Дар як сатр
» » Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «ҳосили дастранҷи деҳқон беталаф ҷамъоварӣ гардад»

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «ҳосили дастранҷи деҳқон беталаф ҷамъоварӣ гардад»

3-10-2018, 08:02

28-уми сентябри соли равон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Иҷлосияи XV-уми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати панҷум доир гардид. Дар кори Иҷлосия муовини аввал, муовинон, дастгоҳи раиси вилоят, вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар масъулин ширкат дош-танд. Ҷаласаро раиси вилоят, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҳусни оғоз бахшид.

Дар Иҷлосия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд

1. Рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 8 ноябри соли 2012, №268 оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012, №383 «Дар бораи Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят.

2. Рафти иҷрои Қарори раиси вилояти Хатлон аз 11 октябри соли 2011, №270 «Оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2011, №409 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят.

3. Ҳисоботи сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2014, №740 «Дар бораи нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тадбиқи марҳилаи дуюми Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят.

4. Масъалаҳои кадрӣ ва ҷорӣ.

Аз рӯйи масъалаи асосии рӯзномаи Иҷлосия доир ба рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 8 ноябри соли 2012, №268 оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012, №383 «Дар бораи Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, муовини аввали раиси вилоят Зиёзода Сулаймон Ризоӣ гузориши муфассал дод.

Доир ба рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 11 октябри соли 2011, №270 «Оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2011, №409 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, муовини раиси вилоят Зоирзода Умед сухан ронда, таъкид дошт, ки ҳадафи асосии баррасии ҷараёни татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 авгус-ти соли 2011, №409 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» дар Иҷлосияи имрӯза баёнгари амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати саноаткунонии вилоят равона шудааст. Тавре ки нотиқ иброз дошт, ҳарчанд ки Барномаи кирмакпарварӣ ва истеҳсоли пилла ба мақсади рушди соҳа нигаронида шуда бошад ҳам, дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ нагардидани ҳамкориҳо бо сармоягузорон ва мутасаддиёни соҳа имкон надод, ки истеҳсоли пилла ва фаъолияти корхонаҳои абрешимро дар вилоят эҳё намоем.

Мувофиқи маълумотҳо то соли 2018 бо мақсади мустаҳкам намудани базаи хӯроки кирмак дар шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 7 миллион бехи дарахтони тут нарм, 399,4 гектар тутбоғҳои куҳна коркард гардида, 573 бех ниҳоли тут шинонида, 7,9 гектар тутбоғҳои нав бунёд шудаанд, яъне базаи хӯрокаи кирмакпарварӣ акнун дар вилоят омода гардидааст. Чуноне ки дар Иҷлосия таъкид гардид, тайи солҳои охир аз тарафи масъулони соҳаи мазкур ҳамчун сарпарасти соҳа дар вақти бастани шартномаҳо манфиати пиллапарварон ба инобат гирифта нашудаанд, ки дар натиҷа дурнамои истеҳсоли пилла таъмин нагардид.

Муовини раиси вилоят зимни суханронӣ таъкид дошт, киқабл аз ҳама корношоямии бинову иншоотҳои зиндакунии кирмак, нокифоя будани базаи хӯрокаи он, аз байн рафтани ҳавасмандии кирмакпарварон ва маблағгузории соҳа, боиси коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли пилла гардидааст. Зимни Иҷлосия таъкид гардид, ки идораи пиллаи вилоят дар масъалаи дарёфти сармояи мустақим, шурӯъ аз соли 2019 дар сиёсати идоракунии минбаъдаи парвариши кирмак бояд тибқи талаботи барномавӣ тадбирҳои судманд андешанд. Зеро базаи хӯроки кирмаки пилла дар вилоят айни замон барои парвариши 20000 қуттӣ кирмаки пилла басанда буда, имкон дорад, ки истеҳсоли пилла то 900 тонна расонда шавад. Рушди соҳаи кирмакпарварӣ имкон медиҳад, ки саноати насоҷии вилоят тараққӣ намуда, дар ин баробар таъсиси ҷойҳои нави корӣ, вусъат бахшидани коркарди ашёи хоми ватанӣ, ҳамзамон, роҳандозӣ намудани маҳсулоти содиротӣ ва воридот ивазкунанда низ рӯ ба беҳбудӣ ниҳад. Аз ин лиҳоз, ироа гардид, ки лоиҳаҳои мукаммал таҳия гардида, пешкаши сармоягузорон гардад.

Доир ба масъалаи сеюми рӯзнома, ҳисоботи сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2014, №740 «Дар бораи нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тадбиқи марҳилаи дуюми Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳозирин гузориши сардори Раёсат Қурбоналӣ Қурбоновро шуниданд.

Тавре ки дар чорабинӣ зикр гардид, айни замон дар вилоят 25802 соҳибкор бо патент, 6035 нафар бо шаҳодатнома ва зиёда аз 66,5 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият намуда истодаанд. Шумораи соҳибкорон бошад, нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 4712 нафар афзун гардидааст. Ҷиҳати иҷрои Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 дар вилоят корҳои бунёдкориву созандагӣ вусъати тоза касб намуда, танҳо дар соли 2017-ум 304 адад ва ҳашт моҳи соли ҷорӣ 110 адад иншоотҳои гуногун мавриди истифода қарор гирифтанд. Чуноне ки нотиқ иброз дошт, дар доираи иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят 4374 иншоотҳои таъиноти гуногун ба истифода дода мешаванд, ки аксари онҳо бо саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ амалӣ мегарданд.

Пас аз баррасии масъалаҳои тасдиқгардидаи рӯзномаи Иҷло-сия раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода доир ба масъала-ҳои марбут ба иҷроиши қарори раиси вилояти Хатлон аз 8 ноябри соли 2012 оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012 «Дар бораи Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» андеша ронда, аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки бо вуҷуди пешравиҳо дар ин самт камбудиҳо низ ҷой доранд. Масъулини соҳаҳо баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта бояд тадбирҳои амалӣ андешанд.

Роҳбари вилоят ҳамчунин, нисбати истеҳсоли пилла дар вилоят ва амалӣ гардидани барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар ҳудуди вилояти Хатлон ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ дод. Ҳамин тавр, баҳри ҷамъоварии беталафи ҳосили тиллои сафед, масъулини соҳаи кишоварзӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо низ муваззаф гардиданд. Аз рӯйи масъалаҳои дар Иҷлосия баррасигардида, қарорҳои дахлдор қабул гардид.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Ҷашни 30-солагии истиқлолиятро бо корҳои ободонию ...

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Ҷашни 30-солагии истиқлолиятро бо корҳои ободонию ...

Ҳокимияти давлатӣ

ИҶЛОСИЯИ НАВБАТИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОН

Хабарҳо
Ба диққати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон

Ба диққати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
Саҳми занон дар умури ҷамъиятию сиёсӣ назаррас аст

Саҳми занон дар умури ҷамъиятию сиёсӣ назаррас аст

Иқтисоду тиҷорат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА
Ваколати вакилии 4 узви Маҷлиси вакилони Хатлон пеш аз муҳлат қатъ мешавад

Ваколати вакилии 4 узви Маҷлиси вакилони Хатлон пеш аз муҳлат қатъ мешавад

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА