Дар як сатр
» » Достони марде, ки чарогоҳро ба боғистон табдил дод

Достони марде, ки чарогоҳро ба боғистон табдил дод

16-03-2017, 09:48

«Қобили зикр аст, ки соҳибкорону сармоягузорон дар татбиқи афзалиятҳои муайянкардаи Ҳукумат, бахусус, доир ба рушди босуботи иқтисодӣ, воридоти технологияҳои ҳозиразамон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши даромади аҳолӣ, инчунин, анҷом додани корҳои созандагӣ ва хайру эҳсонкорӣ фаъолона иштирок мекунанд».

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
ба Маҷлиси Олии мамлакат,
22 декабри соли 2016


Достони марде, ки чарогоҳро ба боғистон табдил дод


Агар воқеан дар қалби ҳама нияту мақсадҳои нек ҷо дошта бошад…
Агар ҳама бо муҳаббати хоса ба Ватан ҳар субҳро оғоз кунад…
Агар бо як шиор, ки «мақсад номи нек гузоштан аст», ҳар инсон зиндагӣ бикунад…
Агар аз заҳмат кашидан ҳар инсон наҳаросад…
Пас, биёбонеро ба боғистон табдил додан низ кори имконнопазир нахоҳад буд.


Сухан аз боби корномаи марди ватандӯсте меравад, ки воқеан ҳам шоистаи васф кардан аст. Соҳибкор Шералӣ Тоҳиров сокини шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Данғара мебошад, ки замоне техникуми ноҳияи Дӯстиро хатм кардааст. Шиори Шералӣ дар зиндагӣ танҳо обод кардани Ватан асту халос. Замоне, ки мо аз маркази ноҳияи Дӯстӣ ба Ҷамоати деҳоти Навзамин мерафтем, Шералӣ бо як гурӯҳ тариқи ҳашар дар замин кор мекарданд. Вай зиёда аз ду сол мешавад, ки дар чарогоҳ замини санглохро ба боғ табдил дода истодааст. Шералӣ Тоҳиров аз роҳбарияти пешин ва имрӯзаи ноҳияи мазкур изҳори миннатдорӣ намуд, ки ҳамеша дастгириаш мекунанд.

Моҳи майи соли 2012 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти рақами 295, 12 гектар замин бо талошҳои ин марди меҳнатдӯст ҷудо гардидааст.

- Баъди ҷудо гардидани қитъаи замин яке аз соҳибкорони хитоӣ хост бо ман якҷо ин заминро обод созем, - гуфт Шералӣ. - Вале мехост 75%-и фоида аз ӯ ва 25% аз ман шавад. Аммо пеши худ қарор додам, ки бигзор азоб кашам ва дар муҳлати як сол нею се сол ҳам ин мавзеъ обод шавад, вале бо сармояи ватанӣ кор мекунам. Ман бештари корҳоро тариқи ҳашар ба анҷом мерасонам, зеро кори якнафара нест.

Дар 7 гектари ин замин зиёда аз 4,5 ҳазор дарахтони мевадор шинонида шудааст. Ба андешаи Шералӣ, аз тамоми анвои мевае, ки дар Тоҷикистон мерӯяд, дар ин боғ шинонида шудааст. «Ниҳоли дарахти арчаро худамон тайёр мекунем, то ин ки беҳуда маблағро сарф накунем. Оби боғро аз дарёи Вахш бо мотор овардаем, - мегӯяд Шералӣ Тоҳиров. - Дар ин ҷо чарогоҳе буд. Аз ин замин, ки ҳоло дарахтон аллакай қомат афрохтаанд, чандин тонна санг бароварда шудааст».

Замони Шӯравӣ 1,5 километр болотар аз ин боғистон осоишгоҳе бо номи «Оби шифо»-и Ҷиликӯл фаъолият мекард, ки мардум дар он ҷо табобат мегирифтанд. Осоишгоҳ имрӯз ба худ номи «Зам-зам»-и Дӯстиро мегирад, ки аллакай таъмир шуда истодааст. Ин осоишгоҳ барои 40 нафар ҷойи кор ва 80 нафар табобатгиранда тамоми шароитеро, ки дигар осоишгоҳҳо доранд, дар ояндаи наздик фароҳам меорад ва ояндаи наздик аз таъмир бароварда шуда, мизоҷонро қабул хоҳад кард. Оби табобатии ин осоишгоҳ аз 1,5 километр дурӣ ва барқ бошад, аз масофаи 8 километр оварда шудааст.

Шералии саховатманд барои дар оянда бо ҷойи кор таъмин кардани 10 сокини деҳаҳои гирду атрофи ин осоишгоҳ, онҳоро аз ҳисоби маблағҳои хеш мехост дар шаҳри Душанбе курсҳои хизматрасониро омӯзонад, аммо волидайн иҷозаи таҳсилро барои якчанд моҳ надоданд. Ӯ маҷбур шуд, ки қисмеро аз маркази ноҳия ва қисми дигарро аз шаҳри Қӯрғонтеппа барои омӯзиш ба Душанбе фиристад, ки аллакай онҳо ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд.

Шералӣ Тоҳиров дар кор саросемагиро намеписандад. Ӯ аз рӯйи мақоли «Дер ояду шер ояд» амал кардан мехоҳад. Худнамоию худписандӣ хоси ӯ нест, ҳатто нахост, то аз натиҷаи кори ӯ ва заҳматаш ба хонанда аксе пешниҳод кунем. Вақте аз ӯ пурсидем, ки «чӣ зарурат дошт дар атрофи осоишгоҳ, ки биёбони пурсангеро мемонд, бо ин қадар заҳмат боғ бунёд кардан», ӯ гуфт, ки «мизоҷон танҳо аз об не, аз меваҳо, ки хусусияти табобатӣ доранд, низ бигзор лаззат баранд».

Шералӣ баъди пурра аз таъмир баровардани осоишгоҳ ва ободсозии ин боғ, дар оянда ният дорад, ки бо мусоидати Ҳукумати кишвар 10 гектари дигари ин замини биёбонро ба боғистон мубаддал созад.

Мо ба ин марди матинирода ва ватандӯст, ки мақсаду маромаш ободии ватан аст, барору муваффақият мехоҳем.

Ҳангомаи ИСМАТ,
Қӯрғонтеппа-Дӯстӣ-Қӯрғонтеппа,
«Хатлон»


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ба эҳтиёҷмандон беш аз 700 гектар замин дода мешавад

Ба эҳтиёҷмандон беш аз 700 гектар замин дода мешавад

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ
Ду бунгоҳи тиббӣ дар Темурмалик

Ду бунгоҳи тиббӣ дар Темурмалик

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ҳавасмандии деҳқон боиси рушди картошкапарварӣ дар ҷануб мегардад

Ҳавасмандии деҳқон боиси рушди картошкапарварӣ дар ҷануб мегардад

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ
Таъмини амнияти озуқаворӣ аз истифодаи самараноки замин аст

Таъмини амнияти озуқаворӣ аз истифодаи самараноки замин аст

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Роҳе, ки «тақдирҷунбон» надорад

Роҳе, ки «тақдирҷунбон» надорад

Ҳаёти иҷтимоӣ, ДАВЛАТБЕКИ КАРИМЗОД