Дар як сатр
» » Қариб 5 млн. сомонӣ кӯмаки волидон барои таъмири мактабҳо

Қариб 5 млн. сомонӣ кӯмаки волидон барои таъмири мактабҳо

10-01-2015, 09:12

Қариб 5 млн. сомонӣ кӯмаки волидон барои таъмири мактабҳоКумитаҳои падару модарон барои таъмири мактабҳо дар қаламрави шаҳру навоҳии вилояти Хатлон 4,8 миллион сомонӣ кӯмак кардаанд.

Дар як соли охир бо маблағгузории мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дастгирии молиявии доираҳои соҳибкорӣ дар 46 муассисаи таълимӣ 294 синфхонаи иловагӣ барои 7414 ҷойи хониш бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Тибқи маълумоти Маркази миллии тестии назди Президенти кишвар, аз 40522 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо ба мактабҳои олии Тоҷикистон 9215 нафар, ба муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар 1573 нафар, ба таври анъанавӣ ба 8 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ 1754 нафар ва тибқи квотаи президентӣ 491 нафар дохил шудаанд, ки 23 фоизи хатмкунандагони вилоятро ба мактабҳои таҳсилоти олии касбии дохилу хориҷи мамлакат ташкил медиҳад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки фисади дохилшавии хатмкунандаҳои макотиби баъзе навоҳии вилоят бисёр паст буда, мактабҳое ҳам ҳастанд, ки соли таҳсили гузашта ҳатто як нафар фориғуттаҳсил ба донишгоҳ шомил нашудааст.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Д. Гулмаҳмадзода: «Саҳми олимону устодони эҷодкор дар рушди илми тоҷик наза ...

Д. Гулмаҳмадзода: «Саҳми олимону устодони эҷодкор дар рушди илми тоҷик наза ...

Хабарҳо, Маориф ва илм
Қабули ҳуҷҷатҳо ба ДДТХ шурӯъ мешавад

Қабули ҳуҷҷатҳо ба ДДТХ шурӯъ мешавад

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҳамадонӣ: Ихтисоси 1,8 миллион сомонӣ барои таъмири мактабҳо

Ҳамадонӣ: Ихтисоси 1,8 миллион сомонӣ барои таъмири мактабҳо

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
С. Шерзода: «Омӯзгорони ҷавонро бояд дилгарм созем»

С. Шерзода: «Омӯзгорони ҷавонро бояд дилгарм созем»

Хабарҳо, Маориф ва илм
Чаро аз 29 мактаб касе шомили донишгоҳ нашуд?

Чаро аз 29 мактаб касе шомили донишгоҳ нашуд?

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА