Дар як сатр
» » Д. Гулмаҳмадзода: «Моро мебояд ҷиҳати рушди иқтисод ва ободонии маҳал дучанд заҳмат кашем»

Д. Гулмаҳмадзода: «Моро мебояд ҷиҳати рушди иқтисод ва ободонии маҳал дучанд заҳмат кашем»

13-04-2017, 16:09

Д. Гулмаҳмадзода: «Моро мебояд ҷиҳати рушди иқтисод ва ободонии маҳал дучанд заҳмат кашем»


Натиҷаҳои тараққиёти иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон дар семоҳаи якуми соли 2017 мусбат арзёбӣ мешаванд, аммо захираҳои истифоданашуда дар шаҳру навоҳии вилоят ҳанӯз зиёд буда, барои ислоҳи камбудию норасоиҳо масъулон бояд часпу талоши бештар ба харҷ диҳанд. Ин таъкиди раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди хоҷагии халқи вилоят дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ садо дод.

Ҷаласаи мазкур 12 апрел дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки муовини якум ва муовинони раиси вилоят, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, раисони шаҳру навоҳӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулони шуъбаю бахшҳои маориф, кишоварзӣ, дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва фаъолони вилоят доир гардид.


Дар ибтидои ҷаласа муовини раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов оид ба нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар се моҳи гузашта маърӯза карда, дар бораи ба наздики аз 2,3 миллиард сомонӣ расидани маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли пор 231 миллион сомонӣ ё 6% бештар аст, хабар дод. Ин нишондиҳанда ба ҳар сари аҳолии вилоят 707 сомонӣ рост меояд, ки нисбат ба семоҳаи якуми соли 2016 ба андозаи 51 сомонӣ зиёд аст.
Муовини раиси вилоят дар идомаи гузориши худ аз иҷро нашудани қисми даромади буҷет дар навоҳии Темурмалик, Қубодиён, Носири Хусрав ва Панҷ иттилоъ дод, ки то ҷое таъсири манфии худро ба маблағгузории ташкилоту муассисаҳои буҷавӣ расонид.

- Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди ҳунарҳои дастӣ ва либосҳои миллӣ, дар тамоми шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, ба истиснои ноҳияҳои Дӯстӣ ва Панҷ, 122 адад дастгоҳи атласу адрасбофӣ оварда насб шудааст, - зикр кард Р. Раҷабов. – Ҳоло зиёда аз 200 нафар бонувони ҳунарманд дар ин коргоҳҳо ба шуғл фаро гирифта шудаанд. Дар вилоят инчунин 14 корхонаи дӯзандагӣ амал намуда, 737 нафар дар он кор мекунанд.

Ба қавли манбаъ, дар семоҳаи гузашта 2600 сокини вилояти Хатлон ба касбомӯзӣ ҷалб гардида, ҳунарҳои гуногунеро, ки дар бозори меҳнат талабгор доранд, аз худ кардаанд. Ҳамзамон дар вилоят имсол шумораи соҳибкороне, ки бо патенту шаҳодатнома фаъолият мебаранд, ба 416 нафар афзуда, ҷамъан ба 30,2 ҳазор нафар баробар шудааст.
Д. Гулмаҳмадзода: «Моро мебояд ҷиҳати рушди иқтисод ва ободонии маҳал дучанд заҳмат кашем»

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ низ дар вилояти Хатлон имсол афзоиш ёфта, дар моҳҳои январ-март ба як миллиарду 288 миллиону 500 ҳазор сомонӣ расидааст (нисбат ба семоҳаи якуми соли 2016 суръати афзоиш 21,6%, яъне 29,2 миллион сомонӣ бештар).

- Соҳаи саноат сол ба сол рушд ёфта, нисбати ҳамин давраи соли 2016 афзоиши истеҳсоли маҳсулоти нонӣ 13%, семент 36%, истеҳсоли битум 14,5%, равғани растанӣ 38%-ро ташкил дод, - қайд кард Р. Раҷабов. – Истеҳсоли консерваҳо ду баробар ва истеҳсоли хишт 9 маротиба афзоиш ёфт.

Таъкид шуд, ки дар ин давра ҳаҷми гардиши молу маҳсулот ба беш аз 47 миллион доллари ИМА расида, бештар содирот (27 миллион доллар, асосан маҳсулоти кишоварзӣ) ба хориҷи кишвар сурат гирифтааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон дар семоҳаи якуми сол, ба қавли муовини раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов, 440,2 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки дар қиёс бо ҳамин даври соли гузашта ба андозаи 24,5 миллион сомонӣ ё 5,9% афзун аст. “Дар семоҳаи гузашта дар ҳамаи бахшҳо 547,7 тонна сабзавот, 13 ҳазор тонна гӯшт, 62,8 ҳазор тонна шир ва 20,8 миллион дона тухм истеҳсол карда шуд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта афзоиш мутаносибан аз 6 то 8 дарсадро ташкил медиҳад”, - гуфт ӯ.

Дар гузориши муовини раиси вилоят инчунин ишора гардид, ки феълан сомонаҳои мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Қӯрғонтеппаю Сарбанд ва ноҳияи Шамсиддини Шоҳин фаъол буда, мақомотҳои дигари ҳокимияти давлатӣ ба масъалаи сомонадорӣ ва таъмини дастрасии аҳолии маҳал ба иттилоот коҳилӣ нишон медиҳанд.

Дар идома раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода аз раисони шаҳру навоҳии Кӯлоб, Восеъ, Ёвон, Панҷ, Ҷайҳун, масъулони риштаҳои иқтисоду саноат, кишоварзӣ, андозғундорӣ, роҳбарони ташкилоту идораҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолият ва нишондиҳандаҳо, оид ба масъалаҳои кишту кор, афзоиши истеҳсолот, назорати иҷрои қонунҳо, бахусус қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ҷамъоварии саривақтии маблағи барқи истифодашуда аз аҳолӣ ва корхонаҳо, дастгирии бахши соҳибкорӣ, корхонаҳои саноатӣ, вазъи роҳҳо ва танзими нақлиёт пурсиш кард.

- Агарчи дар семоҳаи аввали соли 2017 иҷрои нақшаи андоз 101 фисад таъмин шуда, ба буҷет 207,9 миллион сомонӣ маблағ ворид гардид (нисбат ба дурнамо 2,3 миллион сомонӣ зиёд), масъулонро мебояд, ки ҷиҳати пешгирӣ аз афзоиши бақияпулиҳо тадбир андешанд, - таъкид кард раиси вилоят. – Афзоиши истеҳсолот ва содирот, фаъолияти муътадили корхонаю коргоҳҳо, ҷамъоварии саривақтии андозҳо ва маблағи дигар хизматрасониҳо барои таъмини маошу бароварда сохтани эҳтиёҷоти дигари вилоят мусоидат мекунад.

Раиси вилоят ҳамчунин гуфт, ки ҳисоби миёнаи музди меҳнат дар семоҳаи аввали соли 2017 дар тамоми соҳаҳо ба 830 сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 177 сомонӣ зиёд мебошад.

Зикр гардид, ки соли ҷорӣ дар вилоят то ин вақт 30 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истода, маблағи истифодашуда 460,2 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Раиси вилоят таъкид кард, ки мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва раёсату бахшҳои сармоягузорӣ бояд бо доираҳои соҳибкорон робитаи мустаҳкам дошта, дар таҳияи лоиҳаҳои муассиру асосноки инвеститсионӣ ба онҳо мусоидат кунанд, то сармояи ҳарчи бештар ба вилоят ҷалб шавад.

- Сарфи назар аз он ки имсол ҳам таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба кишвари мо бетаъсир намондааст, дар семоҳаи гузашта нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 маблағгузорӣ ба умури сохтмону васлкорӣ 34 миллион сомонӣ афзуда, ба маблағи 195 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуд, - идома дод Д. Гулмаҳмадзода. – Ин рақам дар қиёс бо семоҳаи якуми соли гузашта 2,5 баробар зиёд мебошад. Умуман, дар вилоят 83 адад биною иншооти истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ ба маблағи 136,3 миллион сомонӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Инчунин, дар ин давра 516 адад хонаҳои истиқоматӣ дар масоҳати 64,7 ҳазор метри мураббаъ сохта шудааст.

Раиси вилоят бо зикри ин ки дар муқоиса бо семоҳаи якуми соли 2016 дар шаҳру навоҳии Хатлон имсол шумораи муассисаҳои таълимӣ 7 адад, марказҳои инкишофи кӯдакон 11 адад, муассисаҳои томактабӣ 7 адад, теъдоди омӯзгорон 2754 нафар (аз ҷумла занон 1446 нафар) зиёд гардидааст, ҳамчунин таъкид кард, ки бо ин нишондодҳо набояд иктифо кард. Зеро мушкилоти арсаи омӯзишу парвариш ҳанӯз зиёданду мебояд андармони ҳаллу фасли он шуд.

Дар баробари ин, соли ҷорӣ 15 муассисаи нави тиббӣ дар вилоят бунёд гардида, теъдоди духтурон 89 нафар ва кормандони миёнаи тиббӣ 1916 нафар афзудааст. “Нисбати ҳамин давраи соли 2016 шумораи мубталоёни бемории зардпарвин 67 нафар, бемориҳои шадиди рӯдаю меъда 39 нафар, брутселлёз 5 нафар ва осебдидагон аз ҳайвонот 22 нафар кам шудааст. Бо фаро расидани фасли баҳор эҳтимоли хуруҷи баъзе бемориҳои сироятӣ дар миён аст, бинобар ин, масъулони Раёсати тандурустии вилоят ва марказҳои саломатию дармонгоҳҳои вилоят тақозо мешавад, ки хизматрасонии дараҷаи баланди тиббиро ба аҳолӣ таъмин намуда, барои боло бурдани сатҳи огоҳии мардум дар бораи бемориҳои сироятӣ чора андешанд. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ ҷиҳати бун-ёди бунгоҳҳои тиббӣ дар маҳалҳо бо соҳибкорону шахсони саховатманд ҳамкорӣ намоянд. Дар баъзе маҳалҳо марказҳои саломатӣ ва беморхонаҳо ба таъмиру азнавсозӣ ниёз доранд. Ба ин масъала низ бояд расидагӣ кард”, - дастур дод Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода.

Раиси вилояти Хатлон ҳамчунин аз роҳбарони филиали бонкҳои амалкунанда дар шаҳру навоҳии Хатлон даъват кард, ки дар ироаи маблағҳои бештари қарзӣ ба соҳибкорону хоҷагидорон фаъол бошанд, зеро дар шароити буҳрони ҷаҳонии молиявӣ бо роҳи дастгирии бахши соҳибкории ватанӣ бонкҳо метавонанд дар таҳкими иқтисодиёти мамлакат саҳм гузоранд. Аммо имсол дар муқоиса бо семоҳаи якуми соли 2016 ҳаҷми қарзҳои ироакардаи бонкӣ дар вилоят ба андозаи 66 миллион сомонӣ коҳиш ёфтааст.

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбати худ ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид кардаанд, ки “кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯйи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад” – иқтибос овард раиси вилоят Д. Гулмаҳмадзода. – Мо – масъулонро мебояд ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум, дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат, рушди иқтисод ва ободонии маҳал дучанд заҳмат кашем.

Дар фароварди ҷаласаи ҷамъбастӣ раиси вилояти Хатлон ба роҳбарони шаҳру навоҳӣ, масъулони идораҳои давлатӣ ва фаъолон ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба дидан ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани 23 май – Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва 20-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ, инчунин то охири моҳи апрел ба иҷро расонидани нақшаи даъвати ҷавонон ба Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, назорати қатъии иҷрои қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, назорати сифати таълим дар таълимгоҳҳо, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва ба кор таъмин намудани корҷӯён, муносибати ҷиддӣ ба масъалаи кишту кор ва банақшагирии кишти маҳсулоту истеҳсоли он, шарҳу тафсири қарори ВКД-и Россия оид ба расмикунонии иқомати муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути бақайдгузорӣ дар мақомоти муҳоҷират ва тамдиди муҳлати будубош дар кишвари муҳоҷират дас-туру супоришҳои мушаххас дод.

Н. МАЪМУРЗОДА,
“Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ – наздики ду миллиард сомонӣ

Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ – наздики ду миллиард сомонӣ

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Д. Гулмаҳмадзода:Аз зарфиятҳои вилоят барои рушди иқтисод истифодаи пурсама ...

Д. Гулмаҳмадзода:Аз зарфиятҳои вилоят барои рушди иқтисод истифодаи пурсама ...

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Истеҳсолот афзун, аммо қонеъкунанда нест

Истеҳсолот афзун, аммо қонеъкунанда нест

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Дастовардҳои Хатлон дар соли 2014

Дастовардҳои Хатлон дар соли 2014

Иқтисоду тиҷорат