Дар як сатр
» » Риояи муқаррароти ин қонун аҳамияти ҳаётӣ дорад

Риояи муқаррароти ин қонун аҳамияти ҳаётӣ дорад

5-04-2017, 09:44

Риояи муқаррароти ин қонун аҳамияти ҳаётӣ дорад

Имсол аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» расо даҳ сол сипарӣ мегардад. Гузашти солҳо нишон дод, ки ин иқдом боиси коҳиш ёфтани хароҷоти барзиёди шаҳрвандон, захира шудани буҷаи оилавӣ, беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии шаҳрвандон ва пешгирӣ аз хурофоту зиёдаравӣ дар ҷомеаи мо гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ ишора кардаанд, ки: “бо мақсади ҷилавгирӣ аз омезишҳои гуногун, ки барои қишрҳои гуногуни ҷомеа вазниниҳои муайянро ба бор оварда буд, зарурати таҳия ва қабули қонуни мазкур пеш омад. Риояи қатъии муқаррароти Қонун доир ба танзими расму оинҳои мардумӣ махсусан дар шароити имрӯза аҳамияти ҳаётӣ пайдо кардааст”.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 8 июни соли 2007 қабул гардида, аз 5 боб ва 16 модда иборат аст. Ҳадаф аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббуси бевоситаи Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии оммаи васеи мардум қабул ва амалӣ гардид, ин ба танзим даровардани анъанаҳои суннатии миллати тоҷик, аз ҳар гуна хурофот пок кардани онҳо ва танзими зиндагӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони мамлакат, паст кардани дараҷаи камбизоатӣ буда, ба сарфакориву сарфаҷӯӣ дар маъракаҳо нигаронида шудааст. Дар муддати даҳ соли амали қонуни мазкур мардуми шарафманди Тоҷикистон даҳҳо миллион сомонӣ маблағашонро сарфа намуда, онро на барои хароҷоти беҳудаи тӯю маърака, балки барои таҳсили фарзандон, беҳтар кардани шароити зист ва дигар ниёзмандиҳои оилавӣ масраф кардаанд.

Баъди қабули қонуни мазкур дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз 70 номгӯйи ҷашну маросимҳои расмӣ, зодрӯз, тӯйи хатнасур, домодию арӯсӣ, дафну азодорӣ ва ҳаҷ 55-тои он кам гашта, 15 адади он боқӣ монд. Бисёр расму оинҳо, аз қабили маслиҳатошӣ, фотиҳа, сандуқбарон, арӯсбинон, қудоталбон, оши сари тахта, серӯзагӣ, ҳафтагӣ, шашмоҳагӣ аз байн бардошта шуданд. Акнун соҳибони маъракаҳо як моҳ пеш ба комиссия муроҷиат намуда, барои сабуку бе харҷи зиёдатӣ гузарондани маъракаҳояшон маслиҳат мепурсанд. Ҳамин тавр, баргузории дигар чорабиниҳо, аз ҷумла хатнасур, оши чил, сари сол ҳам то андозае ба низоми муайян даромаданд.

Вале ҳамзамон, ҷойи тааҷҷуб ва таассуф аст, ки ҳанӯз ҳам аз ҷониби баъзе шаҳрвандон бемасъулиятӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани талаботи ин қонун ба назар мерасад. Инро дар мисоли ҷорӣ шуда истодани маъракаҳои нав ба нав, ки боис ба исрофкориҳо мешаванд, дидан мумкин аст. Кас дар ҳайрат мемонад, ки чаро дар ҷавоби ғамхории давлат, ки маҳз ба ғанӣ шудани буҷети оила равона шудааст, боз ба ҳар гуна исрофкориҳо даст мезанем? “Тибқи қонун амал карда истодаем” - мегӯянд мардум дар баъзе маҳалҳо. Лек аз хароҷоти барзиёди худ, ки баҳри ҷиҳозу туҳфаҳо ба тифлони навзод, имрӯз торафт ба дараҷаи боло рафта, падару модарони арӯс мошинҳои ҷомашӯӣ, катҳои хоби дуқабата барои кӯдакон ва ҳатто то аробаю аробача барои роҳрав гардидани тифл, бо халтаҳо додани бозичаҳо; агар духтарча бошад, гӯшвораи тило; писар бошад, мошинчаҳои нархашон аз 500 то 700 сомонӣ туҳфа карда истодаанд, намеандешанду намегӯянд. Дар илми забоншиносӣ хароҷоти аз меъёр зиёдро “исроф” ном мебаранд, ки шариати ислом онро ҳаром медонад. Дар ин асос, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” низ чунин амал, яъне исрофкориро қатъиян манъ менамояд.

Чунин ба мушоҳида мерасад, ки бештар занҳо барои барпо гардидани ин маъракаҳо ҳаракат намуда, қонуни танзимро риоя намекунанд, ки барои худнамоишдиҳӣ мебошад. Оё ин зарар ба кисаи худи мо нест?! Ин ҷо мехоҳам аз Паёмбари ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) иқтибос овардам, ки фармудаанд: «Зане, ки харҷаш аз ҳама камтар аст, баракаташ аз ҳама зиёд…» Аммо ҳолатҳоеро медонем, ки барои гузаронидани маъракаҳо одамон ҳатто аз бонк қарз гирифта, оқибат онро пардохт карда натавониста, ба ҳар гуна мушкилот дучор мегарданд. Кам нестанд шахсоне, ки баъд аз гузаронидани маъракаҳо ҷанҷоли оилаашон зиёд гашта, то ба ҷудоии навхонадорон оварда расонидааст.

Дар ҳар минтақа маросимҳои суннатӣ ба ҳар гуна ҷашн гирифта мешаванд. Набояд фаромӯш сохт, ки тибқи моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ташкили маъракаҳои фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, тақдими сарупо барои меҳмонони тарафайн ва хешу табори домоду арӯс, ба истиснои тақдими туҳфаҳо барои домоду арӯс ва падару модари онҳо, манъ аст.

Хатнасур ҳам, мувофиқи қонун, ба таври ихтиёрӣ дар як рӯз бо иштироки то 60 нафар танҳо дар доираи як чорабинӣ (додани зиёфат ё ош) бо харҷи кам бояд гузаронида шавад. Дар хатнасур маъракаҳои маслиҳатошӣ, бузкашӣ, гӯштингирӣ, ордбезон ва инъом кардан, ба истиснои тақдими тӯҳфаҳо ба тифл, манъ аст. Ба ҷойи харҷҳои зиёду беҳуда, магар беҳтар нест, ки падару модарон аз маблағҳои сарфашуда то расидан ба синни балоғат дар бонкҳо ба номи фарзандон бо шартҳои имтиёздор ва бо кафолатҳои давлатӣ суратҳисоб кушоянд? Хушбахтии инсон ҳеҷ гоҳ дар доштани либосу ҷиҳози бо пули қарз харидашуда ифода намеёбад.

Имрӯз зарур аст, ки шахсони дилсӯзу масъулиятшинос, обрӯманду бофарҳанги ҷомеа барои дигар шаҳрвандон намуна бошанд. Агар шахсони шинохта ҷашнҳои домодию арӯсии фарзандонашонро бо харҷи кам ва ба таври намунавӣ дар доираи муайяни иштирокчиён гузаронанд, ташаббуси онҳо аз ҷониби мардум дастгирӣ ёфта, оҳиста-оҳиста баргузории маъракаҳои камхарҷ ба ҳукми анъана медарояд.

Дастури Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ садо дод, вобаста ба ҷорӣ намудани омӯзиши ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар муассисаҳои таълимии кишвар, иқдоми саривақтӣ ва қобили дастгирӣ буда, ин иқдоми Сарвари давлат моро водор месозад, то барои татбиқи ҳамаҷонибаи қонуни мазкур бештар ҷаҳду талош намоем.

Бояд тафаккури насли наврасро аз оила, муассисаҳои томактабӣ сар карда, дар заминаи мафкураи шарқиёнаи халқи мо, чуноне Президенти кишвар матраҳ кардаанд, ташаккул диҳем ва ин қонунро барои таъмини инкишофи устувори иқтисодиёт, пеш бурдани созандагиву бунёдкорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум биомӯзем ва аз рӯйи он амал кунем. Аз қабули он муддати чандон зиёд нагузашта бошад ҳам, таҷриба нишон дод, ки нақшу муқаррароти он дар ҷомеа муассир буда, меъёри зиндагии мардум гаштааст.

Баргигул БАРОТОВА,
муовини менеҷери КАТС-и шаҳри Қӯрғонтеппа, вакили Маҷлиси
вакилони халқи вилояти Хатлон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Модарони ғамхор, вале исрофкорем…

Модарони ғамхор, вале исрофкорем…

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Таҳқиқи журналистӣ, Матолиби чандрасонаӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Пешвои  миллат - раҳнамои миллат

Пешвои миллат - раҳнамои миллат

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
3 млрд. сомонӣ сарфа шуд

3 млрд. сомонӣ сарфа шуд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ҷаримаи 6 ҳофизи тӯйгард

Ҷаримаи 6 ҳофизи тӯйгард

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Қӯрғонтеппа: Ташвиш аз ҷудошавии оилаҳо ва беаҳамиятии волидон

Қӯрғонтеппа: Ташвиш аз ҷудошавии оилаҳо ва беаҳамиятии волидон

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА