Дар як сатр
» » Накуном зист, некном рафт

Накуном зист, некном рафт

6-10-2018, 07:56

Инсон чун ба олами ҳастӣ пай мениҳад, марг дунболагири ӯ мешавад. Ҳафтаи пеш хабари марги собиқадори соҳаи маориф, ҳампешаву ҳамкор, устоди омӯзгорон, бонуи меҳрубону маҳфилоро-Ҳанифа Болтаева моро ғамгин кард. Ба ин бовариамон намеомад, вале, чӣ чора, ки ҳама дар назди аҷал оҷизем. Он бехабар меояду хубонро гулчин мекунад. Дар ин лаҳзаҳо саҳифае дар айёми гузашти фаъолияти корӣ ва ҳаёти ибратбахши устод пеши назарамон меояду дар олами хаёлот ғарқ мешавад.

Ҳанифа Болтаева умри пурбаракати хешро ба тарбияи насли наврас, рушди маориф, меҳнати ҳалол, кору рафтору гуфтори нек сипарӣ намудааст. Бо ин хислатҳои неки инсонӣ, дар ҷомеа мақоми хешро дарёфт, соҳиби номи баланду нони ҳалол гардид. Бо нони омӯзгорӣ зист, ҷигарбандонро ба камол расонд. Ҳамин буд, ки ӯ пайваста ин пандро ба ҳампешагон талқин мекард: "Нони муаллим ҳалолу ширин аст”.

Ҳанифа баъд аз хатми синфи 7-и мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Бохтар (собиқ мактаби №2-и шаҳри Қӯрғонтеппа) соли 1949таҳсилашро дар омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Бохтар идома дод. Орзу мекард, ки омӯзгор шуда, ба таълиму тарбияи насли наврас машғул гардад. Он солҳо на ҳама духтарон орзуи идомаи таҳсил карданро дар муассисаҳои олӣ ва касбӣ доштанд. Вале Ҳанифа иродаи қавӣ дошт, барои амалӣ гардидани орзуяш талош варзид ва ба мақсад ҳам расид.

Соли 1953 барои ин ҷавондухтари пурорзу соли фаромӯшнашаванда буд. Ӯ омӯзишгоҳро бомуваффақият хатм намуд. Бо роҳхати омӯзишгоҳ дар собиқ мактаб-интернати ба номи Гагарин фаъолият намуда, бо медали "Меҳнати шоён” нишони сарисинагии "Аълочии маорифи Тоҷикистон”, ифтихорномаю туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ шудааст.

-Агар аҳли маориф бигзарад, боқӣ бувад номаш, - фармудааст шоири огоҳдиле. Ҳамин тавр ҳам аст. Имрӯзҳо дастпарварони муаллим дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ва берун аз он фаъолияти пурсамар намуда, кору номи устоди хешро зинда мегардонанд.

Устод Ҳанифа Болтаева дар кору зиндагӣ барои мо шогирдонаш ифтихору ибратбахш буд. Дарднок аст, ки ҳоло ӯ дар байни мо нест. Фақат аз худ кори неку хотири нек боқӣ гузошт. Акнун танҳо дуо мекунем, ки Худованд ҷояшро ҷаннату хонаи охираташро обод гардонад.

Бо меҳри бепоён шогирдони ӯ:

УмедаҷонДадаҷонова,

БоймуродХушвахтов,

ҲабибуллоМиров,

ИстадхонАбдурраСулова,

Саёҳатхон Бақоева



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Муаллим равшангари дилҳо ва чароғи маърифат аст

Маориф ва илм
Шамъи худсӯзе, ки қалбҳоро мунаввар месозад

Шамъи худсӯзе, ки қалбҳоро мунаввар месозад

Хабарҳо, Чеҳранигорӣ, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Умри 70-солаи устод беҳуда нагузашт

Умри 70-солаи устод беҳуда нагузашт

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накуном зист…

Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накуном зист…

Маориф ва илм
Омӯзгори соҳибиззат

Омӯзгори соҳибиззат

Маориф ва илм