Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Дар деҳаҳои навбунёд 39 мактаб сохта шуд


Дар деҳаҳои навбунёд 39 мактаб сохта шуд



Дар доираи “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021” дар вилоят 106 иншооти соҳа мавриди истифода қарор дода шуд.

Тайи 5 сол 18 муассисаи таълимие, ки дар хонаҳои шахсӣ, вагонхона ва ҷойҳои ҷамъиятӣ қарор доштанд, ба биноҳои нави таълимӣ кӯчонида шуданд. Дар ин давра, ҳамчунин 63 муассисае, ки таъмирталаб ва дар ҳолати садамавӣ қарор доштанд, азнавсозӣ ва дар деҳаҳои навбунёд ва деҳаҳое, ки аҳолӣ зиёд шудааст, 39 адад муассисаи таълимӣ бунёд гардидааст.

Берун аз Барнома бошад, 44 адад иншооти соҳаи маориф барои 8693 ҷойи нишаст дар як баст (дар ду баст 17386) мавриди истифода қарор дода шудааст. Қобили зикр аст, ки соли 2021 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар вилоят 75 иншооти соҳаи маориф бо 622 синфхона барои 29586 нафар дар ду баст мавриди истифода қарор дода шудааст.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода