Дар як сатр
» » Сарчашмаи меҳру вафо

Сарчашмаи меҳру вафо

5-10-2018, 09:28

Эмомалӣ Раҳмон родмардест, ки дар лаҳзаҳои ҳалкунандаи тақдирсоз манфиати давлату миллату халқи моро қаҳрамонона ҳифз кард, ба мардум ба ҷои олами ғам дунёи шодӣ фароҳам овард.

Аз Исои Масеҳ пурсиданд: «Дунё бо чӣ ба анҷом меёбад». Ӯ гуфт: «Магар шумо, эй фарзандонам, оғози дунёро фаҳмидед, ки анҷоми онро мепурсед?! Дунё бо он чӣ оғоз ёфт,  бо он анҷом меёбад».  Касе, ки оғози худро бидонад, анҷомашро ҳам медонад. Ҳуҷҷатҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки оғози мардуми тоҷик дар дунё нек будааст.

Сарчашмаҳои таърихӣ башорат медиҳанд, ки тоҷик аз авлоди ориёии пок, наҷиб, меҳмоннавоз гирифта шуда, рамзи тоҷдории тоҷикон шукӯҳу давлату савлат, ақлу хирад, донишу илм аст. Калимаи «тоҷик» хеле қадима буда, аз аввалин одами башар  Каюмарс ва шоҳи нахустин - Ҷамшед, ки ба сар тоҷ гузошта буд, ба вуҷуд омадааст. Саморо хуршед мунаввар мекарду заминро тоҷи тиллоии шоҳи тоҷикон. Баъдтар, сарзамини моро Хуросон номиданд, ки маънояш маконест, ки аз он нур ва равшанӣ меояд.

Таърих исбот кардааст, ки Ҷамшед барои зиндагонии бемарг ва бедард мубориза бурдааст. Шиори тоҷикон:  «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек буд». Санадҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки тоҷикон аз давраи пайдоиши худ  кӯчманчӣ  набуданд, аз паси чорпо биёбон ба биёбон, дашт ба дашт намегаштанд. Одатан, онҳо шаҳрнишин буданду бо замин, боғ, илму дониш сару кор доштанд. Садҳо нобиғаҳои олам ба монанди Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ то имрӯз шуҳрати оламгир доранд. Ин маънои онро дорад, ки тоҷикон халқи мутамаддун, бунёдкор ва маърифатпарвар буда, ин маънои наҷибро то  ба замони мо авлод ба авлод оварда расондаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таърихи пурғановати миллат мегӯяд: «Тоҷик бо кору пайкор барои ноил шудан ба озодӣ, бо созандагӣ ва бунёдкорӣ, бо ақлу заковати фарзандони  нобиғашон дар арсаи илму одоби сиёсат, бо расидан ба даврони эҳёи давлатдорӣ ва  бо талошҳо баҳри худшиносӣ ва огоҳии миллат таърихи худро ғаниву рангин  сохтааст».

Мегӯянд: «Як сухани олӣ беҳ аз сад сухани холӣ». Панд медиҳанд: «Хубӣ нурест, ки роҳи зиндагиро мунаввар мекунад». Огоҳ мекунанд: «Тарҳи зиндагиро дил мерезад ва ақл иҷро мекунад».

Инсон бузургтарин муъҷизаи олам ва далеру шуҷоатманд аст. Ҷуброн  Халилӣ Ҷуброн фармудааст: «Қимати инсон на ба он чизест, ки ба даст овардааст, балки ба он чизест, ки кӯшиш дорад». Табиатан инсон эҷодкор, офаранда, зебдиҳандаи ҳаёт аст. Хаёлан дар осмони орзуҳо парвоз мекунад, ба дуриҳои дур. Ҷаҳду талош меварзад, такопӯ мекунад, то ки зина ба зина, қулла ба қулла боло барояд, то он ки ба қуллаи мурод бирасад. Ин инсони равшанзамирро тамоми Тоҷикистон мешиносанд, эҳтиёту эҳтиромаш мекунанд. Пазмони баромадҳояш, суханрониҳояш мешаванд. Сухани ба дил наздик мегӯяд,  гӯё дарди дили ҳар фардро медонис-та бошад. Дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Роштқалъа, шаҳри Хоруғ ва Мурғоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мардум вохӯрию мулоқотҳо анҷом дод.

Истиқболи Сарвари давлат дар ҳама ҷо самимона меҳрубонона,  бомеҳру садоқат, боварии комил барои имрӯзу фардои кишвар сурат гирифт. Дар шаҳру ноҳияҳои кӯҳистони Бадахшон бо кумаки бевоситаи Сарвари давлат иншоотҳои гуногун: беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ дар Роштқалъа, корхонаи коркарди сангҳои қиматбаҳо дар Мурғоб, роҳҳо, биноҳои истиқоматӣ, майдони варзиш ва дигар объектҳо сохта ба истифода шуданд. Бошандагони ин шаҳру ноҳияҳо дар рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори туҳфаи муносиб - объектҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои таҳси-лоти миёна, Донишкадаи байналмилалии Осиёи Миёна, корхонаи коркарди сангҳои қиматбаҳо дар Мурғоб гардиданд.      Мардуми Тоҷикистон  ҳар як сафари Сарвари давлатро  бесаброна интизоранд. Онҳо медонанд, ки аз пайи қадами мубораки  Роҳбари давлат  чандин биноҳои хуштарҳу зебо ба истифода  дода шуда, коргоҳҳои нав ба фаъолият оғоз карда, даҳҳо шаҳрвандон соҳиби ҷойҳои нави корӣ шуда, ҳаёти худро беҳтар менамоянд. Тамоми мардуми кишвар ба хубӣ медонанд, ки Сарвари давлат ба кадом гӯша, минтақа, шаҳру ноҳияи мамлакат сафар кунад, албатта, дар ин макон силсилаи объектҳои хизматрасонӣ, муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва   ғайра ба кор оғоз карда,  ё барои сохтмон ба нақша гирифта мншаванд.

Мисли дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар дар Дарвоз, Ванҷ, Роштқалъа, Хоруғ ва ҳатто Мурғоби баландкӯҳи хунук, ки вақти сафари Сарвари давлат беист барф меборид. Сардори  давлат дар шароити мушкил ва ҳатто хатарнок дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб назди сокинони  ин мавзе рафта ин ҷо ҳам ба фаъолияти корхонаи навтаъсиси сангҳои қиматбаҳо хусни оғоз бахшида, барори кор хост. Ин лаҳзаҳоро аз телевизион тамошо мекардаму беихтиёр ин шоҳбати шоир Фахриддини Гургонӣ ба ёдам омад:

Ба осонӣ наёбӣ шодкомӣ,

Ба беранҷӣ наёбӣ некномӣ.

Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хислати ҳамидае дорад, ки бо меҳрубонӣ сари ятимон, бепарастонро падарвор сила карда, ба онҳо суханони неку самимӣ мегӯяд, чӣ орзу доштанашро мепурсад. Барои таълиму тарбияи дурусти онҳо ба масъулин дастуру супоришҳо медиҳад. Давраи тиллоии умри инсон айёми кӯдакӣ ва наврасӣ ҳисоб ёфта, онҳо ба навозиши падару модар, панду насиҳат эҳтиёҷ доранд.  Шояд шиори наврасони бесарубонмонда ин шеър бошад:

Дигар ба умр фикри ҳаводис

намекунам,

Дигар макони ҳасрати ворис

намекунам.

То он ки дасти шафқати ту

мерасад ба мо,

Дигар гарони бепадарӣ ҳис

намекунам.

Борҳо Эмомалӣ Раҳмонро  дар байни ятимон дидаем, ки ба онҳо сару либоси нав мепӯшонд, туҳфаҳо медод. Суҳбати гарму  самимие байни ӯ ва кӯдакон сурат мегирифт. Боре дар мактаб-интернате ба хонандае савол дод:

Писарам, калон шавӣ, кӣ

мешави?

Президент! - дарҳол посух

дод  писарча.

Аз ин ҷавоб Президент хушҳол шуда, табассум кард ва  гуфт: «Писарам, кӯшиш кунӣ, ба мақсадат мерасӣ.  Орзуи хуб ва олиҷаноб доштаӣ.  Ба ту таъфиқ, барор, хониши аъло орзумандам!»

Сипас, Роҳбари давлат ба омӯзгорон дастур дод, ки ба таҳсили хонандагон ҷиддитар машғул шаванд. Зеро ояндаи давлату миллат дар дасти онҳост.

Роҳбари давлат дар суханронии хотимавиаш  дар Бадахшон дар баробари дастовардҳои беназир, ҳамзамон дар хусуси баъзе гурӯҳҳое сухан ронд, ки ба кирдорҳои ношоиста машғул шуда, ба кишвари озоду ободи мо доғ меоваранд. Ҳақиқатан, Бадахшон кишвари афсонавист, ки ба он аз хориҷи кишвар сайёҳони зиёде  ташриф меоваранд. Набояд амалҳои ношоистаи се-чор гурӯҳи номатлубе табъи меҳмонон ва сайёҳонро хира созанд. Мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи вилоят уҳдадоранд ба  чунин амалҳо нуқта гузоранд.

Ҷасорату диловарӣ, оштино-пазирӣ нисбати нуқсону камбудиҳо ба Сарвари давлат хос аст. Он камбудиҳое, ки дар шаҳри Хоруғ  ба мушоҳида расид, баҳри ислоҳаш ба мақомоти  дахлдор супоришҳои қатъӣ  дод.

Эмомалӣ Раҳмон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳаёти сокинони ин диёри кӯҳистон аз наз-дик шинос шуда, баҳри вусъат бахшидани сохтмонҳо, вобаста ба талаботи замон беҳтар кардани сифати таълиму тарбия, хушсифат соз кардани роҳҳои кӯҳистон супоришҳо дода, дар навбати худ, иҷрои супоришҳои дар сафари пешин додаашро ба мушоҳида гирифт. Ин гувоҳи он аст, ки Сарвари кишвар ҳамеша аз пайи ободии кишвар аст.

Одамон ҳар гоҳе, ки Роҳбари давлатро даст  рӯйи сина бинанд, дарҳол дарк мекунанд, ки чизе ба ӯ писанд омадаасту фикри амалигардонишро дорад. Боз як гӯшаи ватан обод хоҳад шуд.

Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боварибахшона ва дилпурона мегӯяд:  «Зина ба зина пеш рафтан ва пойдевори ояндаро аз имрӯз гузоштан, ин амри замон ва тақозои асри нав аст. Зеро ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои мутамаддини олам дар асри  инқилоби илмиву техникӣ бо суръати кайҳонӣ пеш мераванд.

Мову шумо бояд аз қатори дартози аср қафо намонем ва Ватани азизи худро, ки биҳишти воқеии рӯи замин аст, тарҳи замонавӣ, иқтидори рӯзафзуни иқтисодӣ ва рушду нумӯи босуботи техникиву технологӣ бахшем».

Мардуми қадршиноси киш-вар ҳис кардааст, ки Сарвари давлат ба ин обрӯю эътибор, мартабаву шуҳрат ба туфайли ҷоннисориҳо, заҳматҳои шабонарӯзии чандинсола соҳиб шудааст. Кишвари ҷангзада давлати харобгаштаро бо ҷасорату мардонагӣ, нангу номуси ватандорӣ аз нав ободу зебо кард. Ӯ дардошнои мардум аст. Вақти суханронӣ дар шаҳри Хоруғи  Вилояти Кӯҳистони Бадахшон дар назди ҷаъомадагон ошкоро иброз дошт, ки он чанд нафаре, ки кирдори ношоис-та доранд, ҳамаашонро медонад ва онҳо беҷазо нахоҳанд монд. Баромадаш хеле ҷиддӣ ва суханҳояш нишонрас буд. Дар давом зикр гардид, ки Бадахшон макони зебои сайёҳист, ба ин мулки нозанин аз давлатҳои гуногуни олам сайёҳон меоянд ва мехоҳанд Боми Ҷаҳонро бо чашмони худ дида, аз зебоиҳояш ҳаловат баранд. Роҳбари давлат зикр кард, ки  шаҳри Хоруғ ободтар гашта,  меҳмонхонаҳо ва дигар иморатҳои замонавӣ  қомат рост карда ҳусни ин маконро дубора месозад.

Барои Сарвар обод намудани ҳар як гӯшаи ватан корест масъулиятнок, бошараф. Манфиатҳои мамлакатро ҳифзу ҳимоят кардан кори ҳар фарзанди шарафманди миллат аст. Дастурҳои раҳнамунсозаш ҳадафҳои умедбахш дошта, ба беҳрӯзии ҳаёти халқ бахшида шудааст. Сокинони кивар шоҳиданд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба хотири шинос шудан аз вазъи кор, зисту зиндагонии мардум ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафар карда, аз наздик ба кору ҳаёти одамон шинос мешавад. Пешниҳод, таклиф,  мулоҳиза ва андешаҳои арзишманди одамонро ба эътибор гирифта, бо ташаббуси Сарвари давлат амалӣ гардиданд, ки ба туфайли он боварию эътиқоди одамон ба ӯ зиёд мешавад.  Ниёзмандону барҷомондагон аз кумакҳои ӯ бархӯрдор буда, дар ҳаққаш дуои нек мекунанд. Ҳамчунин, вақти вохӯрию мулоқот бо намояндагони шаҳру ноҳияҳо Сарвари давлат соҳибистеъдодҳоро ҷустуҷӯ карда, мувофиқи донишу истеъдодашон ба корҳои масъул пешниҳод мекунанд. Ин тадбир ба хотири истеъдодҳои ҷавон ва шукуфоии ватани маҳбубамон аст.

...Мо тавассути телевизион дидем, ки вақти ба диёри баландкӯҳ сафар кардани Роҳбари давлат бориш ба амал омад, ки дар чунин вазъияти номусоиди   ҳавоӣ парвоз хатарнок аст. Шамол барфро ба  шишаи тирезаи чархбол мезад ва дидани хатти парвоз мушкилтар мешуд. Сарнишинон бо ҷасорати ба худ хос моҳирона аз болои ағбаи деҳаи Алигур гузаштанд ва аз пушти шишаи тарҳи роҳу хонаҳо намуддор шуд. Дар ҳавои номусоид ва рӯзи пурбарф чархбол ба Мурғоб, ки он ҷо сокинон Сарвари давлатро интизор буданд, бомувафақият фаромад. Меҳри ватан,  дилсӯзи халқ, иродаи устувор, ҷасорат, ягонагии қавлу амал Сарвари давлатро  водор месозад,  бо вуҷуди мушкилот ва хатарнок будани роҳ ба дурдасттарини деҳаҳои кишвар сафар карда, аз тарзи зиндагӣ ва кору бори онҳо бохабар шуда, барои ҳаёти шоиста ва сазовор ноил гаштани онҳо кумак намояд.

Аз пайи қадами  мубораки Сарвари давлат гул рӯйида, дигаргуниҳои зиёди фараҳбахш ба амал меояд.  Эмомалӣ Раҳмонро мардуми кишвар боэҳтиром «Сарчашмаи некӣ», «Фарзанди миллат», «Ҷонфидо» «Давлати баргаштаи миллат», «Фархундапай», «Равшангари роҳи  миллат» ва дигар суханони пандомез мегӯянд, ки ба ҳамаи он арзанда аст.  Дар васфи Қаҳрамони миллат Эмомалӣ Раҳмон адибон шоҳбайтҳои  пурмазмуну пурмуҳтаво  эҷод кардаанд, ки ин арзандаи ӯст. Шоире дар он ҷода басо мувофиқ  шеър офаридааст:

 

Хизмати шоистае бар халқу

миллат кард ӯ,

Мардумашро соҳиби бахту

саодат кард ӯ.

Офарин бар модаре

Эмомалиро офарид,

То даме  ки ҳастӣ дунё,

Тоҷикистон зинда бод!

Тоҷикистон, Сарварат аз оли

Раҳмон, зинда бод!

 

Б. САЙДАЛИЕВ,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Оқи миллатшуда

Хабарҳо
Насли ояндасозро тарбия менамоем

Насли ояндасозро тарбия менамоем

Маориф ва илм

Нақши Пешвои миллат дар устувории ваҳдату ягонагӣ

Номаҳои Шумо
А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ