Дар як сатр
» » Ҳамкорони мо барандаи Ҷоизаҳои ба номи Лоҳутӣ ва Асрорӣ шуданд

Ҳамкорони мо барандаи Ҷоизаҳои ба номи Лоҳутӣ ва Асрорӣ шуданд

14-03-2017, 11:48

Ҳамкорони мо барандаи Ҷоизаҳои ба номи Лоҳутӣ ва Асрорӣ шуданд

10 марти соли равон дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Душанбе Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил гардид. Дар ин маросим намояндагони тамоми ВАО-и кишвар иштирок намуданд.

Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Маҳмадшариф Бобошоҳзода зимни сухани ифтитоҳӣ зикр намуд, ки нақши ВАО дар пешрафт ва рушди ҷомеа хеле бузург аст.

- Таҷрибаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки телевизиону радио ва матбуот ҳамчун воситаи асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат кунанд, гуфт М. Бобошоҳзода. - Журналистон дар ҷомеаи журналистии кишвар дар инъикоси муҳимтарин масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим доранд. Муҳим нест, ки рӯзноманигорон дар кадом самт: матбуоти давлатӣ ё матбуоти мустақил фаъолият мекунанд. Ҳадафи асосии матбуоти давлативу мустақил вазифаи касбии ҳудро содиқона ва софдилона ба манфиати халқу кишвари худ иҷро кардан аст.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода баён намуд, ки он орзую омоле, ки дастандаркорони «Бухорои шариф» - нахустин рӯзномаи тоҷикӣ - доштанд, имрӯз амалӣ гардид. Миллати тоҷик ба истиқлолият расид ва дар замони соҳибистиқлолии кишвар Тоҷикистон ба рушди бесобиқаи воситаҳои ахбори омма даст ёфт. «Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 359 рӯзнома (104 давлатӣ ва 254 ғайридавлатӣ), 232 маҷалла (105 давлатӣ ва 127 ғайридавлатӣ), 300 матбаа (35 давлатӣ ва 265 ғайридавлатӣ), 44 нуқтаи фурӯши китоб (3 давлатӣ ва 41 ғайридавлатӣ), 70 нашриёт (9 давлатӣ ва 61 ғайридавлатӣ), 11 оҷонсии иттилоотӣ (1 оҷонсии иттилоотии давлатӣ ва 10 ғайридавлатӣ) фаъолият менамоянд. Заминаҳои ҳуқуқӣ барои ташаккули ВАО фароҳам оварда шудаанд. Имрӯз озодии баён, гуногунандешииВАО таъмин гаштааст», - таъкид дошт вазири фарҳанг Ш. Орумбекзода.

Зинатулло Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, гуфт, ки ИЖТ яке аз калонтарин созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ба шумор рафта, беш аз 2300 нафар аъзо дорад ва 400 нафар боз барои узвият ба ИЖТ ҳуҷҷат пешниҳод намудаанд. «Бо қарори анҷумани ИЖТ азнавбақайдгирии аъзои ИЖТ шурӯъ гардидааст ва баъд аз ҷашни байналмилалии Наврӯз ба тамоми аъзои ИЖТ ҳуҷҷатҳои нав супорида мешаванд. Ҳадафи аз нав ба қайд гирифтани аъзои ИЖТ он аст, ки дар ин муддат баъзе аъзои ИЖТ вафот карданд, фаъолияти худро қатъ намуда, ё ба кори дигар гузаштаанд. Инчунин, касбияти намояндагони ВАО яке аз меъёрҳои асосии оинномаи ИЖТ мебошад, аз ин рӯ, сурат гирифтани таҷдиди назар дар иртибот ба узвият дар ИЖТ - ин дар сафи ИЖТ ҷамъ овардани рӯзноманигорони ҳирфаӣ аст, рӯзноманигороне, ки воқеан дар рушди журналистикаи тоҷик нақш доранд ва дар ин ё он расона саҳми назаррас мегузоранд. Мо саъй менамоем, ки бештар журналистони касбӣ аъзои ИЖТ гарданд ва ин талаботи асосист», - афзуд З. Исмоилзода.

Дар идомаи ҳамоиш исми барандаҳои Ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, ки баландтарин ҷоизаи касбии журналистони тоҷик ба ҳисоб меравад, эълон гардид. Ин ҷоиза аз рӯйи чаҳор номинатсия – матбуот, телевизион, радио ва илмӣ-тадқиқотӣ – ба 9 нафар журналистони тоҷик тақдим гардид. Боиси сарфарозии аҳли эҷоди рӯзномаи вилоятии «Хатлон» аст, ки муовини сармуҳаррири рӯзнома Носирҷон Маъмурзода лауреати Ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар бахши матбуот гардид. Ҷоизаи бонуфузи журналистиро ба Н. Маъмурзода вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва раиси ИЖТ Зинатулло Исмоилзода тақдим намуданд.

Ҳамкорони мо барандаи Ҷоизаҳои ба номи Лоҳутӣ ва Асрорӣ шуданд

Ёдовар мешавем, ки Ҷоизаи ҷумҳуриявии ба номи Лоҳутӣ соли 1968 таъсис ёфтааст ва ҳар сол барои беҳтарин дастоварди рӯзноманигорӣ дар Рӯзи матбуоти тоҷик тақдим мегардад.

Дар робита ба Соли ҷавонон ИЖТ имсол тасмим гирифт, ки Ҷоизаи ба номи профессор Воҳид Асрориро ба таври истисноӣ ба 8 нафар донишомӯзони риштаҳои журналистии донишгоҳҳои кишвар тақдим намояд. Хабарнигори ҷавони рӯзномаи «Хатлон» Фаромӯз Бобоев, ки алъон донишҷӯи соли 4-уми ихтисоси рӯзноманигории ДДҚ ба номи Носири Хусрав низ мебошад, барандаи ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ дониста шуд. Ин бори аввал аст, ки донишҷӯи ихтисоси рӯзноманигории ДДҚ бо ин ҷоизаи ифтихории ИЖТ сарафроз мегардад.

Аҳли эҷоди рӯзномаи вилоятии «Хатлон» ҳамкорони ҷоизадори худ Носирҷон Маъмурзода - лауреати мукофоти ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Ҳангомаи Исмат – ғолиби озмуни вилоятии «Неруи сухан» ва Фаромӯз Бобоев – барандаи ҷоизаи ба номи Воҳид Асрориро бо ин дастоварди эҷодиашон табрик гуфта, ба онҳо комёбиҳои тозаи эҷодӣ ва саломатии бардавом орзу мекунанд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Д. Гулмаҳмадзода: «Журналистон ҳимоятгари манфиатҳои миллианд»

Д. Гулмаҳмадзода: «Журналистон ҳимоятгари манфиатҳои миллианд»

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Бузургон дар ситоиши матбуот

Бузургон дар ситоиши матбуот

Хабарҳо, Номаҳои Шумо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Нақши ВАО дар таҳкими Ваҳдати миллӣ»

«Нақши ВАО дар таҳкими Ваҳдати миллӣ»

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҷоизаи «Сухан» ба Аловуддин

Ҷоизаи «Сухан» ба Аловуддин

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Журналистикаи Хатлон: вазъият, тамоюлҳо ва дурнамои рушд» ба чоп расид

«Журналистикаи Хатлон: вазъият, тамоюлҳо ва дурнамои рушд» ба чоп расид

Хабарҳо, Маориф ва илм, КОМРОНИ БАХТИЁР