Дар як сатр
» » Шоҳсутуни миллат забони модарист

Шоҳсутуни миллат забони модарист

4-10-2018, 09:37

Дар муассисаи таълимии №1-и шаҳри Левакант дар арафаи таҷлили ҷашни Рӯзи забони давлатӣ аъзои маҳфили адабии «Гулбазм» маҳфили навбатии худро бо номи «Забони модариро дӯст дорем» дар якҷоягӣ бо хонандагони навқалам ва боистеъдоди муассисаҳои таълимии шаҳр доир намуданд.

Аъзоёни маҳфили адабӣ Бердӣ Валиев, Музаффаршо Дарвешов, Махфират Зуҳурова, Раҳматуллои Исматӣ, Суннатулло Эмомов ва Сарварбӣ Носирова аз шукӯҳу шаҳомати забони тоҷикӣ, аҳамияти таърихии он дар пойдории миллат ва ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ сухан гуфта, дар шеърҳои худ забони модарӣ, Ватан, Модар, Истиқлолият, Ваҳдатро васф намуданд.

Дар маҳфил хонандагони боис-теъдоди муассисаҳои таълимӣ шеъру лавҳа ва таронаҳои эҷоднамудаи худро қироат намуда, барои содаву равон гардидани онҳо аз аъзои маҳфили «Гулбазм» маслиҳатҳои муфид гирифтанд.

Роҳбари маҳфил Н. Ибодуллоева изҳор дошт, ки ин иқдом бо ҳамдастии сардори Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант Ҳикматулло Султонзода баҳри дарёфт ва дастгиррии истеъдодҳои наврас, дар замири онҳо бедор намудани шавқу ҳаваси эҷодкорӣ ва дар миёни онҳо таъсис додани маҳфили адабии наврасон роҳандозӣ гардид.

Мо, тоҷикзодагони асил ҳамеша пайи он мекӯшем, ки забони миллати хешро пок, беолоиш ва пойдор нигоҳ дорем. Намегузорем, ки эҳтироми ин забони бузург, лафзи поки модар коста бигардад. Пояндагии забони модарӣ ба мо-забондорон вобастагӣ дорад.

Дар ҳадду сарҳадшиносии ҷаҳон,

Сарҳади тоҷик забони тоҷик

аст.

То забон дорад, ватандор аст ӯ,

То забондор аст, бисёр аст ӯ.

Муаттар,

Далер ИБОДУЛЛОЗОДА,

Ашк ЮСУФӢ




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Истиқлолият неъмати бебаҳост

Хабарҳо
«Ҳадяи яздон»

«Ҳадяи яздон»

Фарҳанг ва адабиёт
Вакилони Иҷлосияи 16-ум меҳмони маҳфили «Рўзноманигорони ҷавон» шуданд

Вакилони Иҷлосияи 16-ум меҳмони маҳфили «Рўзноманигорони ҷавон» шуданд

Хабарҳо
Ҳар сешанбе – Рӯзи забони тоҷикӣ

Ҳар сешанбе – Рӯзи забони тоҷикӣ

Хабарҳо, Маориф ва илм
Фидоии забони модарӣ

Фидоии забони модарӣ

Фарҳанг ва адабиёт