Дар як сатр
» » Бозсозии роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа

Бозсозии роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа

7-04-2017, 10:41

Бозсозии роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа

Дар марҳилаи аввали корҳои таъмиру азнавсозии роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа 96 миллион доллари ИМА харҷ хоҳад шуд.

Корҳои таъмиру таҷдиди роҳи мошингарди мазкур баъди аз ҷониби парлумон ба тасвиб расонидани созишномаи молиявии қаблан миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд баимзорасида оғоз мегарданд. Дар марҳилаи аввали амалисозии лоиҳа вазъи ҳудуди 33 километр роҳ аз Душанбе ба самти маркази маъмурии вилояти Хатлон (то мавзеи Чашмасорон) беҳтар карда шуда, роҳ то чор хати ҳаракат васеъ, рӯйпӯши роҳ беҳтар ва дар тамоми фосилаи роҳ аломату воситаҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ насб мегарданд. Мутахассисони БОР чунин мешуморанд, ки беҳбуд ёфтани вазъи ин роҳ ба ташкили долони иқтисодӣ миёни пойтахти Тоҷикистон ва Афғонистон мусоидат менамояд. Маблағгузории БОР аз 49,4 млн. доллари ИМА қарзи имтиёзнок ва 15,8 млн. доллар грант иборат буда, Тоҷикистон маблағгузории шарикӣ дар ҳаҷми 17,2 млн. доллари ИМА-ро пешниҳод намуда, Фонди ОПЕК (Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт) ба маблағи 112 млн. доллари ИМА қарз ҷудо мекунад. Анҷоми амалисозии лоиҳа соли 2021 пешбинӣ шудааст.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Идомаи сохтмони роҳи Шамсиддини Шоҳин-Шоҳон

Идомаи сохтмони роҳи Шамсиддини Шоҳин-Шоҳон

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ба хотири ояндаи нек

Ба хотири ояндаи нек

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
22 млн.$-и Бонки Ҷаҳонӣ барои рушди кишоварзӣ ва тандурустӣ дар Тоҷикистон

22 млн.$-и Бонки Ҷаҳонӣ барои рушди кишоварзӣ ва тандурустӣ дар Тоҷикистон

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағ тавассути бонкҳо ба Тоҷикистон

Коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағ тавассути бонкҳо ба Тоҷикистон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Темурмалик. Бунёди бинои мактаб дар Кушкия

Темурмалик. Бунёди бинои мактаб дар Кушкия

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА