Дар як сатр
» » Бузкашии гарм дар борони нарм

Бузкашии гарм дар борони нарм

4-04-2017, 14:20

Бузкашии гарм дар борони нарм

Дар Ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг бахшида ба ҷашни Наврӯзи аҷам мусобиқаи бузкашӣ (човандозӣ) бо ташаббуси корхонаи "Тиллои тоҷик" дар якҷоягӣ бо бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур агарчи ҳаво сарду боронӣ буд, аз гӯшаю канори ҷумҳурӣ човандозон бо саманди худ барои иштирок дар ин мусобиқаи бузкашӣ ҳозир гашта буданд.

Сардии ҳавои ин ноҳияи кӯҳӣ ҳатто сафи мухлисону тамошочиёнро заррае кам накарда буд. Сари ёлу теппаҳо пур аз тамошочиён гашта буду бо шавқ ба чолокию чӣ гуна бузро ба марра расонидани човандозон менигаристанд ва ба маҳорату малакаи онҳо, ки бо чӣ хатарҳое рӯ ба рӯ мешуданд, аҳсант мехонданд.

Дар ин мусобиқаи бузкашӣ пайки бозӣ, ки 34 ҳазор сомонӣ, яъне пули ду мошинро дар бар мегирифт, сазовори човандозони ноҳияи Ёвон ва шаҳри Ҳисор гардид. Подоши дигари ин мусобиқаи бузкашӣ: 4 шутур, 10 асп, 10 чорвои шохдори калон ва моли майдаву пул буд.

Тамошочиёни бузкашии мазкур дар ин маъракаи наврӯзӣ ҳудуди 5 ҳазор нафар буданд. Сафи човандозон низ аз 800 нафар кам набуд.

Бояд гуфт, ки агарчи ин мусобиқаи бузкашӣ дар як деҳаи кӯҳӣ баргузор гардид, аммо дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва бо иштироки човандозони номии кишвар гузашт.

Низомиддин ИСОЕВ,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз дасти Пешвои миллат ҷоиза мегиранд

Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз дасти Пешвои миллат ҷоиза мегиранд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ёвон: Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини дзюдо

Ёвон: Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини дзюдо

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Кӯлоб: Чемпионат оид ба гӯштини миллӣ

Кӯлоб: Чемпионат оид ба гӯштини миллӣ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
104 медали тилои варзишгарони Хатлон

104 медали тилои варзишгарони Хатлон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Иштироки 3 дастаи футболбоздухтарони Хатлон дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ

Иштироки 3 дастаи футболбоздухтарони Хатлон дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА