Дар як сатр
» » Сулолаи омӯзгор

Сулолаи омӯзгор

5-10-2018, 11:52

Гулмат Қурбоназаров 5 августи соли 1946 дар Хатлонзамин ба дунё омада, айёми наврасиашро дар ҳамин русто паси сар намудааст.

Падари бузургвораш бобои Қурбоназар котиб, писаронаш Гулматбой ва Абдухолиқро, ки то синфи 8-ум дар мактаби деҳа мехонданд, онҳоро барои маълумоти миёнаи пурра гирифтан ба мактаб - интернати №1-и шаҳри Бохтар оварда мондааст. Гулматбой соли 1965 ба Институти омӯзгории шаҳри Душанбе дохил шуда, соли 1969 факултаи забон ва адабиёти тоҷикро бомувафақият хатм намудааст. Аз соли 1970 то соли 2014 дар мактаби миёнаи № 32-и ноҳияи Дӯстӣ фаъолият намудааст.

Оиладар, соҳиби 6 фарзанд. Фарзандонаш низ омӯзгор буда, аз ҷавонӣ касби падарро пеша намудаанд.

Чи тавре ки мо ҳамагон огаҳӣ дорем, Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид месозанд: «Ояндаи мамлакат аз фаъ-олияти омузгор ва рушди илму маориф сахт вобастагӣ дорад ва танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро тарбия намуда ба воя расонад».

Оре, омӯзгори асилу қавиирода нафаре шуда метавонад, ки касбаш ва шогирдонашро дӯст дорад, онҳоро дар рӯҳияи дӯстию бародарӣ, ваҳдату ягонагӣ ва худшиносии миллӣ тарбия намояд.

Биноан, мо тасмим гирифтем, ки дар бораи шахсияте қисса намоем, ки дорои чунин хислатҳои ҳамидаи инсонӣ буда, тамоми фаъолияти нимасраи худро баҳри таълиму тарбияи насли наврас, бахшидааст.

Ин марди наҷиб, ҳалиму хоксор, ки худ узбекзабон аст, Гулматбой Қурбоназаров буда, умри бобаракати худро баҳри рушди мактабу маориф равона намуда, аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ба хонандагони тоҷику узбекзабон дарс гуфтааст.

Дар ҳақиқат, Гулматбой Қурбоназаров фидоии касби худ мебошад. Бо амри тақдир, ки солҳои охири ҳафтодум Донишгоҳи Миллии Ҷумҳуриамонро хатм карда, пас аз чанде сарварии мактаби №32-и деҳаи Оқҷарро ба уҳда дошт.

Гулматбой Қурбоназаров ҳамзамон қобилияти баланди ташкилотчигӣ дошт ва дар тамоми чорабиниҳою маҳфилҳои дохилимактабӣ «гули сари сабад» буд. Аз классикон достону ғазалҳо қироат мекард ва ҳамеша мекӯшид, ки шогирдонаш дониши аъло дошта бошанду тавонанд дар озмуну олимпиадаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гарданд.

Вале, сад афсус, ки солҳои 90-уми қарни гузашта кишвари кӯчаки моро бӯи ноори-миҳо фаро гирифт. Г. Қурбоназаров хонандагону муаллимони ҷавонро ба ҳушёрию зиракии сиёсӣ даъват менамуд ва ҳамеша онҳоро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ ва дӯстии байни миллату халқиятҳо тарбият менамуд.

Ӯ шогирдонашро бовар мекунонд, ки шахсияти сиёсиеро Худованд ба мо ато намудааст, ки дар чунин лаҳзаҳои фалокатовару вазнин метавонад авзои сиёсии кишварро ба эътидол оварад ва ин марди далеру нотарс вакили Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аст.

Хушбахтона, дере нагузашта Иҷлосияи 16-уми тақдирсози Шӯрои Олӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид ва вакилон якдилона ӯро ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ интихоб намуданд.

Оилаи Гулматбой Қурбоназаровҳоро сулолаи омӯзгорон гӯем хато намекунем, чунки бародарони ҳамтанаш Абдухолиқ, омӯзгори фанни забони англисӣ, Маҳмуд, омӯзгори фанни математика, Дилмат, омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, Қулмат, омӯзгори фанни физикаю математика фарзандонаш Абдумалик, омӯзгори фанни таълими меҳнат ва касбинтихобкунӣ, Хуршед, омӯзгори фанни химия-биология, Ҷамшед, омӯзгори фанни филологияи ӯзбек, келинҳояш Санавбару Қимматой омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ шуда, фаъолияти пурсамар менамоянд.

Ҳарчанд синни ин омӯзгори равшанзамир ба ҷое расида бошад ҳам, вале қалби ӯ ҷавон аст ва меҳри омӯзгорӣ ва садоқати бепоёни шогирдонаш намегузоранд, ки ӯ аз даргоҳи илму маърифат дур бошад. Ӯ имрӯз низ талқингари дӯстию бародарӣ ба шогирдону ҳамкасбон аст. Ӯ ифтихор дорад, ки дӯстию рафоқат ҳамкориҳои ду ҷонибаи давлати ба мо ҳамсояи Ӯзбекистон аз нав бо талошу пайгириҳои Ҷаноби Олӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев раванди тоза гирифт ва аз нав эҳё гардид. Баргузории рӯзҳои фарҳангии ҳар ду кишвари бо ҳам дӯст, вохӯриҳои адибон, шоирону олимон бори дигар исбот намуд, ки дӯстию ҳамдилӣ ва ҳамгироии мо ногусастанист.

Ин омӯзгори асилу нексират аз он меболад, ки фаъолияти нимасрааш барабас нарафтааст ва ӯ садҳо шогирдонро ба воя расонидааст, ки имрӯз дар вазифаҳои давлатию ҷамъиятӣ фаъолият менамоянд. Инҳо Саодат Зокировна, мудири шуъбаи амрози занонаи ноҳияи Қубодиён, Раҳматулло Муродӣ, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Марказӣ дастгирӣ» Суҳроб Аминов, раиси Ҷамоати «Навзамин»-и ноҳияи Дӯстӣ, Абдуҷаббор Мирзоев, ёвари прокурори вилояти Хатлон, Сангимурод Алимардонов ва дигарон мебошанд.

Шиори ин чеҳраи шинохта, омӯзгори равшанзамир дар зиндагӣ тарбия намудани насли наврас дар рӯҳияи дӯстию ҳамдилӣ баҳри боз ҳам шукуфоии кишвари биҳиштосои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Гулматбой Қурбоназаров имрӯз дар ҳалқаи фарзандону шогирдони дилсӯзаш давлати пирӣ меронад ва мо дар навбати худ ба ин омӯзгори асил умри дарози бобаракат орзу намуда, аз забони Амир Хусрави Деҳлавӣ гуфтанием:

Мард, ки аз илм тавонгар бувад,

Кай назараш бар гуҳару зар бувад.

М. Муродов,

бойгоншиноси дастгоҳи

раиси вилояти Хатлон




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҳабиби ваҳдатсаро

Ҳабиби ваҳдатсаро

Чеҳранигорӣ
Бонуи равшанзамир

Бонуи равшанзамир

Чеҳранигорӣ
Зинда он номест, ки дар дилҳои мардум ҷо шавад

Зинда он номест, ки дар дилҳои мардум ҷо шавад

Хабарҳо, Мусоҳибаи мо, Чеҳранигорӣ, САТТОР ҚАРАХОНОВ
Шамъи худсӯзе, ки қалбҳоро мунаввар месозад

Шамъи худсӯзе, ки қалбҳоро мунаввар месозад

Хабарҳо, Чеҳранигорӣ, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Омӯзгори соҳибиззат

Омӯзгори соҳибиззат

Маориф ва илм