Дар як сатр
» » Ҳифзи қурби пули миллӣ ҳифзи Ватан аст

Ҳифзи қурби пули миллӣ ҳифзи Ватан аст

27-03-2017, 14:30

Ҳифзи қурби пули миллӣ ҳифзи Ватан аст

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба муносибати ислоҳоти пулии кишвар қайд карда буданд, ки «Пули миллӣ боигарӣ, сарвати миллӣ ва обрӯю эътибори миллат аст. Бинобар ин, таъмини гардиши озодонаи он, ҳифзи қурб ва қобилияти мубодилавии пули миллӣ қарзи ҳамаи мо дар назди Ватан мебошад».

Бо мақсади таъмини самаранокии низоми пулӣ, устуворӣ ва нақши он дар рушди иқтисодиёти мамлакат, мақомоти прокуратура вазъи риоя ва иҷрои қонунгузорӣ оид ба танзими асъор ва назорати асъорро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ ҳисобидааст. Зеро дар сатҳи зарурӣ нигоҳ дош-тани қурби пули миллӣ ба муътадил нигоҳ доштани нархҳо дар бозори истеъмолӣ ва бо ҳамин роҳ, ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат нигаронида шудааст.

Тибқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти №195 аз 29 сентябри соли 2015-ум Дастурамал таҳти №211 «Оид ба тартиби анҷомдиҳии амалиётҳои мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ» тасдиқ шуда, пас аз қайди давлатӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2015 таҳти №139 «д» аз 7 декабри соли 2015 барои роҳбарӣ ва иҷро ба ташкилотҳои қарзӣ ирсол карда шудааст.

Мутобиқи Дастурамали мазкур анҷомдиҳии амалиётҳои мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ танҳо дар хазинаи Саридора, филиалҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва нуқтаҳои интиқоли маблағи ташкилоти қарзӣ, бо риояи ҳатмии талаботҳои ҷойдошта иҷозат дода шудааст.

Ба ташкилотҳои қарзӣ шароит фароҳам оварда шудааст, ки бо истифодаи таҷҳизоти техникии худкори хизматрасониҳои хазинавидошта (банкоматҳо) ва тавассути нуқтаҳои хизматрасонии хазинавӣ дар меҳмонхонаҳо, фурудгоҳҳо ва дидбонгоҳҳои гумрукӣ бо мизоҷон амалиётҳои мубодилавиро анҷом диҳанд.

Дар ҷойи дигар анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ буда, риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ тибқи банди 10-и Дастурамали мазкур қонуншиканӣ маҳсуб гашта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад.
Дар ҳамин раванд аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят хазинаҳои амалиётӣ, ки ҳамзамон амалиётҳои мубодилавиро анҷом медиҳанд, дар дохили филиалҳо марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва нуқтаҳои интиқоли маблағ кушода шудааст.

Новобаста аз ин, вақтҳои охир аз ҷониби баъзе шаҳрвандон ғайриқонунӣ дар назди бозорҳои калони шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолияти бозорҳои ғайрирасмии хариду фурӯши асъори хориҷӣ ба мушоҳида мерасад.

Бо мақсади устувор нигоҳ доштани қурби пули миллӣ ва аз байн бурдани бозорҳои ғайрирасмии хариду фурӯши асъори хориҷӣ, нуқтаҳои савдо оид ба фурӯши маҳсулот бо асъори хориҷӣ ва бо мақсади таъмини назорати прокурорӣ дар самти риояи қонунгузории танзими асъор, инчунин баҳри ошкору пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо дар ин самт, мақомоти прокуратураи вилоят, бо ҷалби кормандони мақомоти марбутаи давлатӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, айни ҳол дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон санҷишҳои муштарак гузаронида истодаанд.

Ҳамин тавр, бо натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда вобаста ба танзими асъор ва назорати асъор барои риоя накардани ин қонунгузорӣ бо қарорҳои прокурори вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он нисбати 37 нафар парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва нисбати 4 нафар парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Дар баробари ин, аз ҷониби кормандони прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирии қонунвайронкуниҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, тавассути васоити ахбори омма бо нишон додани қонунвайронкуниҳо ва оқибатҳои он баромад карданд, ки аз идомаи қонунвайронкуниҳо вобаста ба муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ даст кашанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуда буданд: «Фаолияти муътадили низоми бонкӣ дар шароити имрӯза яке аз омилҳои асосии тараққиёти босуботи иқтисодӣ ба шумор меравад». Кормандони прокуратураи вилоят минбаъд низ дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ қарор дода, фаъолиятро дар ин самти муҳими назорати прокурорӣ самаранок ба роҳ монда, дар рушди иқтисодии кишвар саҳмгузор хоҳанд шуд.

Дар охир аз ашхосе, ки ин амали ғайриқонуниро василаи даромад ва асоси зиндагии худ қарор додаанд, даъват ба амал меорем, ки талаботи қонунро риоя намоянд, то ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида нашаванд.

К. ШОҲЗОДА,
прокурори шуъбаи назорати умумии
прокуратураи вилояти Хатлон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ироаи қарзҳои хурд 28,2% кам шудааст

Ироаи қарзҳои хурд 28,2% кам шудааст

Хабарҳо
61 эътирози мардум ба  қарорҳои раисони шаҳру навоҳӣ

61 эътирози мардум ба қарорҳои раисони шаҳру навоҳӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
60%-и кормандони прокуратура иҷоранишинанд

60%-и кормандони прокуратура иҷоранишинанд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Ифшои 116 қонуншиканӣ дар самти шуғли ғайрирасмӣ

Ифшои 116 қонуншиканӣ дар самти шуғли ғайрирасмӣ

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Қарзи бонкӣ – беш аз 1 млрд. TJS

Қарзи бонкӣ – беш аз 1 млрд. TJS

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА