Дар як сатр
» » Ислоҳот - омили рушди кишоварзӣ

Ислоҳот - омили рушди кишоварзӣ

4-10-2018, 10:23

маърӯзаи муовини аввали раиси вилояти хатлон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ

Муҳтарам раис!

Вакилони арҷманд!

Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи дар ояндаи начандон дур таъмин намудани сатҳи баланди некуаҳволӣ ва беҳтаршавии сифати зиндагии аҳолӣ, таъмини зиндагии осоиштаи мардуми кишвар гузошта шудааст. Яке аз роҳҳои имконпазири ноил гардидан ба ин ҳадаф, дар деҳот ба таври воқеӣ гузаронидани ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ мебошад. Бо ин мақсад 1 августи соли 2012 таҳти рақами 383 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020” ба тасвиб расида, дар асоси он қарори раиси вилояти Хатлон аз 8 ноябри соли 2012, №268 «Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми августи соли 2012, №383 дар бораи Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020” қабул гардида.

Ҳозирини арҷманд!

Аз давраи қабули Барнома шаш сол сипарӣ гардид. Дар ин давра ҷиҳати таъмини рушди ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят як қатор тадбирҳои самарабахш амалӣ шуд.

Пеш аз ҳама, қарори раисони шаҳру ноҳияҳо ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳо низ тасдиқ гардидааст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ марҳилаи ислоҳоти иқтисодӣ оғоз гардида, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 1995, № 342 ва аз 1 декабри соли 1997, №874 75 ҳазор гектар замин барои истифода ба хоҷагидорон ҷудо карда шуд, ки ин амали Роҳбари давлат ҷиҳати таъминоти аҳолӣ бо озуқа мусоидат намуд. Мавриди қайд аст, ки пас аз қабул гардидани ин санадҳои мазкур як қисми аҳолӣ ба кор ҷалб гардид, ки он барои ҳалли масъалаҳои таъмини шуғли аҳолӣ аҳамияти хеле калон дошт.

Бо мақсади истифодаи пурсамар ва оқилонаизахираҳои замин, об, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1996, №522 "Дар бораи таҷдиди корхонаҳо ва ташкилотҳои кишоварзӣ” қабул гардид ва дар раванди тадбиқи он нархи маҳсулотҳои кишоварзӣ озод эълон гардид, ки ин ба соҳибихтиёрии хоҷагидорон барои парвариши маҳсулот мусоидат намуд.

Гузариш ба тарзи нави муносибатҳои иқтисодӣ ва ташкили шаклҳои нави хоҷагидорӣ, инчунин хусусигардонии амвол дар соҳаи кишоварзӣ ба тағироти куллӣ оварда расонд. Имрӯз дар соҳаи кишоварзии вилоят шумораи умумии хоҷагиҳои деҳқонӣ-фермерӣ ба 67,5 ҳазор адад расидааст, ки аз ин шумора 65376 адади он бо Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин таъмин шудаанд.

Дар натиҷаи афзоиши теъдоди хоҷагиҳои деҳқонӣ тибқи маълумотҳо соли 2018 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 414 ҳазор гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз он ҷумла ғалладона 180,8 ҳазор, картошка 12,3 ҳазор, сабзавот 34,5 ҳазор, полезӣ 14,2 ҳазор, зироатҳои техникӣ 131,4 ҳазор гектар, аз он пахта 122,4 ҳазор гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 30,2 ҳазор гектар гузаронида шуд, ки дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли 2017 зироатҳои техникӣ 2361 гектар, аз ҷумла пахта 2854 гектар, сабзавот 4210 гектар, полезӣ 795 гектар ва картошка 2577 гектар зиёд кишт карда шуд.

Ғайр аз ин, бо мақсади истифодаи самараноки замин, рӯёнидани ду-се ҳосили кишоварзони вилоят соли равон дар майдони 97.2 ҳазор гектар, кишти такрори зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуд, ки дар муқоиса нисбати соли 2012-ум 5500 гектар зиёд мебошад. Ба ҳолати 1 сентябри соли 2018-ум 610,3 ҳазор тонна ғалладона, 858,1 ҳазор тонна сабзавот, 350,2 ҳазор тонна полезӣ, 201,8 ҳазор тонна картошка, 130 ҳазор тонна мевагиҳо ва 69,7 тонна ангур истеҳсол карда шуд, ки афзоиши он ба ғайр аз ғалладонагиҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз 2 то 36,9 фоизро ташкил медиҳад. Аз давраи қабули Барнома бошад, ғалладона 113 фоиз, сабзавот 152 фоиз, полезӣ, мева 149 фоиз, ангур 130 фоиз афзоиш ёфта, барои таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат намуд.

Дар давоми ҳашт моҳи соли 2018 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 6 миллиарду 750 миллиону 224 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки афзоиши он нисбати соли 2017-ум 4,5 фоизро ташкил намуд.

Аз давраи қабули Барнома истеҳсоли ғалладона 104741 тонна нисбати соли 2012 зиёд гардида, соли 2017 ба 903125 тонна расонида шуд. Дар вилоят соҳаи боғу токпарварӣ рушд ёфта, вобаста ба зиёд гардидани майдони боғу токзорҳо, истеҳсоли меваю ангур низ афзудааст. Агар, истеҳсоли меваҷот дар соли 2012-ум 116115 тонна, ангур 78163 тоннаро ташкил дода бошад, пас соли 2017 меваҷот ба 173877 тонна ва ангур ба 101420 тонна расонида шуд, ки дар натиҷамеваҷот 50 фоиз ва ангур 30 фоиз афзудааст.

Бо мақсади тараққӣ додани боғҳои интенсивӣ ва таъмин намудани корхонаҳои саноатӣ бо мева дар ҳамкорӣ бо боғпарварону олимони соҳа дар ноҳияҳои вилоят, дар маҷмӯъ, 265 гектар боғҳои интенсивии ба содирот нигаронидашуда бунёд карда шуд.

Солҳои охир дар ноҳияи Ҷайҳун кишти сабзавот,хусусан пиёзи барвақтӣ, рушд ёфта, танҳо соли 2018 дар майдони 3158 гектар кишт гузаронида, 133,6 ҳазор тонна истеҳсол гардид, ки ҳосилнокии он аз ҳазор гектар 316,3-сентнериро ташкил медиҳад.

Аз ин ҳисоб, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар ба ҳолати 1 сентябри соли ҷорӣ дар ноҳияи мазкур 42533,1 тоннаро ташкил дод, ки 41866 тоннаи он пиёз мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари дастовардҳои давраи ислоҳоти соҳа аз интихоб ва истифодаи тухмиҳои хушсифати серҳосил вобастагии калон дорад. Дар хоҷагиҳои деҳқонии алоҳидаи ноҳияи Ҷайҳун навъҳои тухми пиёзи "Техас”, ”Алдава”, "Сибир-1”, "Баерсой”, "Тунис” кишт гардид, ки ҳосилнокиашон то 70-80 тоннаро ташкил намуд.

Бояд қайд намуд, ки аз давраи қабули Барнома кишоварзони вилоят ба кишти полезӣ аҳамияти хоса зоҳир намуда, суръати афзоиши истеҳсоли полезӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Вахш, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Дӯстӣ, Шаҳритӯс, Ёвон, Н. Хусрав, Муъминобод, Фархор, Ҳамадонӣ , Восеъ ва шаҳрҳои Нораку Левакант аз 124 то 284 фоизро дар бар мегирад.

Дар давоми ду соли охир дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ дар шаҳри Бохтар мағозаи фурӯши тухмиҳо ва дар 12 шаҳру ноҳияҳо нуқтаҳои мавсими фурӯши тухмиҳо ташкил карда шуд. Ғайр аз ин, ба воситаи ширкати Шведсарӣ дар 6 шаҳру ноҳияҳои вилоят мағозаҳои фурӯши тухмии бо номи "Меъроҷ” кушода шуд. Инчунин аз тарафи соҳибкорони ватанию хориҷӣ 3 навъи гандуми тухмии Фанян-1, Фанян-3, Фанян-909, ва навъҳои кишвари Краснодари Русия ворид гардида, аз ҳар гектар аз 51 то 64- сентнерӣ ҳосил рӯёнида шуд. Солҳои охир ба соҳаи пахтакорӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, кишти онро сол то сол зиёд намудаистодаанд. Танҳо соли 2018 бо истифода аз техникаю технологияи муосир дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар майдони 122404 гектар кишти пунбадона гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2854 гектар зиёд бошад.

Бо мақсади ноил гардидан ба пешравиҳои истеҳсолӣ тавасути ширкатҳои ҶДММ Иттиҳодияи аграрии "Водии Заррин”, ширкатҳои чинии "Сароб” ба вилоят 267,5 тонна чигити тухмии луччаккардашуда ворид гардида, кишт карда шуд.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки соли 2017 дар натиҷаи риояи қоидаҳои агротехникӣ, меъёри обмонӣ ва озуқадиҳӣ дар аксарияти хоҷагиҳои пахтакор ҳосили дилхоҳ ба даст оварда шудааст. Бо мақсади дастгирии кишоварзон аз давраи қабули Барнома аз ҷониби бонкҳои хизматрасонӣ ба маблағи 2 миллираду 502,7 миллион сомонӣ, аз ҷумла 218,8 миллион сомонӣ ба соҳаи пахтакорӣ дода шудааст.

Яке аз омилҳои дигари ислоҳоти соҳа ин истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо буда, бо мақсади таъмини аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза соли равон дар майдони 46,4 гектар гармхонаҳои доимоамалкунанда ва 449 гектар гармхонаҳои мавсимӣ фаъолият намуда, дар ҳамаи шаклҳо 16213 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан помидор, бодиринг ва дигар сабзавотҳо истеҳсол гардида, дар бозорҳои дохили кишвар ба фурӯш бароварда шуд.

Ҷиҳати коркард намудани маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, хусусан меваю сабзавот, дар вилоят 31 адад корхонаҳои коркарди меваю сабзавот фаъолият дошта, дар давоми 8 моҳи соли равон 3940,5 ҳазор қуттӣ консерва истеҳсол гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 55,2 ҳазор қуттӣ зиёд мебошад. Инчунин, 5 адад корхона ба истеҳсоли меваи хушк машғул буда, дар ин давра 17,6 тонна меваи хушк истеҳсол намудаанд. Ҳол он ки ҳамасола дар вилоят 1021221 тонна сабзавот ва 275297 тонна меваю ангур истеҳсол мегардад ва барои бо иқтидорҳои пурра фаъолият намудани корхонаҳо басанда мебошад.

Боиси қайд аст, ки дар муҳлатҳои оптималӣ гузаронидани шудгор, кишт ва сари вақт ҷамъоварӣ намудани зироатҳои кишоварзӣ техника ва технологияи муосир омили муҳим ба шумор меравад. Тибқи маълумотҳои оморӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 12,3 ҳазор адад тракторҳо ва 467 адад комбайнҳои ғалладарав мавҷуд мебошанд. Бо мақсади расонидани ёрии амалӣ ва таъмин намудани хоҷагиҳо бо техникаю таҷҳизотҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз тарафи Филиали КВД "Тоҷикагролизинг” 23 адад марказҳои хизматрасонии техникӣ ташкил карда шуда, 44 адад техника, аз он ҷумла 12 адад комбайнҳои ғалладарав ва 414 адад таҷҳизоти замонавӣ ба маблағи 20,4 млн сомонӣ ворид карда шудааст.

Филиали КВД ҷумҳуриявии "Тоҷик-агролизинг” дар миқёси вилоят бо 927 хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамкорӣ дошта, ба онҳо 1061 адад техника ва 1618 адад таҷҳизоти гуногун бо тариқи иҷораи молиявӣ (лизинг) ҷудо карда шудааст, ки он 132,2 миллион сомониро ташкил менамояд.

Ғайр аз ин, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҳисоби лоиҳаи "Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо” дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 368 адад трактор, 12 комбайн, 225 адад ядак, 277 адад алафдаравакҳои гуногунтамға ва 1700 адади дигар таҷҳизоту мошинолотҳо дода шудааст, ки ҷиҳати пешравии соҳа мусоидат намуда истодаанд.

Бояд қайд намуд, ки аз давраи қабули Барнома мувофиқи маълумотҳо нисбати соли 2012 саршумори чорвои калон 13,5 фоиз, аз ҷумла модагов 14,9, гӯсфанду буз 16, паранда 16,2 асп 3, истеҳсоли гӯшт 66, шир 30, тухм 43 ва пашм 18 фоиз афзоиш ёфтааст.

Мувофиқи ҳисоботҳо ба 1 сентябри соли 2018 аз майдони 2116,3 гектар ҳавзу кулҳои мавҷуда, 36 ё 2 тонна моҳӣ истеҳсол намуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2017-ум 4 тонна зиёд мебошад. Аз давраи қабули Барнома теъдоди хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба 200 адад расонида шуд.

Дар ин давра дар вилоят Ассосиатсияи моҳипарварони вилоят ташкил карда шуд, ки се сол боз фаъолият менамояд. Дар ҳамкорӣ бо ҶДММ Корпоратсияи "Моҳии тоҷик” соли 2017-ум 8 намуд моҳичаҳои хушзот аз оилаи карп ва амури сафед аз Федератсияи Россия, шаҳри Краснодар оварда шуда, бо хоҷагиҳои моҳипарварии вилоят 570 ҳазор дона моҳича бо тариқи шартномаи тарафайн тақсимшуд,ки ин иқдом дар моҳҳои сентябр-октябри соли 2018 низ давом дода мешавад.

Дар натиҷаи андешидани чорабиниҳои саривақтӣ, гузаронидани озмунҳои вилоятию шаҳру ноҳиявӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят оилаи занбӯри асал ба 60,1 ҳазор расонида шуд, ки нисбати соли 2011-ум 17840 оила зиёд мебошад.

Бо мақсади таъмини Барномаи ислоҳоти кишоварзӣ оид ба ворид намудани чорвои сермаҳсули зотӣ, хушзот гардонидани саршумори чорво, зиёд намудани маҳсулнокӣ аз давраи қабули Барнома дар ноҳияҳои Ёвон, А. Ҷомӣ, Хуросон, Кӯшониён, Ховалинг, Ҳамадонӣ, Данғара, Ҷ. Балхӣ 9 адад фермаҳои холимонда барқарор карда шуда ва дар онҳо зиёда аз 2000 саршумори чорвои калони шохдори хушзот нигоҳубин карда мешавад.

Бо дастгирии соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар вилоят 6 адад фабрикаҳои парандапарварӣ дар ноҳияҳои Панҷ, Шаҳритӯс, Хуросон, Ёвон, Данғара ва Левакант фаъолият намуда, дар ҳашт моҳи соли равон аҳолиро бо 1203 тонна гӯшти парҳезӣ ва 4,0 миллион дона тухми ватанӣ таъмин намудаанд.

Бояд қайд намуд, ки дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи парандапарварӣ ва воридоти таҷҳизоту хӯрока дастгириҳои ҳамаҷониба баён карда шуд, ки ба ҷиҳати рушди соҳаи парандапарварӣ мусоидат менамояд.

Яке аз самтҳои дигари ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ин ташкили сардхонаҳо ва анборҳои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Бо мақсади нигоҳдорӣ ва танзими нарх дар бозорҳо бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ тибқи маълумотҳо дар ноҳияҳои вилоят, дар маҷмӯъ, 33 адад яхдону сардхонаҳо бо иқтидори 16880 тонна омодаи кор буда, 22 адад анборхона бо ғунҷоиши 4102 тонна мавҷуд мебошад.

Қайд кардан зарур аст, ки барои дар сатҳи зарурӣ таъмин намудани нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур,дар баробари зиёд гардидани истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ, барои дар оянда коркард ва содирот намудани маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан меваю сабзавот, дар ноҳияи Ҷ. Балхӣ корхонаи коркарди меваю сабзавот ҶДММ "И. Сомон” бо иқтидори истеҳсолии 300 тонна афшураи меваю сабзавот дар як сол сохта ба истифода дода шуд. Бояд қайд намуд, ки самти дигари барнома баҳри беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо равона гардидааст. Аз соли 2012 то инҷониб дар ин самт 42598,4 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст.

Дар солҳои 2012-2018 аз ҳисоби сармояи хориҷӣ дар ноҳияи Данғара дар марҳилаи якум 2500 гектар, дар марҳилаи дуюм 1750 гектар заминҳои нав аз худ ва кишт шуда, марҳилаи сеюми заминҳои нави обёришавандаи водии Данғара оғоз гардид, ки он1750 гектар замини навро дар бар мегирад. Дар шаш соли қабули барнома дар хоҷагиҳои ҷангали вилоят 1794 гектар ҷангал бунёд карда, 2371 гектар ҷангалзорҳо барқарор гардид. Аз майдони умумии ҷангалҳои бунёдшуда 172 гектараш бунёди боғҳои нави мевадиҳанда мебошад.

Ғайр аз ин, аз ҳисоби Барномаи "Мутобиқшавӣ ва тағъйирёбии иқлим тавассути ҷангалпарварии устувор дар ҳавзаҳои муҳими обҷамъкунии дарёҳои Тоҷикистон”, ки аз тарафи бонки рушди Олмон маблағгузорӣ мешавад, дар майдони 1443 гектар ҷангал бунёд шудааст.

Дар хоҷагиҳои ҷангал ниҳолхонаҳои хурд ташкил карда, дар он парвариши ниҳолҳои писта дар халтачаҳои полиэтиленӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар ду соли охир ба миқдори 281700 бех ниҳоли писта парвариш карда,дар бунёд ва барқароркунии ҷангалҳо истифода бурда шудааст.

Дар ноҳияи Ҷайҳун ҶДММ "Салоса” дар майдони беш аз 70 гектар пистаҳои навъи эронӣ бунёд намуда, аз 18 гектари он аллакай ҳосили хуби писта ба даст оварда шудааст. Тибқи ҳисоботи солонаи замин ба ҳолати 1 январи соли 2018 дар марзи маъмурии шаҳру ноҳияҳо 1227470 гектар аз он 670464 гектар чарогоҳҳои зимистона, 221223 гектар чарогоҳҳои тобистона ва 335783 гектар дигар намуди чарогоҳҳо мавҷуд мебошанд. Ҷиҳати рондани чорво ба чарогоҳҳои тобистона дар ҳудуди вилоят 23734 гектар роҳҳо ва роҳҳои чорвогузар ба қайд гирифта шудааст.

Бо мақсади беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳо аз ҷониби муассисаи давлатии Маркази идораи лоиҳаи "Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо” дар ноҳияҳои Муъминобод, Темурмалик, Ш. Шоҳин, Балҷувон ва Ховалинг 203 ҷамъиятҳои чарогоҳ-истифодабарандагон ташкил карда шуд. Бо мақсади беҳгардонии ҳолати чарогоҳҳо 593 тонна нуриҳои минералӣ ва 104 тонна тухмии алафҳои хӯроки чорво ( юнучқа, эспарсет ва ҷав) дастрас ва инчунин дар майдони 167 гектар замини чарогоҳ қитъаҳои намоишӣ ташкил карда шуд.

Дар маҷмӯъ, аз тарафи Маркази мазкур дар панҷ ноҳияҳои зикргардида ҳолати 83980 гектар замини чарогоҳҳо беҳтар карда шуд. Ҷиҳати беҳсозии инфрасохтори чарогоҳҳо, хатти оби нушокӣ, роҳҳои чорвогузар, гузаргоҳҳо ва пулҳо таъмир ва нисбати азнавсозии онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи чарогоҳ” қитъаи замини чарогоҳҳо танҳо барои чаронидан ва нигоҳдории чорво пешбинӣ шудааст.

Аз ин рӯ, бо мақсади ба танзим даровардани чарогоҳҳо, ба ҳисоботи оморӣ дохил намудани чорвои хоҷагиҳоии деҳқонӣ, ки ба онҳо чарогоҳ вобаста карда шудааст, тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, замини чарогоҳ танҳо ба шахсоне вобаста карда шавад, ки онҳо соҳиби чорво мебошанд.

Вобаста ба банди 4,1 Барнома аз давраи қабули Барнома то ин давра 8126 хоҷагиҳои кишоварзӣ шартномаҳои суғуртаи ҳатмиро ба роҳ монда, ба маблағи 1618,2 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби филиалҳои КВД "Тоҷиксуғурта” пардохт намуда, 142 нафари онҳо ба маблағи 652,6 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби шартномаҳои ҳамкорӣ баҳравар гардидаанд.

Иқтидорҳои мавҷуди соҳаи кишоварзии вилоят ва оқилона истифода бурдани он тавассути технологияҳои муосир ва гузаронидани ислоҳоти воқеии соҳа, метавонад, ҷиҳати таъмини амнияти озуқавории мамлакат мусоидат намояд.

Аз вакилони муҳтарам низ даъват ба амал оварда мешавад, ки дар таъмини иҷрои Барнома, ки яке аз омилҳои муҳими расидан ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат ба шумор меравад, дар маҳалҳо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкоронро нисбати ин масъалаи муҳим ҷалб намуда, ҳиссаи босазои худро гузоранд.

Ба ҳамаи шумо муваффақият ва барори кор мехоҳам.

Ташаккур ба диққататон!



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Таъсиси 750 ҷойи нави корӣ

Таъсиси 750 ҷойи нави корӣ

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Комёбиҳои назарраси кишоварзон

Комёбиҳои назарраси кишоварзон

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Дастовардҳои арсаи кишоварзӣ дар Н. Хусрав: Дурнамо беш аз 100% иҷро гардид

Дастовардҳои арсаи кишоварзӣ дар Н. Хусрав: Дурнамо беш аз 100% иҷро гардид

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Иштирок дар ярмаркаи фурӯши чорво ва маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон

Иштирок дар ярмаркаи фурӯши чорво ва маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ
Дастовардҳои Хатлон дар соли 2014

Дастовардҳои Хатлон дар соли 2014

Иқтисоду тиҷорат