Дар як сатр
» » Обёрии заминҳои боир ва афзоиши қарзи истифодаи об

Обёрии заминҳои боир ва афзоиши қарзи истифодаи об

10-01-2015, 08:44

Обёрии заминҳои боир ва афзоиши қарзи истифодаи обДар ноҳияи Қумсангир бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ Б. Валиев майдони 6300 гектар заминҳои боир ва аз гардиши кишоварзӣ берунмонда пурра барқарор карда шудааст.

Ин иқдом дар чаҳорчӯби барномаҳои азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда амалӣ гардидааст.

Дар ноҳияи Ховалинг низ аз ҷониби соҳибкорон барқарор намудани панҷ адад чоҳҳои амудӣ идома дорад, ки аз ин ҳисоб 250 гектар замин обёрӣ карда мешаванд.

Ба қавли мутахассисон, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани шабакаҳои обёрӣ ва ташкили дурусти таъминоти истифодабарандагони об аз пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ вобаста аст. Аммо қарзи хоҷагиҳои кишоварзӣ аз идораҳои хоҷагии об то ба имрӯз ба 19,3 миллион сомонӣ расидааст, ки чунин ҳолат ба таъмир ва барқарорсозии саривақтии шабакаҳои обёрӣ бетаъсир намемонад.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Сафари Сарвазир ба Ҷайҳун

Сафари Сарвазир ба Ҷайҳун

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Беш аз 1 миллион сомонӣ ҷарима барои вайронкунии қонунгузории замин

Беш аз 1 миллион сомонӣ ҷарима барои вайронкунии қонунгузории замин

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Обёрии заминҳо беҳбуд меёбад

Обёрии заминҳо беҳбуд меёбад

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Барканории раҳбарони идораҳои обёрӣ дар 8 ноҳияи Хатлон

Барканории раҳбарони идораҳои обёрӣ дар 8 ноҳияи Хатлон

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Вазъи обёрии заминҳо беҳбуд мехоҳад

Вазъи обёрии заминҳо беҳбуд мехоҳад

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА