Дар як сатр
» » Боздиди намояндагони 4 вилояти Афғонистон аз Хатлон

Боздиди намояндагони 4 вилояти Афғонистон аз Хатлон

6-10-2018, 07:40

Аз 2-юм то 3-юми октябри соли равон намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусии вилоятҳои Тахор, Қундуз, Бадахшон ва Балхи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба минтақаҳои вилояти Хатлон ташриф оварданд. Меҳмононро хуш истиқбол намуда миёни намояндагони ду кишвар ҷамъомаду вохӯриҳои судмад барпо карда шуд. Ҳамчунин, меҳмонони афғон, намоиш ва фурӯши маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзии хешро манзури ҳамагон намуданд.

Ин гувоҳи густариши ҳамкориҳои самарабахши Тоҷикистону Афғонистон мебошад, ки аз баракати Истиқлолият, сулҳу оромии сарзамин, сиёсати созандаю бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.

Нахуст, шиносоии меҳмонон аз ноҳияи Ҷайҳун оғоз ёфта. Ба ин муносибат дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун ҷамъомад доир гардид.

Раҷабалӣ Раҷабов, муовини раиси вилояти Хатлон меҳмононро аз номи раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода хайрамақдам гуфта, зикрнамуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ нишондодҳо дар риштаи саноат, тиҷорат рушди тоза ёфт. Содироти семент ва интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистон аз Тоҷикистон дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.

Вазири эҳдо ва рушди деҳоти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҷибураҳмон Каримӣ аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки марзҳо наметавонад ду миллати дӯсту бародар тоҷику афғонро ҷудо нигоҳ дорад.

- Ин дӯстӣ, ин хешию пайвандӣ, ин ҳамзабонию ҳамсоягӣ решаҳои таърихӣ дорад, -  ироа дошт Муҷибураҳмон Каримӣ. – Ва афзуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ғаму шодии Афғонистон  шарик аст. Мо дар мисоли Тоҷикистон, мардуми он дӯстони ҷонию бародарону хоҳарони худро мебинем. Ҳамеша дар андешаи он ҳастем, ки иқтисодиётро таҳким бахшида, муносибатҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ ва иҷтимоиро густариши тоза бубахшем.

Тоҷиддин Ҷуразода, ҷонишини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади худ аз вусъати ҳамкориҳои самарабахш дар самти соҳибкорӣ, тиҷорат, саноат таъкид дошт, ки робитаи ҳамкории тоҷирону соҳибкорони ҳарду ҷониб дар соли 2018 ба 27 миллион долари ИМА баробар шудаст.

Ҳамчунин, дар ҷамъомад намояндаи созмони байналмилалии «Jica» ва Ҳукумати Ҷопон, намояндаи барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба Тоҷикистону Афғонистон, намояндаи минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» баромад карда, баҳри беҳбудии кор, татбиқи лоиҳаҳои маблағгузор барои аҳолии ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон андеша баён карданд.

Сипас, меҳмонон аз минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ», дидан карданд. Директори МОИ «Панҷ» оид ба вазъи кунунии минтақа ахборот дода иброз дошт, ки МОИ «Панҷ» дар қаламрави мавзеи «Сари пул»-и ноҳияи Ҷайҳун дар масоҳати 401,6 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин  ҷо  ба фаъолияти тиҷоратӣ, хизматрасонӣ ва истеҳсолӣ иҷозат дода шудааст.

Дар идомаи суҳбат зикр намуд, ки давлатҳои Россия, Чин, Эрон, Покистон, Афғонистон, Белорусия, ба МОИ «Панҷ» сармоягузорӣ кардаанд. Фаъолияти минтақаи озоди иқтисодӣ бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ, ташкили инфрасохтор ва технологияи муосир, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир аз ошёи хоми маҳаллӣ нигаронида шудааст.

Инчунин, меҳмонони афғон аз шаҳри Бохтар боздид ба амал оварда, маҳсулоти саноатии худро намоиш ва ба фурӯш гузоштанд.

 

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҳамкории соҳибкорони Хатлону Сурхондарё

Ҳамкории соҳибкорони Хатлону Сурхондарё

Ҳокимияти давлатӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Шиносоии ҳайати чинӣ аз минтақаи озоди иқтисодии

Шиносоии ҳайати чинӣ аз минтақаи озоди иқтисодии "Данғара"

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Ҷиликӯл. Ифтитоҳи маркази нави саломатӣ

Ҷиликӯл. Ифтитоҳи маркази нави саломатӣ

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Тақдими фанноварӣ ба мақомоти 8 ноҳияи сарҳадӣ

Тақдими фанноварӣ ба мақомоти 8 ноҳияи сарҳадӣ

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Дар Хатлон беҳтар намудани фазои бизнес ва ҷалби сармояро меомӯзанд

Дар Хатлон беҳтар намудани фазои бизнес ва ҷалби сармояро меомӯзанд

Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ