Дар як сатр
» » Пазироии хуш аз «Корвони маърифат»

Пазироии хуш аз «Корвони маърифат»

16-03-2017, 09:52

Пазироии хуш аз «Корвони маърифат»


«Корвони маърифат» ҳафтаи сипаригардида ҷониби ноҳияи Дӯстӣ роҳ пеш гирифт. Мо-рӯзноманигорон дарк намудем, ки масъулину сокинони ноҳия бо як омодагии ҳамаҷониба аз ин корвон пазироӣ намуданд. Шурӯъ аз даромадгоҳи ноҳия ободонию тозакориҳои зиёде ба чашм расид. Ду ҷониби роҳҳо тахту ҳамвор, ҷӯйборҳо тозаю озода, дарахтони гулбасар арӯсони пиростаро мемонданд, ки ба истиқболи меҳмонон баромада, аз омад-омади Наврӯзи хуҷастапай мужда медоданд. Дар ҳар қадам шиору навиштаҷотҳо доир ба Ваҳдати миллӣ, якпорчагии Тоҷикистони азиз ва Наврӯзи оламафрӯз ба назар мерасид.

Гурӯҳҳои кории «Корвони маърифат» ба марказ ва ҷамоатҳои деҳоти ноҳия раҳсипор гардида, чорабиниҳои гуногун доир намуданд. “Корвони саломатӣ” дар деҳаи Кӯҳдомани Ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолӣ хизмати тиббӣ расонид. Табибони ҳозиқ беш аз ҳазор нафар сокинони Ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ташхисҳои гуногун гузарониданд, ба беморон тавсияҳои муфид дода, бо лаҳни ширину муомилаи нек дармон бахшиданд. Ҳамчунин дар литсейи касбии техникии №25-и ҷамоати мазкур бо иштироки беш аз 800 нафар ҳунаромӯзон, сокинони маҳал, омӯзгорон ҷамъомад доир гардид.

Зимни мулоқот мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят С. Шарифзода, мудири бахши ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Хатича Бекова, сармуҳаррири рӯзномаи «Хатлон» А. Сафарова оид ба пешгирии амалҳои номатлуб, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мазҳабӣ ва тақлиди либосҳои бегона ибрози назар намуданд. Зимни мулоқот доир ба татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» андеша ронда, Сафарбек Шарифзода иброз дошт, ки вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳон ҳар як фарди ватандӯстро тақозо менамояд, баҳри пойдории ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, устувории дӯстии халқҳо, ободонии Тоҷикистони азиз бештару беҳтар саҳм гузорад. Вақтҳои охир баъзе шахсони тангназар ва ё худ хоҷагони зархариди хориҷӣ мехоҳанд, ҷавонони моро ба ҳар гуна равия ва ҳизбҳои сиёсии мамнуъ ва ифротгаро шомил созанд. Вазифаи волидайн, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа ба ҷавонон возеҳу равшан фаҳмонда додани мақсадҳои нопоки ин гуна ашхос мебошад,- таъкид дошт Сафарбек Шарифзода зимни мулоқот.

Пазироии хуш аз «Корвони маърифат»

Дар толори маркази ҷавонони ноҳия бо ширкати сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Раъно Раҳимзода маҳфилҳои оилаи беҳтарин, кадбонуи беҳтарин ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир гардид. Дар ин мулоқот низ бо иштироки васеи мардум чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ба амал омад.

Дар Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод намояндаи САҲШ-и вилоят Ҳуронбӣ Мирсаидзода Ҳамро доир ба пешгирии барҳамхӯрии оилаҳои ҷавон, никоҳи хешутаборӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ чорабиниҳо доир намуданд.

Мулоқоти адибон, шоирон бо аҳолӣ дар қасри фарҳанги ноҳия ҳамовозии зиёд пайдо кард. Шоирон аз эҷоди хеш доир ба Ваҳдати миллӣ, Тоҷикистони биҳиштосо шеърҳо қироат намуданд. Дар Ҷамоати деҳоти “Нури Вахш” бошад, гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Махфират Хидирзода, муовини раиси вилоят ва раиси ноҳияи Дӯстӣ Салоҳиддин Назризода аз соҳаи хоҷагии қишлоқ, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, кишти зироатҳои барвақтӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дидан намуданд. Дар ҷамоати мазкур барномаи консертии Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хоса доир гардида, ба ҳозирин як ҷаҳон ҳаловат бахшид.

Пазироии хуш аз «Корвони маърифат»

Ҳамин тавр дар Ҷамоати деҳоти Навзамин намоиши театрии Раёсати фарҳанги вилоят мақбули ҳамагон гардид. Дар маркази ноҳия аксияи иттилоотӣ доир гардид, ки беш аз 2500 адад рӯзномаю варақаҳои иттилоотӣ ба аҳолӣ тақдим гардид. Дар МТМУ №3 мусобиқаҳои варзишии футбол, волейбол, велосипедронӣ дар байни духтарон, гӯштини миллӣ, шоҳмот ва тенниси руйи миз бо ибтикори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ баргузор гашт. Дар маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Дӯстӣ бошад, намоиши маҳфилҳои гулпарварӣ, кашидадӯзӣ, кадбонугӣ, гулдӯзӣ, ҳунарҳои миллӣ ва хониши бадеӣ диққати ҳозиринро ба худ ҷалб намуд.

Ҳамчунин дар МТМУ №2 ва МТМУ №1 намоиши чорабиниҳо оид ба иҷроиши Қарори Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Консепсияи роҳнамои касбии хонандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» ва вохӯрии гурӯҳи кории «Корвони маърифат» бо омӯзгорони ҷавон роҳандозӣ гардид. Ҳамин тавр беш аз 13 вохӯриву чорабиниҳо дар ноҳияи Дӯстӣ бо ширкати гурӯҳҳои кории «Корвони маърифат» баргузор гашта ба қалбҳо суруру шодмонӣ бахшид.

ВАХШОНА,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Корвони маърифат» дар меҳмонии сокинони Сарбанд

«Корвони маърифат» дар меҳмонии сокинони Сарбанд

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Арсаи кишоварзӣ, Маориф ва илм, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
«Корвони маърифат»- ро Вахш истиқбол гирифт

«Корвони маърифат»- ро Вахш истиқбол гирифт

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Фарҳанг ва адабиёт, Тандурустӣ ва экология, КОМРОНИ БАХТИЁР
«Корвони маърифат» дар Бохтар

«Корвони маърифат» дар Бохтар

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
«Корвони маърифат» ба Хуросон омад

«Корвони маърифат» ба Хуросон омад

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Фарҳанг ва адабиёт, КОМРОНИ БАХТИЁР
«Корвони маърифат» ба роҳ баромад

«Корвони маърифат» ба роҳ баромад

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, АСАЛМО САФАРОВА, ИСМАТУЛЛО ҲАСАНОВ