Дар як сатр
» » БУНЁДИ 7 ИНШООТ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК

БУНЁДИ 7 ИНШООТ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК

10-10-2018, 09:50

Баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳияи Темурмалик дар моҳи сентябр 7 иншооти маишиву истеҳсолӣ ба маблағи умумии қариб 10 миллион сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Тавре ки аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба рӯзномаи «Хатлон» хабар доданд, барои бунёди Маркази ҳозиразамони хизматрасонии дорои дуконҳои кошонаи ҳусн, маркази савдо, ошхона, дукони гӯштфурӯшӣ, толори фароғатӣ дар деҳаи Кангурт аз ҷониби соҳибкор Салимзода Алихон 8 миллиону 200 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст. Инчунин, клуб ва китобхонаи деҳаи Ҷайралӣ, дукони табақтарошию дуредгарӣ ва кандакорӣ дар якҷоягӣ бо маркази савдои маҳсулоти дуредгарӣ дар шаҳраки Совет, осиёби ордкашӣ дар деҳаи Сартез бунёд шуда, биноҳои кинотеатри марказии ноҳия, МТМУ №4, МТМУ №3 дар деҳаи Танобчӣ, МТМУ №34 дар деҳаи Сафарбоён бо ҷалби маблағҳои бахши хусусӣ таъмиру азнавсозӣ гардид.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҳамадонӣ. Бунёди иншооти ҷашнӣ

Хабарҳо

Дар Вахш бунёди 17 иншоот пешбинӣ мешавад

Хабарҳо
Бунёди боз чор иншооти ҷашнӣ дар Балҷувон

Бунёди боз чор иншооти ҷашнӣ дар Балҷувон

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ
Ду бунгоҳи тиббӣ дар Темурмалик

Ду бунгоҳи тиббӣ дар Темурмалик

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Синфхонаҳои нав дар Восеъ ва Темурмалик

Синфхонаҳои нав дар Восеъ ва Темурмалик

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА