Дар як сатр
» » Вазъи обёрии заминҳо беҳбуд мехоҳад

Вазъи обёрии заминҳо беҳбуд мехоҳад

9-01-2015, 18:34

Вазъи обёрии заминҳо беҳбуд мехоҳадРаиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода сол то сол бад шудани ҳолати мелиоративии заминҳоро яке аз масъалаҳои ҳалталаби соҳаи кишоварзӣ номида гуфт, ки ин мушкил ба рушди соҳа таъсири манфӣ мерасонад.

Ба иттилои Д. Гулмаҳмадзода, соли 2014 ҷиҳати пешгирии аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳои партов ва дигар намуди заминҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои назаррас амалӣ гардида, дар майдони 18941 гектар, аз он ҷумла 1815 гектар заминҳои партов, 8667 гектар заминҳои чарогоҳ, 5730 гектар байни боғу токзорҳо ва 2730 гектар заминҳои азхудкардашуда зироатҳои гуногун кишт карда шуд.

- Гарчанде солҳои охир аз ҳисоби лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба ин мақсад беш аз 14,9 миллион сомонӣ маблағ равона шудааст, вале то имрӯз ҳолати мелиоративии қариб 18,9 ҳазор гектар заминҳои киштшаванда ғайриқаноатбахш боқӣ мондааст, - зикр кард раиси вилоят.

Соли гузашта аз буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят барои беҳ намудани ҳолати мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ 6,5 миллион сомонӣ ироа гардида, ҳолати 4279 гектар замин беҳтар карда шуд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Беш аз 1 миллион сомонӣ ҷарима барои вайронкунии қонунгузории замин

Беш аз 1 миллион сомонӣ ҷарима барои вайронкунии қонунгузории замин

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Обёрии заминҳо беҳбуд меёбад

Обёрии заминҳо беҳбуд меёбад

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Беш аз 7 ҳазор гектар кишт нашудааст

Беш аз 7 ҳазор гектар кишт нашудааст

Иқтисоду тиҷорат, ЗОКИРҶОН МУРОДОВ
Обёрии заминҳои боир ва афзоиши қарзи истифодаи об

Обёрии заминҳои боир ва афзоиши қарзи истифодаи об

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Дастовардҳои Хатлон дар соли 2014

Дастовардҳои Хатлон дар соли 2014

Иқтисоду тиҷорат