 10:01

Муҳоҷират ҳамчун падидаи иҷтимоӣ-иқтисодии замони муосир ба яке аз масъалаҳои муҳими дорои аҳамияти глобалидошта табдил ёфта, беҳтарин такондиҳандаи вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа мебошад. Дигаргуниҳои ҷамъиятии даҳсолаҳои охир вазъияти сиёсӣ ва иҷтимоиро тағйир дода, шумораи зиёди одамонро дар саросари ҷаҳон муҳоҷир гардонид.

Мувофиқи маълумоти СММ, дар гардиши раванди муҳоҷират беш аз 200 давлат иштирок карда, шумораи умумии муҳоҷирон 195 миллион нафарро ташкил медиҳад. Масъалаи мазкур дар қатори дигар кишварҳои олам, барои Тоҷикистон низ ба яке аз масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва сиёсӣ табдил ёфта, нақши он дар рӯзгори ҳар як оилаи тоҷикистонӣ эҳсос мегардад.

Тоҷикистон дар тафовут бо кишварҳои пешрафта, ки замони авҷи муҳоҷиратро сипарӣ кардаанд ва бо муҳоҷирати доимӣ вобаста нестанд, ба анбуҳи муттасили муҳоҷират дар шароите рӯ ба рӯ гардид, ки иқтисоди он баъди ҷанги шаҳрвандӣ дар вартаи буҳронӣ қарор гирифта буд. Дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон мафҳуми «муҳоҷират» ба мисли мафҳуми «терроризм» хеле маъмул буда, аҳамияти муҳим пайдо намудааст. Аз кулли масъалаҳое, ки оид ба тарафҳо ва паҳлуҳои гуногуни раванди муҳоҷират баҳсу мунозираҳоро ба миён меорад, яке аз онҳо масъалаи терроризм мебошад. Терроризм аз масъалаҳои ҷиддитарини инсоният дар асри XXI ба ҳисоб меравад, ки бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ хатари байналмилалиро ба бор овардааст.

Дар раванди муосири ҷаҳонишавӣ Тоҷикистон низ аз ин воқеаҳо дар канор набуда, мубориза бар зидди ин амалро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирҳои зиёде андешида истодааст. Яке аз воситаҳои асосии пайвастани ҷомеаи тоҷикистонӣ ба ин раванди ғайриинсонӣ муҳоҷират ба ҳисоб меравад. Зеро муҳоҷират имрӯз равандест, ки дар баробари оқибатҳои гуногуни иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ доштанаш, яке аз ҷанбаҳои ҷалби шаҳрвандон, бахусус ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба гурӯҳу равияҳои террористӣ мебошад. Имрӯз мувофиқи ахбори тозатарин теъдоде аз ҷавонони тоҷикистонӣ низ шомили ин гурӯҳҳои ифротгаро шудаанд.

Намояндагони гурӯҳҳои террористӣ дар навбати аввал бо чунин ҷавонон сарукор гирифта, бо роҳи ҷалби пинҳонӣ ва тадриҷан тағйир додани тафаккуру эътиқоди онҳо, зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегарданд. Мушоҳидаҳои солҳои охир собит менамоянд, ки баъзе ҷавонон бо тафаккур ва ҷаҳонбинии дунявӣ ба кишвари Россия рафта, вале аз он тараф бо тафаккур ва ҷаҳонбинии ифротӣ ва хурофотӣ ба ватан бармегарданд. Яке аз сабабҳои тағйири ақидаву ҷаҳонбинии муҳоҷирон ва ба доми чунин ҳаракату гурӯҳҳои террористӣ гирифтор шудани онҳо сафарҳои мунтазами баъзе пешвоёни ҳизбҳои фаъолиаташон манъшудаи динӣ ба назди муҳоҷирон мебошад. Дар ҳамин радиф муҳоҷирони тоҷик оид ба дастовардҳои иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистон дар солҳои охир маълумоти дуруст нагирифта, ба ҷойи он дар бораи масъалаҳои гуногуни хурофотӣ маълумот мегиранд.

Ҳарчанд, айни замон дар қаламрави Россия 82 ташкилоти ҷамъиятӣ, маркази фарҳангӣ ва диаспораи тоҷикон, 1 диаспора ва 7 маркази фарҳангӣ дар Қазоқистон ба таври расмӣ фаъолият дошта бошанд ҳам, ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои террористӣ ба мушоҳида расида истодааст.

Тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ноҳияи Носири Хусрав нимаи аввали соли гузашта як ҳодисаи шомил гаштани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои террористӣ ба қайд гирифта шуд, ки ин ҳам дар Федератсияи Россия зери таъсири таблиғи ин гурӯҳ афтода, аз он ҷо ба Ҷумҳурии Туркия ва аз Туркия ба Сурия сафар намуда, ба сафи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ” пайвастаанд.

Мусоидат намудан барои рушду гус-тариши ҳамаҷонибаи омилҳои мусбати муҳоҷират ва пешгирӣ намудани таъсир ва оқибатҳои манфии он дар ҷомеа, алалхусус ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои ифротӣ, ташаккули ҳисси худшиносӣ ва ватанпарастии онҳо вазифаи ҳар як фард ва узви ҷомеаи Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

 

Муборакшои БОЗОРАЛӢ,

мудири бахши Хадамоти муҳоҷират

дар ноҳияи Носири Хусрав




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ рӯ ба коҳиш аст

Шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ рӯ ба коҳиш аст

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ
Арзишмандӣ ва ҳуқуқи инсон

Арзишмандӣ ва ҳуқуқи инсон

Ҳуқуқу амният
Пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба гурӯҳҳои ифротгаро кори ҳамагон ас ...

Пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба гурӯҳҳои ифротгаро кори ҳамагон ас ...

Сиёсат
Муборизаи зидди терроризм кори дастаҷамъист

Муборизаи зидди терроризм кори дастаҷамъист

Хабарҳо, Сиёсат, Ҷавонон ва варзиш, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Кумак ба муҳоҷирони бозгаштаи  бекор...

Кумак ба муҳоҷирони бозгаштаи бекор...

Хабарҳо, Номаҳои Шумо