Дар як сатр
» » Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Истеҳсоли либоси мактабиро дар корхонаҳои саноатии вилоят ба роҳ монем»

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Истеҳсоли либоси мактабиро дар корхонаҳои саноатии вилоят ба роҳ монем»

5-04-2017, 11:55

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Истеҳсоли либоси мактабиро дар корхонаҳои саноатии вилоят ба роҳ монем»


Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Иҷлосияи 9-уми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати панҷум доир гардид. Иҷлосияро раиси маҷлиси вакилони халқи вилоят, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи иҷлосия шинос намуд.

Тавре ки таъкид гардид, дар рӯзномаи иҷлосия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифт:

1.Ахбороти комиссияи вилоятии интихобот оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии Фархор №60 ва тасдиқ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати панҷум.

2.Оид ба рафти татбиқи супоришҳои протоколии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 январи соли 2016, №1 вобаста ба таъмини сару либоси мактабӣ ва ба роҳ мондани дӯхти он дар корхона ва коргоҳҳои истеҳсолию дӯзандагии шаҳру ноҳияҳои вилоят.

3.Ҳисоботи сардори Раёсати тандурустии вилоят “Оид ба татбиқи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020”.

4.Ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг, иттилоот, тандурустӣ, муҳофизати оила ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ.

5.Масъалаҳои ҷорӣ:

а) Дар бораи тасдиқи Нақшаи генералии шаҳраки “Исмоили Сомонӣ”-и ноҳияи Бохтар”.
б) Масъалаи кадрӣ.

в) Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз 12 марти соли 2015, №6 “Дар бораи тасдиқ намудани ҳайати комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати панҷум”.

г) Масъалаҳо оид ба номгузорӣ.

Сараввал ҳозирин ахбороти раиси Комиссияи вилоятии интихобот Қурбоналӣ Қурбоновро оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии Фархор №60 шуниданд ва вакилон ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати панҷум Вализода Сулаймонро тасдиқ намуданд.

Раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба Вализода Сулаймон Кабуд шаҳодатномаи вакилиро супурда, барояш дар фаъолияти минбаъда барори кор таманно намуд.

Сипас, ҳозирин доир ба масъалаи дуюми рӯзнома оид ба рафти татбиқи супоришҳои протоколии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 21 январи соли 2016 таҳти №1 вобаста ба таъмини сару либоси мактабӣ ва ба роҳ мондани дӯхти он дар корхона ва коргоҳҳои истеҳсолию дӯзандагии шаҳру ноҳияҳои вилоят гузориши муовини раиси вилоят Умедхоҷаи Зоҳирро шуниданд. Номбурда зимни суханронӣ таъкид дошт, ки Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таъмини рушду пешрафти саноат ҳамеша таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, барои тараққиёти соҳа пайваста ғамхорӣ менамояд. Зеро дар шароити мамлакат аз ҷумла, дар вилояти Хатлон инкишофу тараққӣ ёфтани соҳаи саноат аз ҷумҳурии аграрӣ-саноатӣ ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил додани мамлакат барои пешрафту устувор гардонидани тамоми соҳаҳои боқимонда, васеъ намудани имкониятҳои содиротии кишвар, фароҳам овардани ҷойҳои корӣ, бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ҳалли масъалаҳои зиёди иқтисодию иҷтимоӣ заминаҳои боэътимод фароҳам меоварад.

Чуноне ки муовини раиси вилоят таъкид дошт, рушду тараққии соҳаи саноат дар меҳвари Паёми навбатии Пешвои муаззам ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, муҳимтарин самтҳои таъмини тараққиёти соҳа ба таври мушаххас муайян гардиданд. Вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои бузурги саноатии мамлакат ба шумор меравад. Соҳаи саноат, ки аз соҳаҳои муҳиму бонуфузи иқтисодию иҷтимоии вилоят буда, инкишофи корхонаҳои саноатӣ, бахусус саноати сабуки вилоят бо маром тараққӣ дорад. Натиҷаи ин буд, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ шумораи корхонаву коргоҳҳои саноатии вилоят аз 75 корхонаи дар соли 1991 фаъолиятдошта ба 511 адад расид. Танҳо дар давоми се соли охир дар вилоят 340 корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки дар ин замина 8432 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин гаштанд.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Истеҳсоли либоси мактабиро дар корхонаҳои саноатии вилоят ба роҳ монем»

Тадбирҳои пайваста андешидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати рушди соҳаи саноат имкон дод, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят соли 2016 дар қиёс ба соли 2010-ум 1,9 баробар афзоиш ёфта, ба 4,8 миллиард сомонӣ расонида шавад. Дар қиёс ба соли 2013 соли сипаригардида ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 1,6 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт. Дар давраи истиқлолият дар баробари дигар корхонаҳои саноатӣ коргоҳҳои дӯзандагӣ низ зиёд гардида, танҳо дар давоми се соли охир дар вилоят 14 корхона ва коргоҳҳои дӯзандагӣ, аз қабили ҶДММ “Маркази ҳунаромӯзӣ”, ҶДММ “Мафтуна”-и шаҳри Қӯрғонтеппа, ҶДММ “Алишер АСК”-и ноҳияи Восеъ, КВД “Дӯзандагӣ” ва ҶДММ “Сабр”-и ноҳияи Данғара, ҶДММ “Кооператор”-и шаҳри Кӯлоб, ҶДММ “Гулдастон”-и ноҳияи Темурмалик, ҶДММ “Ваҳдат”-и ноҳияи Ёвон, ҶДММ “Сомон-2014”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ҶДММ “Нури Муҳаммад”-и ноҳияи Носири Хусрав, ҶДММ “Саодат”-и ноҳияи Шаҳритуз, ҶДММ “Само и КО”-и ноҳияи Фархор, ШИ “Дӯстӣ” ва ҶДММ “Машҳур-М”-и шаҳри Норак ва якчанд коргоҳҳои дӯзандагӣ бо иқтидори умумии дӯхти 1,7 млн адад маҳсулот ва таъсиси 737 ҷойи корӣ қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ба истифода дода шудаанд.

Маҳз корхонаҳои дӯзандагии таъсисёфта шароит фароҳам оварданд, ки соли 2016 шумораи маҳсулоти дӯзандагӣ, бахусус либоси мактабӣ дар вилоят 6 маротиба ва умуман маҷмӯи маҳсулоти дӯхт 2 маротиба афзоиш ёбад.

Боиси хушнудист, ки ҳиссаи маҳсулоти дӯзандагӣ 9,2 фоизи умумии маҳсулоти саноати сабуки вилоятро ташкил дода, тайи солҳои охир мақомоти иҷроияиҳокимияти давлатии вилоят ба бунёд ва азнавтаҷҳизонии корхонаҳои соҳаи саноати сабук, аз қабили корхонаҳои ресандагӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, номгӯ ва ҳаҷми истеҳсоли ин намуди маҳсулоти саноатӣ мунтазам зиёд шуда истодааст. Айни замон дар вилоят шумораи корхонаҳои азим ва миёнаи соҳаи саноати сабук ба 115 адад, аз ҷумла, коркарди пахта ба 61, ресандагӣ 9, истеҳсоли карбос 5, корхонаҳои дӯзандагӣ 42, ҷуроббофӣ, истеҳсоли пойафзол, кешбофӣ 2 ададӣ, абрешим 1 ададро ташкил медиҳанд.

Ҳамзамон ба ин аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Хуросон, Данғара, Панҷ, Ҷайҳун, Дӯстӣ бо мақсади ҷалб намудани сармоягузорони хориҷию дохилӣ дар истеҳсолот, доир ба бунёди корхонаҳои ресандагӣ, бофандагию дӯзандагӣ лоиҳаи инвеститсионӣ таҳия ва ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии “Фонди давлатии соҳибкорӣ”-и назди Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ пешниҳод шуда, эҳтимол меравад, ки тайи солҳои 2017-2018 пешниҳодҳои мазкур маблағгузорӣ мешаванд.

Тӯли се соли охир бо ҷалби сармояи хориҷию дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои Сарбанд, Фархор, Хуросон, Бохтар, Данғара, Дӯстӣ, Ёвон дар маҷмӯ 8 адад корхонаҳои азими саноатӣ бо иқтидори коркарди мутаносибан 200-350 ҳазор тонна пахта дар як сол мавриди истифода қарор гирифта, дар ноҳияи Данғара аз тарафи ҶДММ “Ҷунтай Данғара Син Силу текстил” фабрикаи бофандагӣ бо иқтидори солонаи коркарди 55 ҳазор тонна калобаи ришта фаъолият дошта, муассисон азм доранд, ки дар моҳи октябри соли равон марҳилаи дувуми корхона - бофандагиро барои истеҳсол омода намоянд.

Аз ҷониби ҶСШК “Ресанда”-и шаҳри Қӯрғонтеппа бошад, бо ҷалби 27,6 млн сомонӣ фаъолияти коргоҳҳои бофандагӣ, нассоҷӣ, ҷӯроббарорӣ, дӯзандагӣ аз нав эҳё гардида, дар ин замина 350 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин мебошанд. Илова бар ин дар шаҳри Қӯрғонтеппа, ноҳияҳои Восеъ, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ ва Ёвон бо ҷалби зиёда аз 16 млн сомонӣ корхонаҳои дӯзандагӣ ташкил карда шуд.

Танҳо дар ноҳияи Ёвон ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои саривақтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дар назди ҶДММ “Ваҳдат” корхонаи маҳсулоти дӯзандагӣ, ҷӯроббарорӣ, рангубори ришта ва аз ҷониби ҶДММ “Хима -Текстил” истеҳсоли калобаи ришта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2015 №592, дар заминаи ҶДММ “Адолат А”-и ноҳияи Фархор сохтмони корхонаи коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ дар чор силсила (ресандагӣ, бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ) мувофиқи нақшаи пешбинишуда то соли 2021 бо дарназардошти 400 ҷойи корӣ идома дорад.

Тавре, ки муовини раиси вилоят дар ҳисоботи хеш таъкид дошт, тибқи дастури Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати панҷ соли оянда бояд зиёдшавии ҳаҷми содироти молу маҳсулоти ватанӣ қариб ду баробар таъмин гардад.

Аз ин рӯ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои соҳавӣ, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳия, корхона, соҳибкорони маҳаллӣ, бонкҳои тиҷоратӣ бояд бештар ба бахши истеҳсолӣ, ташкили корхонаҳои саноатӣ, ки манбаи асосии ғанигардонии буҷети давлату миллат маҳсуб меёбанд, диққати асосӣ дода, маблағгузориро зиёд намоянд. Танҳо дар он сурат мо метавонем, ба яке аз ҳадафҳои стратегии давлат вилоятро ба минтақаи саноатии кишвар табдил диҳем. Пас аз ҳисоботи муовини раиси вилоят Умедхоҷаи Зоҳир вакилон Зулайхо Ҳақназарова, Ҷӯрахон Сайдализода ба музокира баромада, доир ба дастовардҳои соҳа ибрози назар намуданд.

Раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода доир ба рафти татбиқи супоришҳои протоколии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 21 январи соли 2016 таҳти №1 вобаста ба таъмини сару либоси мактабӣ ва ба роҳ мондани дӯхти он дар корхона ва коргоҳҳои истеҳсолию дӯзандагӣ ба раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарону масъулини муассисаю корхонаҳо дастуру супориш дода, таъкид сохтанд, ки барои таъмини сару либоси мактабӣ тадбир андешида, кӯшиш намоянд, ки истеҳсолотро дар худи шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монанд. Дар ин сурат ҷойҳои корӣ муҳайё мегардаду саноати сабук рушд меёбад. Муҳим аз ҳама ашёи хом дар худи маҳалҳо мавриди истифода қарор меёбанд ва мактаббачагон ба ҷойи сару либоси бесифату синтетикӣ бо маҳсулоти тозаи пахтагӣ таъмин мешаванд.

Ҳамин тавр ҳозирин ҳисоботи муовини сардори Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон М. Шоҳназароваро “Оид ба татбиқи стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020” шуниданд. Номбурда зимни суханронӣ иброз дошт, ки дар натиҷаи андешидани чораҳои мушаххас дар татбиқи талаботҳои стратегии номбурда, заминаи моддии техникии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ беҳтар гардида, таъминот ба мутахассисон рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Айни замон дар вилоят 1570 муассиса, аз ҷумла 150 муассисаи бистарикунонӣ, 1121 муассиса кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва 94 муассисаи тибби хусусӣ фаъолият дошта, 3398 нафар табибон ва 14895 нафар кормандони миёнаи тиббӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино 3040 нафар донишҷӯён аз шаҳру ноҳияҳои вилоят таҳсил доранд. Соли 2016 донишгоҳи мазкурро 351 нафар хатм намуданд. Тайи 6 соли охир аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо 43 нафар кормандон бо хонаҳои истиқоматӣ ва 233 нафар бо замини наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи рушди соҳаи танду-рустии вилояти Хатлон барои солҳои 2015-2016 амалӣ гардида, ба маблағи 187,4 миллион сомонӣ 264 муассисаи соҳаи тандурустӣ бунёд, 175 муассисаи соҳаи тандурустӣ ба маблағи 30 миллион сомонӣ таъмир гардида, ба маблағи 20,3 миллион сомонӣ 561 адад дастгоҳу таҷҳизоти муосиру тиббӣ харидорӣ шуд.

Чуноне, ки нотиқ таъкид дошт, дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб марказҳои ташхисӣ таъсис ёфта, бо таҷҳизотҳои муосири тиббӣ - Гемодиализ ва Томографи компютерӣ васл карда шуд. Дар вилоят вазъи саломатии модару кӯдак, сифату даст- расии аҳолӣ аз кумаки тиббӣ, маводҳои доруворӣ, такмили тарзи ҳаёти солим, рушди неруи инсонӣ, илм ва технологияи муосири тиббӣ рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, шиддати бемориҳои сироятию ғайрисироятӣ коҳиш ёфт.

Дар иҷлосия ҳамчунин ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг, иттилоот, тандурустӣ, муҳофизати оила ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ шунида шуд. Аз рӯи масъалаи мазкур раиси комиссия Маҳмад Шодиев ҳисобот дод. Сипас дар иҷлосия нақшаи генералии шаҳраки “Исмоили Сомонӣ”-и ноҳияи Бохтар, қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Восеъ ва Муъминобод оид ба тағйири номгузории деҳот ва МТМУ аз ҷониби вакилон тасдиқ гардид.

Бо ҳамин Иҷлосияи 9-уми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати панҷум ба корӣ хеш ҳусни анҷом бахшид. Пасон раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода аз масъулини соҳаҳои иқтисоди шаҳру ноҳияҳо пурсиш ба амал овард. Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода доир ба масъалаҳои ҳалталаби соҳаҳои иқтисод, кишоварзӣ, аз ҷумла, қисми даромади буҷа, кишти пахта, сабзавот, картошка, истифодаи оқилонаи замин, таъмини оби техникӣ, пешгирии ҳодисаҳои табиӣ, мубориза алайҳи ҳашароти зараррасон, аз ҷумла малах изҳори андеша намуда, баҳри ислоҳи камбудиҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

ВАХШОНА,
“Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

31 март иҷлосияи навбатии вакилони халқи вилоят барпо мешавад

31 март иҷлосияи навбатии вакилони халқи вилоят барпо мешавад

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Саҳми занон дар умури ҷамъиятию сиёсӣ назаррас аст

Саҳми занон дар умури ҷамъиятию сиёсӣ назаррас аст

Иқтисоду тиҷорат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
«Интихоби ман - маҳсулоти ватанӣ»

«Интихоби ман - маҳсулоти ватанӣ»

Хабарҳо, Маориф ва илм
Тоҷикистон тадриҷан ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил меёбад

Тоҷикистон тадриҷан ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил меёбад

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА