Дар як сатр
» » «БУЗУРГОНРО БУЗУРГОН ЗИНДА МЕДОРАНД»

«БУЗУРГОНРО БУЗУРГОН ЗИНДА МЕДОРАНД»

8-10-2018, 10:51

Таҳти ҳамин унвон дар китобхонаи марказии ноҳияи Ховалинг ба муносибати 550-солагии мусиқидон, оҳангсоз, навозанда, ҳофиз ва шоири тоҷик Наҷмиддини Кавкабӣ ва 400-солагии шоир Сайидои Насафӣ чорабинии адабӣ баргузор гардид.

 

Мақсад аз баргузор намудани ин ҳамоиши фарҳангӣ шиносоии бештари сокинони маҳаллӣ аз ҳаёту фаъолияти шоиру нависандагон ва шахсиятҳои маъруф ва насли наврасро огоҳ намудан аз адабиёти бою ғании мардуми тоҷик арзёбӣ шуд. Дар чорабинии мазкур, ки аҳли зиё иштирок доштанд, зикр гардид, ки меросии адабии Сайидои Насафӣ дар шакли куллиёт ва девони ашъор маълум аст ва то имрӯз 11 нусхаи дастнависи осори Сайидои Насафӣ ба мо расидааст, ки дар китобхонаҳои гуногуни қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ маҳфузанд. Девони ашъори шоир тақрибан 8500 байтро дар бар мегирад. Наҷмиддини Кавкабӣ бошад, муаллифи асарҳои илмию назариявии «Рисолаи мусиқӣ», «Рисола дар баёнияи дувоздаҳмақом», «Рисолаи киромия дар илми мусиқӣ» ва ғайраҳо мебошад.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Гиромидошти хотираи П. Сатторӣ

Хабарҳо
Таҷлили 150-солагии Туғрал дар Норак

Таҷлили 150-солагии Туғрал дар Норак

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Фестивали китоб то 9 апрел идома мекунад

Фестивали китоб то 9 апрел идома мекунад

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ҷ. Румӣ. Таҷлили 700-солагии Ҳамадонӣ

Ҷ. Румӣ. Таҷлили 700-солагии Ҳамадонӣ

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Вазорат: Дар таътил омӯзгорону муҳассилон китоб хонанд

Вазорат: Дар таътил омӯзгорону муҳассилон китоб хонанд

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА