Дар як сатр
» » Торнамои нашрияи "Хатлон" дар интернет фаъол шуд

Торнамои нашрияи "Хатлон" дар интернет фаъол шуд

10-01-2015, 10:53

Торнамои нашрияи "Хатлон" дар интернет фаъол шуд

Торнамои “Хатлон”-и нашрияи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар шабакаи ҷаҳонии интернет фаъол гардид.

Ин торнамо ҳоло бо нишони “Khatlon-ruznoma.tj” дар интернет фаъол буда, дар он корбарон метавонанд, тамоми матолиби нашрия “Хатлон”-ро пайдо ва бо муҳимтарин рӯйдодҳои шаҳру навоҳии ҷанубии Тоҷикистон ошно шаванд.

Инчунин дар торнамои мазкур дидани аксу видеоҳо аз манотиқи гуногуни вилоят низ имкон дорад. Khatlon-ruznoma.tj дар баробари паҳни хабару руйдҳои вилоят инчунин матолиби таҳлилиро низ ба нашр мерасонад.

Нашрияи “Хатлон”, ки сармуҳаририи онро Асалмо Сафарова бар уҳда дорад, дар ҳоли ҳозир нахустин расонаи давлатии хабарии дорои торнамо дар интернет дар вилояти Хатлон ба шумор меравад.

Хабаргузории "Озодагон", 3 январ 2015.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Беш аз 1130 матлаби «Хатлон» дар як сол!

Беш аз 1130 матлаби «Хатлон» дар як сол!

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
«Ҳамқадам» - нашрияи нав барои ҷавонон

«Ҳамқадам» - нашрияи нав барои ҷавонон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Рӯзномаи «Хатлон» сомонаи худро таъсис дод

Рӯзномаи «Хатлон» сомонаи худро таъсис дод

Расонаҳо дар бораи Хатлон
Нашрияи ҳукумати Хатлон ба интернет роҳ ёфт

Нашрияи ҳукумати Хатлон ба интернет роҳ ёфт

Расонаҳо дар бораи Хатлон
Рӯзномаи «Хатлон» сомонаи худро таъсис дод

Рӯзномаи «Хатлон» сомонаи худро таъсис дод

Расонаҳо дар бораи Хатлон