Дар як сатр
» » Мо ба Ваҳдат дар ҷаҳон машҳур гаштем

Мо ба Ваҳдат дар ҷаҳон машҳур гаштем

7-04-2017, 10:31

Мо ба Ваҳдат дар ҷаҳон машҳур гаштем

«Ҷашни Ваҳдати миллӣ рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад».
Эмомалӣ РАҲМОН,
Пешвои миллат


Ваҳдат ва сулҳи деринтизор 27 июни соли 1997, пас аз панҷ соли ҷанги шаҳрвандӣ, бо час-пу талош ва ибтикори мунодии сулҳи тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон, ба даст омад. Баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки дар шаҳри Мас-кав сурат гирифт, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ба истиқболи мардум ба Душанбе омад. Ин лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсозро шоири ширинкалому равоншод Лоиқ Шералӣ дар ғазали тараббунёдаш бо номи «Сулҳи деринтизор» хеле табиӣ ба қалам додааст:

Раҳми Парвардигори мо омад,
Нури Ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад.
Зиндагӣ сахттар зи мурдагӣ буд,
Ҳотифи зиндадори мо омад…
…Ҷанги девонавори мо бигзашт,
Сулҳи деринтизори мо омад.


Шоири шинохта Низом Қосим низ аз қаҳрамониҳои бемисли Эмомалӣ Раҳмон дар шеъри худ бо номи “Пешвои миллат” васф карда, ба ин мазмун гуфтааст, ки агар ҷасорату матонати ӯ намебуд, дар он лаҳзаҳои саргумии солҳои 90-уми асри гузашта миллати мо хору залил шуда, ба варшикасти абадӣ дучор мегардид:

Дастони Сулҳу Ваҳдат бо хуни дил навиштӣ,
Аз хишти ҷисму ҷонат кардӣ бинои миллат.
Кам сарваре ба олам бо чораи фароҳам
Аз интиҳои миллат ҷуст ибтидои миллат.


Ваҳдат омили устувории миллат, шаҳсутуни бахти миллат, шуҳрату шону тахти миллат аст. Чун душманон миллатеро ба вартаи нестӣ ва ё вобастагӣ кашиданӣ мешаванд, сараввал мекӯшанд, ки ваҳдати ин мардумро аз байн баранд. Бо ҳамин ғаразҳои нопок миёни тоҷикон низ оташи ихтилофоти ваҳдатшикан барафрӯхта шуд. Вале ин миллати тоҷвар, ки бо шебу фарози таърих бисёр бархӯрд кардаву аз банди басо макру ҳияли кинаваронаш раҳо хӯрда буд, дар марҳилаи навини тақдирсози хеш ваҳдаташро чун гавҳари нобу пок ҳифз намуд ва ин буд, ки ба рӯзгорони саодатбору тарабафзо бирасид.

Шоирони бузурги миллати тоҷик - устод Муъмин Қаноат, Меҳмон Бахтӣ, Аскар Ҳаким, Ашӯр Сафар, Саидалӣ Маъмур, Гулназар, Фарзона, Камол Насрулло, Низом Қосим, Муҳаммад Ғоиб, Давлат Сафар, Гулрухсор, Меҳриниссо, Аҳмадҷони Раҳматзод, Ширин Бунёд ва дигарон беҳтарин сурудаҳои хешро ба мавзӯи сулҳу ваҳдат ва парастиши ватан бахшидаанд.

Ҳоло муруре мекунем ба намунаҳои ваҳдатсароии шоирони хушноми тоҷик.

Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб:

Қиссаи Ваҳдати моро ба ҳама ҷо донанд,
Сухан аз Сулҳ равад, Сарвари моро хонанд.
Ҳар куҷо пайкараи Ваҳдат агар бигзоранд,
Ном бояд, ки ба он тоҷбасарҳо монанд…
Мо ба Ваҳдат дар ҷаҳон машҳур гаштем,
Чун нишони ориён машҳур гаштем.


Шоири маҳбуб Давлат Сафар дар васфи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки бунёдгузори Ваҳдати миллист, чунин фармудааст:

ӯ ифтихору нусрати армони миллат аст,
Фархундабахту ҳамду санохони миллат аст.
Эй, ҳамватан, биёву муродиф ба ҳам шавем,
Миллат вуҷуди меҳану ӯ ҷони миллат аст.
Зулмат шикасту дасти мурувват дароз кард,
Шукри Худо кунем, ки Раҳмони миллат аст…


Ашъори ватандӯстонаи Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло барои таҳкиму тақвияти ваҳдати тоҷикон хидмати арзишманде намудааст, ки намунае инҷост:

Ин сафои бахт, ин фирӯзии имони мост,
Ҷашни Ваҳдат, ҷашни нузҳат, ҷашни шаъну шони мост.
Ҷашни фарзандони қурбонгашта дар роҳи ҳаёт,
Зинда монда дар шукӯҳи мардуми олинажод…


Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона дар ситоиши оштиву суботи миллати дар вартаи ҷанги бародаркушмонда чунин арзи меҳр кардааст:

Азизо, оштӣ бахшо шаётинрову раҳмонро,
Фароғатҳои соҳилрову растохези тӯфонро.
Биё, эй раҳнамои офтобоғӯши зулматкуш,
Зи дунболат бибар ин ҷандапӯшу каҷкулоҳонро…


Шоири халқии Тоҷикистон Саидалӣ Маъмур:

Ҳар дуруди мо бувад Ваҳдат,
Дар суруди мо бувад Ваҳдат.
Торҳои ҳамнаво ҳастем,
Тору пуди мо бувад Ваҳдат.


Дар шеъри «Ваҳдати дилҳо»-и шоири маъруф Неъмати Оташ меҳрубону ҷонбаҷон шудани халқи шарифи тоҷик тараннум ёфтааст:

Биё, ки то абад меҳрубони ҳам бошем,
Ба сад фараҳ ба ҳам оему ҷони ҳам бошем.
Биё, зи ваҳдати дилҳост ин ҷаҳон обод,
Расули сулҳу сафо дар ҷаҳони ҳам бошем.


Дар шеъре шоири варзида Алӣ Бобоҷон чунин овардааст:

Ҳар толиби амонӣ дорад ниёзи Ваҳдат,
Ҳар ташнаи маонӣ воқиф зи роҳи Ваҳдат.
Якрӯву якақида, якрангу якнасақ бош,
То ҷовидон бимонӣ, хотирнавози Ваҳдат.


Дар ашъори шоири меҳандӯсту ваҳдатсаро, шодравон Мирзомурод Ҳошимзода як навъ нигориши хосаи вожаи ваҳдат ба чашм мерасад:

Ваҳдати тоҷик садои миллат аст,
Ваҳдати тоҷик дуои миллат аст.
Парчами Ваҳдат парафшонӣ кунад,
Ваҳдати тоҷик Худои миллат аст.


Шоири хушзавқ Наимҷон Назирӣ дар шеъре абадияти сулҳу ваҳдатро хитоб кардааст:

То ки бошад сулҳ доим пойдор,
То фазои даҳр бошад беғубор.
«Сулҳ дар дунё» маро доим шиор,
Корвони сулҳу ваҳдат зинда бод!


Шоири хушзавқу худогоҳ Аҳлиддини Ҳисорӣ низ ваҳдатро асоси ҳамдилии одамон меҳисобад:

Ҳамдилии мардумон аз ваҳдат аст,
Ҳамммаромӣ дар ҷаҳон аз ваҳдат аст...
Дар ҳама ақсои дунёи бузуррг
Дӯстии ҷовидон аз ваҳдат аст.


Имрӯз ҳеҷ як шоире намонда, ки дар бузургдошти Ваҳдат шеъре нагуфта бошад:

Шукри истиқлоли кишвар, пораҳо бо ҳам шуданд,
Пиру барно аз сари нав ҳамдилу ҳамдам шуданд.
Тоҷикони тоҷбарсар баъди садҳо дарду ранҷ
Сулҳу ваҳдат хоста, ҷо зери як парчам шуданд.

* * *
Аз роҳи Оли Сомон омад паёми Ваҳдат,
Ба ёди Ҷоми Ҷам шуд лабрез ҷоми Ваҳдат...
Зоғи ғаму ҷудоӣ аз мо париду бигзашт,
Мурғи саодат акнун хонад давоми Ваҳдат.
Сарҷамъ бод мардум, то ки Тоҷикистон,
То ҷовидон бинмонад андар мақоми Ваҳдат.


Дар ҳақиқат, бо талошҳои ҷоннисоронаву пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари ҷангзадаи мо аз нав ба ошёни Сулҳу Ваҳдат табдил ёфт. Нақши калидии Эмомалӣ Раҳмонро бо бадастоварии сулҳу ваҳдати миллӣ, хатми алангаи ҷанги ҷандсола, бозгардонии гурезаҳо Шоири халқии Тоҷикистон Бозор Собир дар ин байти худ рӯшан таҷассум намуда, Пешвои миллатро “Қаҳрамони ваҳдат” номидааст:

Номи туро нависем, эй қаҳрамони ваҳдат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи Қасри миллат!




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Фарзанди фарзонаи миллат

Фарзанди фарзонаи миллат

Сиёсат, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Хандаи чашмони тар аз ваҳдат аст

Хандаи чашмони тар аз ваҳдат аст

Фарҳанг ва адабиёт
Ба тан пӯшед, ёрон, ҷомаи тӯёнаи ваҳдат!

Ба тан пӯшед, ёрон, ҷомаи тӯёнаи ваҳдат!

Фарҳанг ва адабиёт
«Садоқат»-и Нуралӣ Аюбӣ рӯйи чоп омад

«Садоқат»-и Нуралӣ Аюбӣ рӯйи чоп омад

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА