Дар як сатр
» » Кишти пахтаву зироатҳои дигар бомаром ҷараён дорад

Кишти пахтаву зироатҳои дигар бомаром ҷараён дорад

31-03-2017, 15:55

Кишти пахтаву зироатҳои дигар бомаром ҷараён дорад


Дар вилояти Хатлон тамоми навоҳии пахтакор (ба истиснои шаҳри Кӯлоб), тибқи реҷа, ба кишти пахта оғоз бахшидаанд. Дар ин маърака кишоварзони ноҳияҳои Шаҳритуз, Қубодиён, Ҷалолиддини Балхӣ пешқадам мебошанд.

Равшан Қаландаров, муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, зимни тасдиқи ин хабар ба рӯзномаи “Хатлон” гуфт, ки имсол дар вилоят дар майдони 120 ҳазор гектар чигити пахта кишт мешавад, ки назар ба соли гузашта қариб 5 ҳазор гектар бештар аст.

Пахтакорони хоҷагиҳои деҳқонии дигари вилоят ба мавсим омодагии ҷиддӣ дида, бо расидани фурсати муносиб ва обу ҳавои мусоид пайи ҳам ба кишти пахта мепардозанд. Заркорони пуртаҷрибаи Хатлон - вилояти калонтарини пахтакори мамлакат хуб медонанд, ки кишти босифат ва саривақтӣ яке аз омилҳои муҳимтарини фаровонҳосилист.

Ёдрас мекунем, ки соли 2016 дар майдони зиёда аз 115 ҳазор гектар пахта кишт шуда, тибқи маълумоти оморӣ, беш аз 193 ҳазор тонна “тилои сафед” истеҳсол гардидааст.

- Имрӯзҳо дар вилоят ҳамчунин кишти зироатҳои техникӣ, зироатҳои полезӣ (тарбузу харбуза ва ғ.), сабзавот, помидор, бодиринг, ҷуворимакка барои дону барои силос ҷараён дорад, - афзуд Р. Қаландаров, муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон. - Дар минтақаҳои баландкӯҳи вилоят, аз ҷумла ноҳияҳои Муъминободу Шамсиддини Шоҳин, деҳқонон кишти картошкаро шурӯъ кардаанд.

Имсол дар вилояти Хатлон, тибқи дурнамо, дар майдони 4200 гектар картошка кишт мешавад.

Н. МАЪМУРЗОДА,
“Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дурнамо 98% иҷро шуд

Дурнамо 98% иҷро шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Идомаи кишти пахта дар Хатлон

Идомаи кишти пахта дар Хатлон

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ то 150% дар ноҳияи Н. Хусрав

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ то 150% дар ноҳияи Н. Хусрав

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Дурнамои чиниши пахта 31,9% иҷро шуд

Дурнамои чиниши пахта 31,9% иҷро шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ғалла 40% ҷамъ шуд

Ғалла 40% ҷамъ шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ