Дар як сатр
» » Наврӯзии ҷавонони вилоят дар Норак

Наврӯзии ҷавонони вилоят дар Норак

31-03-2017, 16:26

Наврӯзии ҷавонони вилоят дар Норак

Бо ибтикори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон дар шаҳри Норак таҳти унвони “Наврӯз - таҷассумгари анъанаҳои миллӣ” бо иштироки мудирони бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ҷавонони фаъоли вилоят баргузор гардид.

Фариза Абдуллоева, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, баромад намуда, кулли ҷавонони вилоят ва ҷавонони шаҳри Норакро бо ҷашни Наврӯзи аҷам ва эълон гардидани соли 2017-Соли ҷавонон табрик намуд.

- Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад, - зикр кард Ф. Абдуллоева. - Имрӯз халқи мо низ ин суннати аҷдодиро бо пайравӣ аз пешиниёни худ гиромӣ медорад. Бинобар ин, ҳар сол Наврӯзи нозанинро бо як шукӯҳу азамат, бо расму суннати ниёгони хеш ҷашн мегиранд.

Инчунин, аз ҷониби Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон дар арафаи иди Наврӯз ба 10 нафар оилаҳои маъюбу камбизоати шаҳри Норак кумаки яквақтаинаи пулӣ тақдим карда шуд.

Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҷавонон - тарғибгари фарҳанги миллӣ

Ҷавонон - тарғибгари фарҳанги миллӣ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Наврӯзи ҷавонони ноҳияи Шаҳритус (акс)

Наврӯзи ҷавонони ноҳияи Шаҳритус (акс)

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, Ҷавонон ва варзиш, Матолиби чандрасонаӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
«Корвони рӯзноманигорон» дар вилояти Хатлон

«Корвони рӯзноманигорон» дар вилояти Хатлон

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Вахш. Аксияи интихоботӣ

Вахш. Аксияи интихоботӣ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Корвони китоб» барои сарбозони Хатлон

«Корвони китоб» барои сарбозони Хатлон

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА