Дар як сатр
» » ТАЪСИСИ 60 ШИРКАТИ НАВИ САЙЁҲӢ

ТАЪСИСИ 60 ШИРКАТИ НАВИ САЙЁҲӢ

8-10-2018, 08:49

Дар ҳашт моҳи соли 2018 зиёда аз 60 ширкати нави сайёҳӣ таъсис ва ба бозори сайёҳии мамлакат ворид шуда, аз имтиёзҳои фароҳамовардаи Ҳукумати ҷумҳурӣ бархӯрдор гардиданд.

Дар ин бора Нуъмон Абдуғаффорзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, зимни як конфронси илмӣ-амалӣ маълумот дод. Ба қавли ӯ, дар маҷмӯъ, шумораи ширкатҳои сайёҳӣ дар Тоҷикистон ба 140 адад расид. Қобили зикр аст, ки соли 2017 дар тамоми ҷаҳон қариб 1,2 миллиард сафарҳои байналмилалии сайёҳӣ анҷом дода шуданд ва мувофиқи пешбинии мутахассисон, ин нишондиҳанда то соли 2022 ба 1,4 миллиард ва то соли 2030 ба 1,8 миллиард сафари сайёҳӣ мерасад. «Ин омилҳо аз мо тақозо мекунанд, ки барои рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон аз тамоми имконияту захираҳо истифода бурда, аз манфиатҳои соҳа бархӯрдор шавем», - афзуд Н. Абдуғаффорзода.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дар ҳар ноҳия ду ширкати сайёҳӣ таъсис меёбад

Хабарҳо
Форуми байналмилалӣ таваҷҷуҳи оламиёнро ба Тоҷикистон зиёд менамояд

Форуми байналмилалӣ таваҷҷуҳи оламиёнро ба Тоҷикистон зиёд менамояд

Туризм
Балҷувон минтақаи туризми байналмилалист

Балҷувон минтақаи туризми байналмилалист

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
Баррасии рушди туризм дар Кӯлоб

Баррасии рушди туризм дар Кӯлоб

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Тақдими 740 китоби таълимӣ барои донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ

Тақдими 740 китоби таълимӣ барои донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм