Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ДАР ҲУНАР ЯКТО


ДАР ҲУНАР ЯКТО





ДАР ҲУНАР ЯКТО
Сад ҳайф зи реҳлати бузургони ҳунар,
Беҳ, ки зи ду дидаам чакад хуни ҷигар.

Ҳақназар ҒОИБ

САД ДАРЕҒ!
То ба охир табъи мо болонда рафтӣ, сад дареғ!
Ҷои ханда ин саҳар гирёнда рафтӣ, сад дареғ!
Ашки дилро бар замин резонда рафтӣ, сад дареғ!
Пиру барноро ба ғам сӯзонда рафтӣ, сад дареғ!
Шӯхиҳои дилкашат дар зиндагӣ ҳамто надошт,
Дар ҳузурат ҳеҷ кас аз дарду ғам парво надошт,
Ҳар ҳуруфат ғайри хурсандӣ дигар маъно надошт,
Аҳли маъниро чаро гирёнда рафтӣ, сад дареғ?!
Гарчи то имрӯз хандондӣ тамоми марду зан,
Гул ба боғи зиндагӣ буд дар ҳузурат хандазан,
Андалебон рахт банданд бе ту аз боғу чаман,
Оламеро дар азо биншонда рафтӣ, сад дареғ!
Тарки ёру дӯстони худ намудӣ ин саҳар,
Дарду ғамҳои дили моро фузудӣ ин саҳар,
Раҳ ба коми хоки тар бар худ кушудӣ ин саҳар,
Даст сӯйи дӯстон афшонда рафтӣ, сад дареғ!...
Исмоил ЗАРИФӢ

БИГИРЙЕД...
Бигирйед, бигирйед, чу фарҳанг бигиряд,
Агар ной бинолад, агар чанг бигиряд.
Бубинед, бубинед бад- ин халқ, ки дирӯз
Ба сад ранг бихандид, ба як ранг бигиряд.
Бигирйед, бигирйед, агар ойина бишкаст,
Нахандед, нахандед, агар санг бигиряд.
Набандед, набандед дари чашм, бубинед:
Дили боз бигиряд, дили танг бигиряд.
Бигӯед: яке ҳазл намудаст, ки бинад:
Тавонад ҳама халқ ба як ранг бигиряд?
Сафармаҳмад АҲМАДОВ

САД ДАРЕҒ, ГАНҶИ ҲУНАР РАФТ
Бо нигоҳи гулпарастат дар баҳор гашти хазон,
Рафтиву аҳли ҳунар дар мотамат карданд фиғон,
Гиря карданд дӯстон, фарзандҳои меҳрубон,
Сад дареғ ганҷи ҳунар рафт, бо дили пурормон.
Дар ҳунар ҳамто надоштӣ, хушзабону меҳрубон,
Бо табассум гашта ҳар шаб меҳмони мухлисон.
Саҳнаҳои дилпазират қалби моро хуш намуд,
Сад дареғо, қалби покат хоки сард оғӯш намуд.

Зинатгул САФАРЗОДА

ТУРО ҶАННАТ САЗОВОР АСТ
Табассум ҳадя кардан бар лаби мардум наку кор аст,
Зудудан ғусса аз дил бо зарофат кори душвор аст.
Накӯмардон чу нахли пурсамар дар боғи давронанд,
Ба зудӣ бишканад шохе, ки дар вай мева бисёр аст.
Дар ин дунёи заҳролуд, ки одам душмани одам,
Сухан ширин баён кардан на кори ҳар сияҳкор аст.
Гулистон шуд хароб, гулҳо бирехт чун андалебе рафт,
Гиребон чоку чодар пора карда гул ба гулзор аст.
Фурӯ рафт сақфи ҳаҷви санъати тоҷик зи марги ту,
Аловуддини Абдулло, туро ҷаннат сазовор аст.
Закоти ханда додӣ бар ятиму бекасу бе кӯ,
Дуои бекасон баҳрат дар он олам мададгор аст.
Ба рӯҳат Ҷаъфарӣ як каф дуо хонад зи сидқи дил,
Иҷобат аз Худои поки Саттор асту Ғаффор аст.
ҶАЪФАРӢ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода