Дар як сатр
» » АЗМИ БУНЁДИ 860 ИНШООТ ДАР КӮЛОБ

АЗМИ БУНЁДИ 860 ИНШООТ ДАР КӮЛОБ

6-10-2018, 09:49

Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб сохтмони 860 иншоот дар зарфи се соли оянда дар назар дошта шудааст, феълан умури сохтмонӣ дар 70 иншоот оғоз гардидаанд.

 

Муассисаи таълимии ғайридавлатии Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб, ки бунёдаш тоза шурӯъ шудааст, яке аз иншооти ҷашнӣ ба ҳисоб меравад. Бинои мазкур аз 4 ошёна иборат буда, дар як баст метавонад 700 донишҷӯро ба таълим фаро гирад. Қобили зикр аст, ки ҳоло аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Ҳасановҳо сохтмони бинои Маркази фароғатию варзишии модару кӯдак босуръат ҷараён дорад. Бино ба иттилои муҳандисони сохтмон, дар иншоот корҳои оҳану бетоникунонӣ дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дошта, кашидани хатҳои барқ ва пайвастсозӣ ба шабакаи гармидиҳӣ идома дорад. Марказ мувофиқи талаботҳои меъмориву шаҳрдорӣ бо харҷи 850 ҳазор сомонӣ бунёд хоҳад гашт.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Данғара: азми бунёди 190 иншоот дар се сол

Хабарҳо

Ҳамадонӣ. Бунёди иншооти ҷашнӣ

Хабарҳо

Дар Вахш бунёди 17 иншоот пешбинӣ мешавад

Хабарҳо
Кӯлоб. Бунёди 7 иншооти нав

Кӯлоб. Бунёди 7 иншооти нав

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо
Афзоиши тавлидоти саноатӣ дар Кӯлоб

Афзоиши тавлидоти саноатӣ дар Кӯлоб

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА