Дар як сатр
» » Корвони маърифат

Корвони маърифат

3-04-2017, 10:26

Корвони маърифат


Дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ “Корвони маърифат” дар ноҳияи ба номи Ҷалолиддини Балхӣ чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ, мулоқоту вохӯриҳои хешро идома бахшид.

Дар беморхонаи №2-и Ҷамоати шаҳраки Гулистон табибони “Корвони саломатӣ” ба беш аз 700 нафар хизмати тиббӣ расониданд. Пешгирии амалҳои номатлуб аз қабили терроризм, ифротгароӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мазҳабӣ ва тақлиди либосҳои бегона, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” меҳвари асосии вохӯрии намояндагони “Корвони маърифат” буд, ки дар қасри фарҳангии Ҷамоати деҳоти “Ҳалевард” доир гардид.

Ба ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бошад, дар қасри фарҳангии Ҷамоати шаҳраки Гулистон маҳфилҳои “Оилаи беҳтарин”, “Кадбонуи беҳтарин”, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ бо ширкати васеи аҳолӣ баргузор гардид. Дар интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳия вохӯрӣ ва мулоқот бо адибон, шоирон ва барномаи консертӣ бахшида ба 20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ дилнишину хотирмон буд.

Вохӯрӣ бо иштирокчиёни Иҷло-сияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне иҷлосияи тақдирсози миллат дар Ҷамоати шаҳраки Балх ба амал омад. Чорабинии мазкурро ҳунармандони раёсати фарҳанг бо барномаи консертӣ рангину ҷолиб намуданд.

Ҳамчунин, дар толори коллеҷи энергетикӣ, воқеъ дар Ҷамоати де-ҳоти Навобод, намоиши театрӣ доир гардид. Дар аксияи иттилоотӣ дар бозори Баҳор баамаломада беш аз 2500 рӯзномаю маҷалла ва варақаҳои иттилоотӣ ба аҳолӣ пешкаш гардид. Мусобиқаҳои варзишии футбол, волейбол, гӯштини миллӣ, шоҳмот ва тенниси рӯйи миз бахшида ба эълон гардидани Соли ҷавонон бо ширкати васеи наврасону ҷавонон дар муассисаи таълимии рақами 33 хотирмон буд.

Ҳамчунин дар ноҳияи Ҷайҳун низ ҳафтаи равон меҳмонони «Корвони маърифат»-ро бо тантана пазироӣ намуданд.

Зимни баргузории чорабинии «Корвони маърифат» муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода ба ҳозирин изҳор дошт, ки «Корвони маърифат» тибқи амри раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода таъсисёфта, ҳадафаш омодагӣ ба санаи тақдирсози миллат 20-солагии Ваҳдати миллӣ буда, дар ин замина бори дигар иштирокдорон доир ба самтҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар ва татбиқи он дар амал андешаронӣ менамоянд.

Гурӯҳҳои кории чорабинии «Корвони маърифат» ба ҷамоату шаҳракҳои ноҳия баромада, бо мардум оид ба мавзӯъҳои алоҳида суҳбату вохӯриҳо ва чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ гузарониданд.

Дар ҷамъбасти «Корвони маърифат», ки дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун баргузор гардид, муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода фикру андешаҳои роҳбарони гурӯҳҳоро шунида, зикр намуд, ки мақсад аз баргузории чорабиниҳо ҳарчи бештар ташвиқ намудани мардум ба корҳои созандагию ободонӣ, тозаю озода кардани маҳали зист ва пойдории сулҳу субот, дӯстӣ ва Ваҳдати миллӣ, ки бо заҳматҳои зиёд ва сиёсати оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардаем, мебошад. Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия фаъолияти гурӯҳҳои кории “Корвони маърифат” ҷамъбаст ва натиҷагирӣ гардид.

Мадина ҚУРБОНОВА,
Низомиддин ИСОЕВ,
“Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Пазироии хуш аз «Корвони маърифат»

Пазироии хуш аз «Корвони маърифат»

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҷавонон ва варзиш, АСАЛМО САФАРОВА
«Корвони маърифат» дар меҳмонии сокинони Сарбанд

«Корвони маърифат» дар меҳмонии сокинони Сарбанд

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Арсаи кишоварзӣ, Маориф ва илм, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
«Корвони маърифат»- ро Вахш истиқбол гирифт

«Корвони маърифат»- ро Вахш истиқбол гирифт

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Фарҳанг ва адабиёт, Тандурустӣ ва экология, КОМРОНИ БАХТИЁР
«Корвони маърифат» дар Бохтар

«Корвони маърифат» дар Бохтар

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
«Корвони маърифат» ба Хуросон омад

«Корвони маърифат» ба Хуросон омад

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Фарҳанг ва адабиёт, КОМРОНИ БАХТИЁР