Дар як сатр
» » «Корвони маърифат» дар меҳмонии сокинони Сарбанд

«Корвони маърифат» дар меҳмонии сокинони Сарбанд

7-03-2017, 10:33

«Корвони маърифат» дар меҳмонии сокинони Сарбанд


Шурӯъ аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон тамоми ташкилотҳо таҳти унвони «Корвони маърифат» ба шаҳру ноҳияҳои вилоят раҳсипор гардида, оид ба таҳким бахшидани сулҳу суботи кишвар, коҳиш додани сатҳи ҷудошавии оилаҳои ҷавон, баланд бардоштани савияи дониш, беҳтар гардонидани саломатии мардум, пешгирии никоҳи хешу таборӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон, пешгирии экстремизм ва терроризм миёни ҷавонон, бо сокинон мулоқотҳои судманд гузаронида истодаанд. Ин навбат «Корвони маърифат» меҳмони сокинони шаҳри Сарбанд гардид.

Нахуст меҳмононро дар даромадгоҳи Ҷамоати деҳоти Гулистони бо карнаю сурнай, шеърхонӣ, рақсу бозӣ ва гулдастаҳо гулдухтарони сарбандӣ, раиси шаҳри Сарбанд Самизода Санавбар пешвоз гирифт.

Баъдан меҳмонон аз намоиши ташкили китоб, маҳсули ҳунарҳои ҷавонон ва дастовардҳои варзишгарони ҷавони шаҳри Сарбанд дидан намуданд.

Бояд гуфт, ки мақсад аз баргузории чунин як чорабинии калон таҳти унвони «Корвони маърифат» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, пеш аз ҳама, боло бурдани ҳисси ватандӯстии сокинони вилоят ва таҳким бахшидани сулҳу суботи кишвари азизамон мебошад.

Иштирокичиёни «Корвони маърифат» тибқи барномаи таҳиянамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Сарбанд ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳот рафта, бо сокинон вобаста ба мавзӯҳои марбут ба гурӯҳҳо, суҳбатҳо оростанд.

Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар бинои Кохи фарҳанги шаҳр бо иштироки 600 нафар ҷавондухтарон 8 оилаи беҳтарини шаҳрро даъват намуда, суҳбат оростанд. Ва бо барномаи фарҳангӣ хотири иштирокдоронро шод гардониданд.

«Корвони маърифат» дар меҳмонии сокинони Сарбанд

Маврид ба ёдоварист, ки Раёсати тандурустии вилоят «Корвони саломатӣ» - ро дар доираи «Корвони маърифат» дар Ҷамоати деҳоти Гулистон барои эҳтиёҷмандон ба таври ройгон ба роҳ монд. Танҳо то нисфирӯзӣ 700 нафар аз сокинони ҷамоати мазкур аз ташхиси тиббӣ гузашта, барои табобаташон маслиҳатҳои муфид гирифтанд.

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и деҳаи Эшонободи Ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳр, аз тарафи намояндагони бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва намояндаи рӯзномаи вилоятии «Хатлон» перомуни «Пешгирии экстремизм ва терроризм» бо мардуми деҳа вохӯрӣ гузаронида шуд.

Дар ин мулоқоти судманд муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода ширкат ва суханронӣ кард.

«Корвони маърифат» дар меҳмонии сокинони Сарбанд

Дар фарҷоми ҷамъомад, ки дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Сарбанд бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода ва раиси шаҳри Сарбанд Самизода Санавбар баргузор гардид, роҳбарони гурӯҳҳои кории «Корвони маърифат» оид ба фаъолияти гурӯҳҳо дар ҳудуди ноҳия изҳори назар намуданд.

Низомиддин ИСОЕВ,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Корвони маърифат»- ро Вахш истиқбол гирифт

«Корвони маърифат»- ро Вахш истиқбол гирифт

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Фарҳанг ва адабиёт, Тандурустӣ ва экология, КОМРОНИ БАХТИЁР
«Корвони маърифат» дар Бохтар

«Корвони маърифат» дар Бохтар

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
«Корвони маърифат» ба Хуросон омад

«Корвони маърифат» ба Хуросон омад

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Фарҳанг ва адабиёт, КОМРОНИ БАХТИЁР
«Корвони Маърифат» аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ шурӯъ мешавад

«Корвони Маърифат» аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ шурӯъ мешавад

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Корвони саломатӣ» ба деҳоти дурдасти Хатлон расид

«Корвони саломатӣ» ба деҳоти дурдасти Хатлон расид

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА