Дар як сатр
» » ДУРНАМОИ ПАХТА БЕШ АЗ 40% ИҶРО ШУД

ДУРНАМОИ ПАХТА БЕШ АЗ 40% ИҶРО ШУД

4-10-2018, 08:46

Дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахта дар вилояти Хатлон то рӯзи 2 октябр 40,2% иҷро шудааст. Пахтакорони вилоят то ин рӯз ҷамъан 100700 тонна пахта чидаанд, ки дар қиёс бо ҳамин шабу рӯзи соли гузашта қариб 72 ҳазор тонна камтар мебошад.

Тавре ки аз Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон ба рӯзномаи «Хатлон» иттилоъ доданд, имсол дар вилоят дар майдони 122404 гектар пахта кишт шуда, тибқи дурнамо, бояд 250310 тонна «тилои сафед» ба даст ояд. «Дар маъракаи ҳосилғундорӣ имсол дар миёни 19 шаҳру навоҳии пахтакори вилоят барзгарони шаҳрҳои Бохтар (84,4%), Левакант (76,8%), ноҳияҳои Данғара (50,6%), Фархор (50,6%), Шаҳритӯс (48,9%), Ёвон (47,8%), Ҳамадонӣ (41,6%), Хуросон (41%) пешсаф буда, дурнаморо аз ҳисоби миёнаи вилоят бештар иҷро кардаанд», - зикр намуд манбаъ ва афзуд, ки нишондиҳандаҳои навоҳии Ҷалолиддини Балхӣ (23,2%), Ҷайҳун (27,8%) ва Носири Хусрав (24%) чандон хуб нест.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дурнамои пахта 30% иҷро шуд

Хабарҳо
Дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахта дар вилоят беш аз 100% иҷро шуд

Дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахта дар вилоят беш аз 100% иҷро шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Муждаи пахтакорони Шаҳритӯсӣ дар арафаи ҷашни истиқлол

Муждаи пахтакорони Шаҳритӯсӣ дар арафаи ҷашни истиқлол

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
То имрӯз дурнамо 51,3% иҷро шуд

То имрӯз дурнамо 51,3% иҷро шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Дурнамои чиниши пахта 31,9% иҷро шуд

Дурнамои чиниши пахта 31,9% иҷро шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА