Дар як сатр
» » Ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ салоҳияти мост

Ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ салоҳияти мост

27-03-2017, 08:32

Ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ салоҳияти мост

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар даврае пешниҳоди мардуми ҷумҳурии соҳибистиқлол гардонида шуд, ки кишвари азизи мо бо марҳалаи нави рушд - гузаштан аз кишвари кишоварзӣ-саноатӣ ба саноатӣ-кишоварзӣ ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Дар зарфи бисту панҷ сол бо шарофати заҳмату талошҳои бесобиқаи Сарвари давлат дар роҳи таъмини рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла маорифу тандурустӣ, фарҳангу варзиш, саноату сохтмон, волоияти қонун мардуми шарифи Тоҷикистон меҳнати собитқадамона доранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баррасии Паёми навбатӣ аз давраҳои талху вазнини ҷангҳои шаҳрвандӣ ва ба ояндаи шукуфоӣ расидани мардумро ёдовар гардид. Аз суханрониҳои пурмуҳтавои Президенти мамлакат кушоду равшан эҳсос мегардад, ки ҳарчанд ба ёд овардани тирагии рӯзгор дар даврони гузариш дили инсонро афсурда мекунад, лек ҳар дам ҳушдор медиҳад, ки ба қадри обу хок ва оромиву осоиштагӣ бояд расид, шукрона бояд гуфт, ки ин рӯзгори хуш бо меҳнати зиёд ва ҳамдигарфаҳмии ҳар инсони бедордил ба даст омадааст.

Дар ҳақиқат, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кишвари моро аз масири пешрафт чандин даҳсола ақиб партофт ва мардуми Тоҷикистонро водор сохт, ки барои бартараф кардани харобиву хисороти он солҳо заҳмати шабонарӯзӣ намуда, мушкилоту монеаҳои басо гаронро таҳаммул намоянд. Қариб даҳ соли баъди истиқлолият тамоми неру ва талошҳои Ҳукумати кишвар баҳри барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ ва рукнҳои давлатдорӣ, пеш аз ҳама, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, ба Ватан баргардонидани беш аз як миллион нафар фирориён, барқарорсозии баъдиҷангӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ равона гардид.

Дар ҳамин раванд, нуктаи дигаре, ки дар Паём баррасӣ гардид, ин ба хатари глобалӣ табдил ёфтани терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир мебошад. Пӯшида нест, ки ин масъалаи мубрам аз беэътиноии атрофиён сар мезанад ва ба ҳамин роҳ солҳои охир ба сафи ифротиёни ба ном қувваҳои «Давлати исломӣ» аз кишвари мо низ ҷавонону наврасон шомил мегарданд. Ҷавонони тоҷик ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ, ки дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ кор мебаранд, шомиланд, ки ин мавриди нигаронӣ мебошад.

Дар ин баробар аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебояд ёдовар шуд, ки омили дигари нигаронкунанда буда, яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории террористони байналмилалӣ маҳсуб меёбад. Вобаста ба ин, ҳар як афроди ватандӯсту хештаншиносро зарур аст, ки бо мақсади пурзӯр намудани мубориза бар зидди воридшавии маводи мухаддир дар маҳал ҳамкориро бо мақомоти ҳифзи ҳуқук, инчунин, фаъолону пешқадамони истеҳсолот, кумитаҳои падару модарон вусъат диҳанд. Дар ин росто дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат, қонунҳои амалкунандаи кишвар, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро баробари кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мардуми саодатпешаву оқил низ бояд вазифаи аввалиндараҷаи худ донанд. Моро мебояд, ки даст ба дасти ҳамдигар дода, манфиатҳои давлату миллат-ро аз ҳама боло гузорем ва тамоми донишу таҷриба ва кӯшишу ғайрати худро барои зиндагии орому осуда ва босаодати халқамон сафарбар созем ва Паёми мазкурро ҳамчун роҳнамо дар пешбурди ҳамарӯзаи кору зиндагӣ самаранок истифода барем, то ин ки пешравии давлат, зиндагии шоистаи мардум таъмин бошад.

Ш. НУРЗОДА,
корманди ШВКД
дар ноҳияи Ёвон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Д. Гулмаҳмадзода: “Қарздиҳӣ аз ҷониби бонкҳо коҳиш ёфтааст”

Д. Гулмаҳмадзода: “Қарздиҳӣ аз ҷониби бонкҳо коҳиш ёфтааст”

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ
Роҳнамо ва оинаи зиндагии ҷавонон

Роҳнамо ва оинаи зиндагии ҷавонон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Паёмро меомӯзем ва дар ҳаёт татбиқ мекунем

Паёмро меомӯзем ва дар ҳаёт татбиқ мекунем

Хабарҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Сарқонун моро ба ояндаи дурахшон ҳидоят менамояд

Сарқонун моро ба ояндаи дурахшон ҳидоят менамояд

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният