Дар як сатр
» » «Туризм воситаи муаррификунандаи фарҳанги миллӣ мебошад»

«Туризм воситаи муаррификунандаи фарҳанги миллӣ мебошад»

5-10-2018, 12:34

Дар толори китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳин конференсияи вилоятӣ таҳти унвони «Сайёҳӣ омили рушдиҳандаи иқтисодиёт» бо иштироки Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон, Дилшод Шоев, сармутахассиси шуъбаи сайёҳии вилоят, Собир Раҳимов, консултанти маркази таълимии Асосиатсияи ташкилотҳои молиявии хурд ва шахсони масъули соҳа баргузор гардид.

Сараввал, Махфират Хидирзода, муовини раиси вилоят суханронӣ намуда, афзуд, ки баъди эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар самти таҳким ва рушди минбаъдаи ин соҳаҳои бениҳоят муҳим, дар ҳаёти кишвар корҳои назаррас ба анҷом расида истодаанд. Эълон шудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар самти таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии оилаҳо таъсири амиқи худро расонидааст.

Дар идома М. Хидирзода зикр намуд: "Маҳз тавассути тарғибу ташвиқ, пешбурди корҳои маърифативу иттилоотӣ дар самти муаррифии мавзеъҳои туристӣ, обҳои шифобахш, ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба ин мулки биҳиштосо, дар бораи касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ, таъсис додани саҳифаҳои алоҳида дар сомонаҳои расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо мушарраф ба он гашта истодаем, ки ҳамарӯза теъдоди зиёди сайёҳон ва хоҳишмандон аз минтақаҳои сайёҳии вилоятамон дидан менамоянд”.

Сипас, сармутахассиси шуъбаи сайёҳии вилоят Дилшод Шоев иброз дошт, ки ҳамасола теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ барои боздид ба мавзеъҳои сайёҳии вилояти Хатлон ворид шуда, ба намудҳои туризми кӯҳнавардӣ, экологӣ ва таърихиву фарҳангӣ машғул мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар қаламрави вилоят 582 ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва мавзеъҳои сайру саёҳат мавҷуд мебошад. Ҳамчунин, инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар вилоят ботадриҷ рушд ёфта, имрӯз дар вилоят 70 меҳмонхона, 18 истироҳатгоҳу осоишгоҳ ва марказҳои гуногуни хизматрасонӣ фаъолият менамоянд.

Сармутахассиси шуъбаи сайёҳии вилоят дар идомаи гузориши худ чунин зикр намуд: "Дар минтақаҳои сайёҳӣ,  аз ҷумла дар ноҳияҳои Балҷувон, Носири Хусрав ва Муъминобод ҳоло ҳам сатҳу сифати инфрасохтор, аз ҷумла меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва истироҳатгоҳҳо ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Инчунин, нарасидани мутахассисони ботаҷрибаву касбӣ, менеҷерҳои дорои малакаи идоракунӣ дар меҳмонхонаҳо, роҳбалад, тарҷумон, пешхизмат ва роҳнамо дар соҳаи сайёҳии вилоят то ҳол ҷой доранд.

Ба қавли манбаъ, фаъол набудани хатсайрҳои сайёҳӣ ба вилоят, фаъолияти нокифояи ширкатҳои сайёҳии маҳаллӣ, набудани харитаи сайёҳии алоҳида оид ба шаҳру ноҳияҳои вилоят, набудани сомонаи алоҳидаи сайёҳии вилоят аз мушкилиҳои асосии соҳаи сайёҳӣ дар вилоят мебошанд.

-Ҳоло вақти он расидааст, ки мо-тоҷикон кишвари азизи худ-ро ҳаматарафа омӯзему онро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем, - гуфт Зафар Муҳаббатов, директори муассисаи давлатии вилоятии "Хатлонсинамо”. - Мо-синамогарон барои инъикос намудани табиати зебову биҳиштосои кишвари азизамон дар таҳияи филмҳо кӯшиш ба харҷ дода истодаем, то ки мавзеъҳои таърихиву фарҳангии миллати тоҷикро барои сайёҳон пешниҳод намоем.

Дар кори конференсия Раҳимов Собир, консултанти маркази таълимии Асосиатсияи ташкилотҳои молиявии хурд дар мавзӯи «Менеҷмент ва маркетинги сайёҳӣ» ва  Шарипов Далер, рӯзноманигор дар мавзӯи  «Захира ва имкониятҳои сайёҳӣ дар вилояти Хатлон» маърӯза намуданд.

Тӯраев Раҳмоналӣ, корманди Раёсати ҳифзи муҳити зист дар мавзӯи  «Омили рушди туризми экологӣ  дар вилояти Хатлон» маърӯза намуда, гуфт: "Қисме аз мавзеъҳо бо Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати минтақаҳои туризми байналмилалӣ, экологӣ ворид карда шудааст. Аз тарафи кормандони ҳифзи муҳити зисти вилоят бо мақсади тарғибу ташвиқи табиати биҳиштосову афсонавии нотакрор, ёдгориҳои таърихӣ, парвариш ва афзун намудани олами набототу ҳайвоноти нодири вилоятамон, дар ҳамкорӣ бо олимону мутахассисон, роҳҳои барқароркунӣ, нигоҳдорӣ ва ҳифзи онҳоро омӯхта корҳои назоративу фаҳмондадиҳӣ бурда мешаванд”.

- Бо мақсади дастрасӣ маълумот барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ китобчаи "Ҳудудҳои махсусмуҳофизатшаванда ва мавзеъҳои туризми экологии вилояти Хатлон” бо забонҳои англисӣ, русӣ ва тоҷикӣ, манбаъҳои обии вилояти Хатлон, варақаҳои ташвиқотии мавзеъҳои Балҷувон, "Чилучорчашма” ва "Бешаи палангон” пешниҳод гардидаанд, - таъкид намуд Т. Раҳмоналӣ.

Дар конференсия барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар ҳудуди вилоят аз тарафи масъулин пешниҳод     гардид, ки баргузории курсҳои омӯзишӣ бо мақсади баланд бардоштани касбият ва тахассуси масъулини соҳа, барои инкишоф додани туризми кӯҳнавардӣ сохтани базаҳои кӯҳнавардӣ дар мавзеъҳои кӯҳӣ, сохтани меҳмонхонаҳои типи нав "Ҳомстей” ва "Гестхаус”, ташкили иқлими мусоиди сармоягузорӣ барои ҷалби инвеститсияи хориҷӣ ва инфраструктураи сайёҳӣ, коркарди лоиҳаҳои инвеститсионӣ барои шаҳру ноҳияҳои бартариятдошта аз нигоҳи рушди иқтисодӣ ва намудҳои сайёҳӣ, ташкили системаи хуби тайёр намудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ, фароҳам овардани шароитҳо барои рақобатнокӣ дар самти хизматрасонии сайёҳон ташкил карда шавад.

Фаромӯз БОБОЕВ,

"Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дар ҳар ноҳия ду ширкати сайёҳӣ таъсис меёбад

Хабарҳо
Форуми байналмилалӣ таваҷҷуҳи оламиёнро ба Тоҷикистон зиёд менамояд

Форуми байналмилалӣ таваҷҷуҳи оламиёнро ба Тоҷикистон зиёд менамояд

Туризм
Балҷувон минтақаи туризми байналмилалист

Балҷувон минтақаи туризми байналмилалист

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
Баррасии рушди туризм дар Кӯлоб

Баррасии рушди туризм дар Кӯлоб

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Тақдими 740 китоби таълимӣ барои донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ

Тақдими 740 китоби таълимӣ барои донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм