Дар як сатр
» » ИФТИТОҲИ ДУ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ ДАР ПАНҶ

ИФТИТОҲИ ДУ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ ДАР ПАНҶ

9-10-2018, 08:50

Дар Ҷамоати деҳоти «Озодагон»-и ноҳияи Панҷ коргоҳи қаннодӣ ва сехи коркарди пашм ба кор дароварда шуд.

 

Бо ба корандозии коргоҳи хурди истеҳсоли қаннодӣ ва нонҳои миллӣ дар деҳаи Эмом Машрабов 18 нафар занону духтарони бекор бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд. «Дар коргоҳи хурди истеҳсолии коркарди пашм 15 нафар занону духтарон аз маҳсулоти маҳаллӣ пашм ришта мересанд ва аз риштаи ресида ҷӯробу камзӯлчаҳо ва дигар намуди либос барои кӯдакону наврасон дӯхта мешаванд. Дар баробари муҳайё шудани ҷойҳои нави корӣ барои занону духтарони бекори деҳот, коргоҳи нави коркарди пашм барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ низ мусоидат мекунад», - изҳор дошт роҳбари коргоҳи коркарди пашм Ҳавасмо Кишварова. Мавриди зикр аст, ки коргоҳи қаннодӣ ва нонҳои миллӣ ва корхонаи хурди коркарди пашм бо ташаббусу пешниҳоди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Панҷ ва дастгирии молиявии Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар доираи барномаи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ дар минтақаҳои сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон ба истифода дода шуданд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ба истифода додани Корхонаи давлатии дӯзандагӣ ва коркарди меваю сабзавот д ...

Ба истифода додани Корхонаи давлатии дӯзандагӣ ва коркарди меваю сабзавот д ...

Хабарҳо
Сарбанд. Азми таъсиси коргоҳи адрасбофӣ бо гранти президентӣ

Сарбанд. Азми таъсиси коргоҳи адрасбофӣ бо гранти президентӣ

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Коргоҳи нав дар Сайроб

Коргоҳи нав дар Сайроб

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Бохтар. Бунёди 30 корхонаи нав дар соли 2015

Бохтар. Бунёди 30 корхонаи нав дар соли 2015

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Тоҷикистон тадриҷан ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил меёбад

Тоҷикистон тадриҷан ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил меёбад

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА