Дар як сатр

Аз нек боғ

3-10-2018, 10:59

Сарзамини офтобию биҳиштосои мо дорои обҳои нуқрафому ҳаётбахш, хоки зархезу пурганҷ ва муҳим аз ҳама, инсонҳои меҳнатқарину боирода мебошад. Маҳз дасту бозувони меҳнатӣ, меҳру муҳаббат ба замини аҷдодӣ, дӯст доштани ватани азиз онҳоро ба корнамоиву дастовардҳои нав ба нав дар арсаи меҳнат роҳнамун месозанд. Шахсе, ки дар борааш сухан мегӯем, як нафар марди оддӣ, вале дорои малакаи бузург дар ҷодаи ниҳолпарварист. Давлаталӣ Валиев зодаи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонист. Аллома Мир Саид Алии Ҳамадонӣ бо асарҳои пурарзишу мондагори хеш дар кишвар маъруфу машҳур гардидааст. Имрӯз низ аз боғи муаттари Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дӯстдорони ашъораш баҳраманд гашта, ҷавонон сабақи ростию покӣ, инсондӯстию ватанпарастӣ меомӯзанд. Давлаталӣ Валиев бошад, сокини ноҳияе, ки ба хотири бузургдошти Мир Саид Алии Ҳамадонӣ номгузорӣ шудааст, бо сеҳри дастони муъҷизаофараш имрӯз миёни сокинони вилояти Хатлон ном баровардааст.

Ин марди некдил анъанаи ниёгон- пайвандгариро ки аз умқи таърих сарчашма гирифтааст, то ба имрӯз идома медиҳад.

Пайвандгарӣ ӯ ва аҳли байташро соҳибэҳтиром гардонида, ризқу рӯзӣ дода, аз самараи меҳнаташ чандон низ хушҳол аст. Бо иқдоми навбатииПрезиденти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ин ҷавонмарди меҳнатқарин ва аҳли оилаашро дучанд шод намуд. Зеро шуғли дӯстдоштаи,ӯ мерос аз ҳунарҳои қадимии мардуми тоҷик ба шумор меравад. Бинобар ин, ӯ ин пешаи аҷдодиро боз ҳам рушду тарақӣ доданист. Давлаталӣ Валиев ҳамроҳи завҷааш Идигул Мадалиева ва фарзандонаш солиёни зиёдест, ки аз ин шуғли дӯстдоштаи хеш дар Ҷамоати деҳоти "Панҷоб”-и ноҳияи Ҳамадонӣ рӯзгори хешро ба сомон оварда, дар бунёди боғзорҳои серҳосили бодому зардолу, олу, себ, нок ва токзорҳо саҳми боризе доранд.

Бо ин оилаи заҳматпешаю боҳунар дар Ҷамоати деҳоти "Гулистон”-и шаҳри Левакант мавриде мулоқот доштем, ки Давлаталӣ ҳамроҳи завҷааш Идигул ва фарзандонаш ба кумаки боғпарварони ин мавзеъ омада, рӯзе то 2500 бех ниҳолони мевадиҳандаро пайванд мекарданд. Ҳангомеки бо фаъолияташон ошно гаштем, аниқ дарк намудам, ки ин шуғли ниҳоят нозуку мураккаб буда, маҳорати хеле беандозаро тақозо доштааст. Давлаталӣ ва пайвандонаш мисли ҷарроҳи чирадасту уқобчашм бо як ҳаракатҳои моҳирона ниҳолонро пайванд месозанд. "Агар заррае беаҳамиятӣ зоҳир шавад, меҳнат барабас меравад”, - таъкид дошт номбурда ва афзуд, ки дар аксари шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба хоҷагидорону боғпарварон барои бунёди боғҳои серҳосили мевадиҳанда кумаки амалии хешро расонидааст.

Ин оила дар як сол то 60000 ҳазор ниҳолонро пайванд мекунанд. Дар чандин озмунҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, ғолиби ҷойҳои аввал гардидаанд. Ӯ соҳиби 5 фарзанду 11 набера буда, аз он хушҳол аст, ки ба фарзандонаш низ ин шуғлро омӯзонидааст. Фарзандон имрӯз эҳтиёҷ ба муҳоҷирати меҳнатӣнадоранду дар худи ватани соҳибистиқлол бо шуғли пайвандгарӣ фаро гирифта шуда, дар бунёди боғҳои серҳосили шаҳдбор ҳиссаи арзандаи хешро мегузоранд. Дар ин баробар, дар амалӣ гардидани Қарори раиси вилоят ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи ислоҳо-ти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» низ саҳми боризе доранд. Зеро ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ имкон дод, ки аҳли оилаи Валиевҳо низ соҳиби замини иҷоравӣ гарданд ваба парвариши ниҳолони серҳосили бодому, зардолу, олу, себ, нок, токҳои гуногун машғул шаванд. Заҳмату талошҳои Давлаталӣ Валиев ва дигар деҳқонони вилоят аст, ки имрӯзҳо бозори истеъмолӣ сермаҳсулу содироти меваҷот ба хориҷи кишвар афзун гардидааст.

Муҳим аз ҳама деҳқонони боирода дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ки яке аз ҳадафҳои асосии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ҳиссаи арзандаи хешро гузошта истодаанд.

МадинаСафарова



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Мулоқот бо мардум

Мулоқот бо мардум

Ҳаёти иҷтимоӣ
Оилаи Мирзоевҳо саҳм мегиранд

Оилаи Мирзоевҳо саҳм мегиранд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, АСАЛМО САФАРОВА
Наврӯзи ҷаҳонӣ - Наврӯзи ҷавонӣ

Наврӯзи ҷаҳонӣ - Наврӯзи ҷавонӣ

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Фарҳанг ва адабиёт, АСАЛМО САФАРОВА
Вохӯрии Давлаталӣ Саид бо соҳибкорони Хатлон

Вохӯрии Давлаталӣ Саид бо соҳибкорони Хатлон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҳамадонӣ. Афзоиши тавлидоти саноатӣ

Ҳамадонӣ. Афзоиши тавлидоти саноатӣ

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА