Дар як сатр
» » Тамринҳои муштараки низомӣ

Тамринҳои муштараки низомӣ

31-03-2017, 16:12

Тамринҳои муштараки низомӣ

Дар ҳудуди вилояти Хатлон машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ бо ҷалби ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бо тирпаронии ҷангӣ оғоз гардиданд.

Машқҳои муштарак то 30 март идома ёфта, чор марҳиларо дар бар мегиранд ва гузаронидани онҳо дар машқгоҳҳои ҳарбии Фахробод, Ҳарбмайдон, Ҳомиён, Сумбула, Ҳалқаёр, Ҷайралӣ ва Лоҳур пешбинӣ гардидааст. Дар баробари иштироки беш аз 40 ҳазор нафар ба маҷмӯи машқҳои муштараки васеи низомӣ, инчунин техникаҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, артиллериву автомобилӣ, чархболу ҳавопаймоҳои ҳарбиву нақлиётӣ ва дигар лавозимоти ҷангӣ истифода мегарданд. Ҳадафи баргузории маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегӣ ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ дар ҳудуди гарнизони Хатлон сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии ширкаткунандагони машқҳо дар ташкили амалиёти муваффақонаи ҷангӣ, баланд бардоштани омодагии рӯҳиву равонӣ, қобилияти ҷангиву ҷисмонӣ ва сафарбарии қӯшунҳо дар самти доир кардани унсурҳои мухталифи ҷангии зиддитеррористӣ дар минтақаҳои сарҳадӣ, шароити дашту саҳро ва кӯҳистони ҳудуди ҷумҳурӣ мебошад.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Аз озодӣ маҳрум шудани ду ҷавон

Аз озодӣ маҳрум шудани ду ҷавон

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Нахустин амалиёти пайвандсозии гурда дар Хатлон

Нахустин амалиёти пайвандсозии гурда дар Хатлон

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Артиши сулҳовари мо

Артиши сулҳовари мо

Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Ҳифзи оромии Ватан барои мо қарз аст

Ҳифзи оромии Ватан барои мо қарз аст

Сиёсат
Анҷоми амалиёти

Анҷоми амалиёти "Пиёдагард"

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА