Дар як сатр
» » Ҳукми суд 13 сол барои пайравӣ ба ДИИШ

Ҳукми суд 13 сол барои пайравӣ ба ДИИШ

10-04-2017, 10:09

Ҳукми суд 13 сол барои пайравӣ ба ДИИШ


Коллегияи судӣ оид ба парвандаи ҷиноятии Суди вилояти Хатлон 6-уми марти соли равон ҳукми худро нисбати Баҳодур Тухтаев, сокини ноҳияи Бохтар, бароварда, ӯро ба муҳлати 13 сол аз озодӣ маҳрум карда буд, қувваи қонунӣ гирифт.

Тухтаев Баҳодур Уразметович бо мақсади ба амал баровардани фаъолияти экстремистии ташкилоти экстремистию террористии «Давлати Исломии Ироқу Шом» дар сомонаи иҷтимоии интернети «Одноклассик»-и худ бо номи рамзии «Ey Ummat Tril Jihod Farzi Ayn boldi» 26 адад аксҳои хусусияти экстремистидоштаро нашр кардааст. Мувофиқи хулосаи комиссияи коршиносон, Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 13 адад расмҳои аз саҳифаи интернетии “Одноклассик”-и Баҳодур дарёфт кардашуда даъватҳои оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ тасвир гардидаанд, ки тарғиби онҳо боиси сар задани кинаю адоват, низои динӣ ва мазҳабӣ дар байни мардум мегардад, мавриди баррасии коллегияи судӣ қарор гирифт.

Гуфта мешавад, ки Тухтаев Баҳодур дар масҷиди «Проспект Мира»-и шаҳри Москва бо Абдулло ном ҷавони тоҷик шинос шудааст. Пас аз шиносоиаш рӯзҳои ҷумъа ба ӯ занг зада, оид ба вохӯриашон дар масҷиди «Проспект Мира» маслиҳат карда, ба ӯ мегуфтааст, ки ҳозир вақти «ҷиҳод» кардан аст.

Сайфиддин Муҳиддинзода, муовини раиси Суди вилояти Хатлон, зимни қироати ҳукм дар толори Суди вилояти Хатлон гуфт, ки Баҳодур бо «Абӯ Салоҳиддин» ҳангоми суҳбат дар сомонаи интернетӣ бо забони ӯзбекӣ суҳбат намуда, аз дигар дӯстонаш, ки дар «Одноклассники» бо номҳои «Абӯ Холид», «Алиф ал Насрӣ», «Абӯ Сайфулло» будаанд, мунтазам дар мавзӯъҳои «ҷиҳод» суҳбат мекардаанд. Бо супориши “Абӯ Салоҳиддин” номи худашро, ки дар саҳифаи “Одноклассники”-“Алах един”-бударо ба номи «Ey Ummat Tril Jihod Farzi Ayn boldi» (Эй уммат ҷиҳоди зинда фарзи айн шуд) иваз намудааст.

- Баҳодурро даъват намудаанд, ки барои иштирок дар «ҷиҳод» ба Ҷумҳурии Сурия равад,- зикр намуд Сайфиддин Муҳиддинзода, муовини раиси Суди вилояти Хатлон. - Бо пешниҳоди онҳо розӣ шуда, «Абӯ Салоҳиддин» ба ӯ фаҳмондааст, ки аз Федератсияи Русия ба шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия равад. ӯро дар шаҳри Истанбул дар фурудгоҳ Салмон ном шахсе пешвоз мегирад. Бояд ӯро аз фурудгоҳ Салмон гирифта ба сарҳади Ҷумҳурии Сурия расонад, сипас ба назди «Абӯ Салоҳиддин» мебаранд. Баҳодур Тухтаев кӯшиши аз фурудгоҳи Шереметови шаҳри Москва ба Ҷумҳурии Туркия парвоз карданро кард, аммо аз ҷониби кормандони Хадамоти бехатарии (ФСБ) ошкор гардид.

Коллегияи судӣ бо далелҳои дар мурофиаи судӣ бадастоварда, кирдори судшаванда Баҳодур Тухтаевро дар содир кардани ҷиноят бо моддаҳои 3071 қисми 2, 32 қисми 3- 4031 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар содир кардани ҷинояти даъвати оммавӣ дар амал баровардани фаъолияти экстремистӣ бо истифодаи шабакаи интернетӣ ва сӯйиқасд дар иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳ дар амалиёти ҷангӣ айбдор донист.

Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Таблиғгари ДИИШ аз озодӣ маҳрум шуд

Таблиғгари ДИИШ аз озодӣ маҳрум шуд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Марде, ки худро бадном ва оиларо доғдор мекунад

Марде, ки худро бадном ва оиларо доғдор мекунад

Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ҳукми 1 тарғибгар ва 4 зархариди ДИИШ дар Хатлон&h=55&w=75&zc=1" alt="Ҳукми 1 тарғибгар ва 4 зархариди ДИИШ дар Хатлон" />
15:3410 феврал

Ҳукми 1 тарғибгар ва 4 зархариди ДИИШ дар Хатлон

Коллегияи судӣ оид ба парвандаи ҷиноятии Суди вилояти Хатлон 6-уми марти соли равон ҳукми худро нисбати Баҳодур Тухтаев, сокини ноҳияи Бохтар, бароварда, ӯро ба муҳлати 13 сол аз озодӣ маҳрум карда буд, қувваи қонунӣ гирифт.

-->
Ҳукми 1 тарғибгар ва 4 зархариди ДИИШ дар Хатлон
&h=55&w=75&zc=1" alt="Ҳукми 1 тарғибгар ва 4 зархариди ДИИШ дар Хатлон" />

Ҳукми 1 тарғибгар ва 4 зархариди ДИИШ дар Хатлон

Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Аз озодӣ маҳрум шудани ду ҷавон

Аз озодӣ маҳрум шудани ду ҷавон

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Аз 10 то 25 сол аз озодӣ маҳрум шудани сокинони Норак

Аз 10 то 25 сол аз озодӣ маҳрум шудани сокинони Норак

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР