Дар як сатр
» » Истиқлолият беҳтарин неъмат аст

Истиқлолият беҳтарин неъмат аст

8-10-2018, 08:02

Тамоми  сокинони кишвари  азизамон   ифтихор аз  он  доранд,  ки   27-умин   солгарди  Ҷумҳурии   Тоҷикистон,  яъне   Истиқлолияти   давлатӣ,  дар таърихи   навини Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул гардида, барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб меёбад.

 Тамоми сокинони Ватан имрӯз ифтихор доранд, ки  27 сол қабл аз  ин нахустин хиштҳои  пойдевори Истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии  худро ниҳода, аз шарофати  мустақилият соҳиби рамзҳои  давлатӣ: парчам, нишон ва суруди миллӣ гардидем.

Дар ибтидои Истиқлолияти давлатӣ Худованд ба халқи тоҷик пешвоеро ато кард, ки миллату давлати моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро обод ва ҷанги бародаркушро хотима бахшид. Ӯ тамоми кӯшиши худро ба харҷ медиҳад, то ки мардум зиндагии шоиста дошта бошанд.

Қадамҳои аввалини истиқлолият бо ҷанги хонумонсӯз оғоз гардид, ки он аз ҷониби ТЭТ ҲНИ роҳандозӣ шуда, 150-ҳазор нафар кушта, 1 миллион  гуреза  ва  беш  аз 10 миллиард доллар  ба  иқтисодиёти  кишвар зарар  овард.

Ҷангу талошҳои солҳои 90-уми асри гузашта фишангҳои давлату давлатдорӣ ва истеҳсолиро фалаҷ карда буданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои расидан  ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати  миллиро ҷустуҷӯ мекард ва Сарвари давлат пайваста талош мекард, то осудагиву  оромӣ дар саросари мамлакат  ҳукмфармо бошад.

Бо талошу заҳмат ва ҷоннисориҳои Пешвои миллат 27-уми июни соли 1997 созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти милли байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мухолифин имзо гардид ва он рӯзи муборак Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид. Аз ҳамон вақт инҷониб ҷомеаи ҷаҳони муосир таҷрибаи пешқадами сулҳи тоҷиконро меомӯзанд ва барои насли имрӯз чун намунаи беҳтарини гуфтушуниди созанда пешниҳод мекунад, ки ин ифтихори тамоми тоҷикистониён  аст.

Ҳ. Муродов,

сархатиби н. Шаҳритӯс 



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Оқи миллатшуда

Хабарҳо
Насли ояндасозро тарбия менамоем

Насли ояндасозро тарбия менамоем

Маориф ва илм
Захираи хӯроки чорво 60% иҷро шуд

Захираи хӯроки чорво 60% иҷро шуд

Арсаи кишоварзӣ
А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ