Дар як сатр
» » «Ватан - Модар ба бозуи мардонаи шумо умед дорад»

«Ватан - Модар ба бозуи мардонаи шумо умед дорад»

3-10-2018, 08:18

Рӯзи 2 октябр саҳни Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар идгоҳро мемонд. Ҷавонон бо ҳисси меҳанпарастӣ бо шиору навиштаҷоти ватандӯстона, парчамҳои рангоранг ва рӯҳияи ватандӯстона ҷамъ омада буданд.

Дар доираи маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин гурӯҳи ҷавонони вилояти Хатлон, ки синнашон (1991-2000) ба хизмати ҳарбӣ расидааст, ботантана ба артиш сафарбар карда шуданд.

Ҷамъомадро раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҳусни оғоз бахшида, таъкид намуд, ки боиси хушбахтӣ ва сарфарозии миллати тоҷик аст, ки имрӯз зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани азизамон Тоҷикистон дар ҳолати рушд ва сулҳу субот қарор дорад. Боиси тазаккур аст, ки мардуми ориёиасл соҳиби таърихи куҳан буда, аз қадимулайём дорои сипоҳи бонизому машқдида буда, худро аз душман ҷасурона ҳимоя мекарданд. Аз ин рӯ, набояд фаромӯш сохт, ки марзу буми ватан яке аз муқаддасоти миллӣ буда, ҳимояи он барои ҳар як соҳибватан ҳам фарз асту ҳам суннат.

Раиси вилоят дар идомаи гузориши худ зикр намуд, ки таърих гувоҳ аст, ки баъд аз ҳазор сол ин миллати тамаддунофару куҳанбунёд соҳибистиқлол ва соҳиби Артиши миллӣ гашт, ки ин зуҳурот воситаи бузурги мудофиавии давлат мебошад. Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз рункҳои асосии давлатддории миллист. Падару модарони шумо хуб дар ёд доранд, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистони азизамон ба ҷанги таҳмилӣ дучор гашта, аз меросе, ки бояд аз ҳисоби Иттиҳоди Шӯравӣ соҳиби иқтидорҳои ҳарбӣ мегардид, дар канор монд. Инак, Артиши миллии мо дар замоне таъсис ёфт, ки барои пойгоҳи аввалини он заминаҳои моддиву техникӣ вуҷуд надоштанд. Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо дар Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ҳазорҳо ҷавонони аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта, зираку чолок ва дорои тарбияи баланди ватандӯстиву ифтихори миллидошта, сарбаландона адои хизмат мекунанд, ки бо неруи худ дар таҳкими сулҳу оромии кишварамон ҳиссаи муносиби хешро гузошта истодаанд.

- Баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон, равнақи худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллии онҳо дар шароити соҳибистиқлолии мамлакат яке аз омилҳои таҳкими тақвият бахшидани Истиқлолият ва муҳимтарин фишанги ҳаракатдиҳандаи пешрафти ҷомеа мебошад. Роҳнамо сохтани ҷавонон ба шуҷоатмандиву далерӣ, дӯст доштани обу хоки диёри худ, риояи меъёрҳои ҳарбӣ ҳамчун асоси ба камол расидани онҳо ва дар ин замина ривоҷ додани тарбияи ҳарбиву ватанпарастӣ дар шароити имрӯзаи ҷумҳурӣ аҳамиятибеандоза касб менамоянд, - таъкид намуд раиси вилоят Д. Гулмаҳмадзода.

Дар гузориши раиси вилоят ишора гардид, ки беш аз ҳазор нафар ҷавони вилояти Хатлон аллакай барои рафтан ба хизмати ҳарбӣ ихтиёран худро дар комиссариати ҳарбии шаҳру ноҳияҳои вилоят номнавис кардаанд. Ин гувоҳи он аст, ки шароити хуби хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ теъдоди зиёди ҷавононро бо хоҳиши худ ба ҳимояи марзу буми ватан ҷалб месозад. Ҳамзамон, дар шаҳру ноҳияҳои кишвар корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва омодагии ҳарбии ҷавонон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

- Воқеан, хизмат ба ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бонангу номусро талаб мекунад. Ҷавони шарафманду ватандӯст бояд анъанаҳои беҳтарини ҳарбии ниёгонро сармашқи кори худ қарор дода, дар ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини амнияти он, боло бурдани обрӯву эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ саҳми босазо гузорад, - идома дод раиси вилоят.

Сипас, Нигина Ҳусейнова, модари яке аз наваскарон аз ноҳияи Кӯшониён ба сухан баромада, гуфт: "Аз он шодам, ки имрӯз фарзанди ман бо хоҳиши худаш барои ҳимояи марзу буми ватани азизамон - Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар дорад, то ки мо- модарон сар дар болин монда орому осуда бошем. Чӣ хеле ки ба ҳамагон маълум аст, хизмати ватан барои ҳар як ҷавонмард қарз аст ва бояд ҳар як ҷавонмард қарзи худро адо кунад”.

- Имрӯз боиси ифтихор аст, ки ман баъди хатми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гашта, қарзи ҷавонмардиамро дар назди Ватан-Модар адо хоҳам кард, - иброз дошт наваскар Раҷабалӣ Бобоҷонов, аз ноҳияи Дӯстӣ. - Кӯшиш мекунам, ки ҳангоми хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ватанро софдилона ва содиқона ҳифз намоям.

Дар давоми чорабинӣ раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва комиссари Комисариати ҳарбии вилоят полковник Ҳаким Куганзода ба наваскарон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.

Пасон, маросими нонгазон аз ҷониби модарон хеле ҳаяҷонангез сурат гирифт. Онҳо ба наваскарон кулчаҳои ширмоли бомеҳру муҳаббати беандоза пухтаи хешро пешниҳод намуда, чун анъанаи куҳани аҷдодӣ дуои нек доданд. Зеро пос доштани кулчаи бомаззаи дастпази модар - нигоҳдорандаи оташи фурӯзони хонадон, ҳар як ҷавонро водор месозад, ки содиқона хизмати Ватан-Модарро ба ҷо ораду бо сари баланд ба хона баргардад. Дар ин баробар, гулдухтарони зебои атласу чаканпӯш гулу рӯймолчаҳои нақшин ба нав-аскарон тақдим намуданд.

Дар охир, аз тарафи санъаткорони Раёсати фарҳанги вилоят барномаи консертӣ пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.

Фаромӯз БОБОЕВ,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҷавонон бо амри дил ба артиш мепайванданд

Ҷавонон бо амри дил ба артиш мепайванданд

Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Гусели аввалин гурӯҳи наваскарон дар Хатлон

Гусели аввалин гурӯҳи наваскарон дар Хатлон

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Гусели аввалин гурӯҳи наваскарон дар Хатлон (аксҳо ва видео)

Гусели аввалин гурӯҳи наваскарон дар Хатлон (аксҳо ва видео)

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҷавонон ва варзиш, АСАЛМО САФАРОВА, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ноҳияи Носири Хусрав яке аз аввалин шуда маъракаи даъвати наваскаронро ба о ...

Ноҳияи Носири Хусрав яке аз аввалин шуда маъракаи даъвати наваскаронро ба о ...

Хабарҳо
Ҷавонони шуҷоъ ба хизмати Ватан мераванд

Ҷавонони шуҷоъ ба хизмати Ватан мераванд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ